Дар маҷлисгоҳи ноҳияи Сӯх муаррифии барномаи «Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх» баргузор гардид, ки барои солҳои 2026-2028 муқаррар шудааст.
Чанде пеш дар мулоқоти сарвари давлатамон бо фаъолони иттифоқҳои касаба ва собиқадорони он Фарҳодҷон Миршарипов ба намояндагӣ аз шабакаи телевизионии «Сӯх» иштирок карда, дар бораи корҳои сохтмонӣ, таъмир ва созандагӣ дар ноҳияи Сӯх ҳарф зад, ки ба шарофати таваҷҷӯҳи махсуси Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев сурат мегиранд. Президент қайд кард, ки аз мушкилоти рӯзмарраи ноҳияи Сӯх, бахусус, мушкилоти марбут ба роҳҳо ва таъминоти об огоҳ аст ва ба вазорату идораҳои дахлдор дастурҳои мушаххас додааст, то ин мушкилотро фавран ҳал кунанд.
Дар ин замина, гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ бо супориши бевоситаи Президент ба ноҳияи Сӯх ташриф овард. Дар маҷлисгоҳи ноҳия муаррифии барномаи «Рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Сӯх» баргузор гардид, ки барои солҳои 2026-2028 муқаррар шудааст. Дар ин чорабинӣ муовини аввали вазири иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Илҳом Норқулов, муовини аввали ҳокими вилояти Фарғона Мирзоҳид Убайдуллоев, як гурӯҳ роҳбарони идораҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, инчунин намояндагони ҷамоатҳои шаҳрвандон иштирок карданд.
Дар муаррифӣ раванди ислоҳот таҳлил ва дар бораи нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия маълумоти муфассал ироа гардид. Ҳамзамон, нақшаҳо барои ҳалли мушкилоти аҳолӣ – таъминоти оби нӯшокӣ, беҳтар намудани сифати хидмати нақлиёт барои равуо ба маркази вилоят, беҳбудии инфрасохторҳое, ки бар рушди сайёҳӣ ва муҳаррики асосии иқтисодиёти ноҳия мусоидат мекунанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Аз ҷумла, таҳияи нақшаи генералии рушди сайёҳӣ дар қитъаи 5-километраи дарёи Сӯх, «Маркази тиҷоратии ҳамбастагии Сӯх-Боткен», лоиҳаҳои «Сайёҳии тиббии Сӯх» ва лоиҳаҳо дар бахши кишоварзӣ, ки бо ҳамкории ширкати «UzAgroStar Holding» амалӣ карда мешаванд, муаррифӣ шуданд.
Собиқадорон ва соҳибкорони ноҳия низ пешниҳодҳои худро баён карданд. Афзоиши ҳаракати ҳавоӣ ба ноҳия, фароҳам овардани шароит барои густариши фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби ширкатҳо ва сармоягузорони калон барои муаррифии Сӯх ба ҷаҳон аз ҷумлаи таклифҳои онҳо буданд.
Дар ин чорабинӣ инчунин барои ҳалли мушкилоти таъминоти оби нӯшокӣ чораҳои мушаххас муайян шуданд. Дар ин самт як гурӯҳи кории махсус таъсис шуд ва эълон гардид, ки маблағҳои зарурӣ аз буҷаҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ҷудо карда мешаванд.
Илҳом Норқулов, Мирзоҳид Убайдуллоев ва ҳокими ноҳия Саидбаҳром Саидмусаев таъкид карданд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи Сӯх тамоми имкониятҳо сафарбар карда мешаванд.
Ин таваҷҷуҳ ба ноҳияи Сӯх ифодаи ғамхории самимии Президенти мо ба минтақаҳои наздисарҳадӣ ва сарнавишти ҳар як сокини он аст. Принсипи Роҳбари давлат дар бораи он ки «Сӯх қисми ҷудонопазири Ӯзбекистон аст, ҳар як шаҳрванди он барои мо арзишманд аст» ба кори амалӣ табдил ёфтааст.
Имрӯз дар Сӯх давраи нави рушд, навсозӣ ва шукуфоӣ оғоз ёфт. Ин таваҷҷуҳ, ин ғамхорӣ устувор хоҳад буд ва ҳамчун заминаи ояндаи минтақа, ба ҳаёти ободу шукуфон хидмат хоҳад кард.
Ҷаҳонгир Собиров,
барандаи шабакаи телевизиони Сӯх.
Вилояти Фарғона.