Ҳар як сохтор, ташкилот, идора, ҷамъият ва муассиса дар ҳаёти ҷомеа ё мамлакат мақому вазифаи худро соҳиб аст. Мақсад аз таъсиси Федератсияи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони ҷумҳурӣ ва шуъбаҳои минтақавии он низ кумакрасонӣ ба аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо мебошад.
Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон» 26 апрели соли 1996 қабул шудааст. Соли 1997 нахустин Ҳаракати иҷтимоии ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон дар ноҳияи Шайхонтоҳури шаҳри Тошканд ҳамчун ҷамъият ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони ҷумҳурӣ бошад, соли 1999 сабти ном гардидааст ва аз соли 2000 ҳамчун Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони ҷумҳурӣ фаъолияти худро идома додааст.
Федератсия дастгоҳи марказии сохтор буда, он ҳамаи иттиҳодияҳои минтақавӣ ва шуъбаҳои онҳоро дар шаҳру ноҳияҳо муттаҳид намудааст. Масалан, дар вилояти Фарғона Иттиҳодияи минтақавии вилояти Фарғона созмон ёфта, он 19 ҷамъияти ноҳиявиро дар ихтиёр дорад.
28 ноябри соли 2002 қарори Девони Вазирон «Дар бораи чораҳои тавсеаи иштироки намояндагони ҷамъиятӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон» қабул гардид, ки имзои ин ҳуҷҷат корҳоеро, ки бобати рушди соҳа амалӣ мегарданд, ба марҳилаи нав баровард.
Дар ин маврид беихтиёр саволе ба миён меояд: мақсад аз таъсиси Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон чӣ буд? Шуъбаҳои минтақавии онҳо чӣ гуна вазифаҳоро иҷро мекунанд?
Бояд гуфт, ки ҳадаф ва вазифаҳои федератсия ва шуъбаҳои минтақавии он аз тарғиби қонунҳои ҷорӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолгарон дар байни аҳолӣ, назорати бозори дохилӣ, мониторинги бехатарӣ, сифати молу хидматҳо, афзунсозии фарҳанги истеъмолӣ ва дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, кумак расонидан ба истеъмолкунандагон ҳангоми халалдоршавии ҳуқуқҳои онҳо ва монанди ин иборат аст.
Ҳоло дар вилояти Бухоро низ Иттиҳодияи минтақавии федератсия ва дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон амал мекунанд.
– Ҳоло дар иттиҳодияи минтақавии федератсия ва 13 шуъбаи он ҷамъ 39 нафар кор мекунанд, – иброз дошт раиси Иттиҳодияи ҳудудии федератсия дар вилояти Бухоро Ҷаҳонгир Мутахаров. – Дар 47-то гурӯҳҳои такягоҳии маҳалла, корхона, ташкилоту муассисаҳои таркиби ҷамъиятҳо ҷамъ 41950 нафар аъзо ба қайд гирифта шудааст. Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти истеъмолии аҳолӣ 1583 чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ гузаронида шуд. Инчунин, тавассути телевизиону радио 358 маротиба баромад кардем. Дар саҳифаҳои расмии федератсия 325-то, дар нашрияҳои ҷумҳурӣ 39-то, нашрияҳои чопии маҳаллӣ ва интернет 319-то мақола дарҷ гардид.
Бино ба таъкиди Ҷ. Мутахаров дар ин муддат тавассути телефони боэътимоди прокуратураи генералӣ 7-то, бо телефони бовариноки федератсия (бо рақами кӯтоҳи 1091) 17-то, тариқи боти махсуси телеграмӣ 4-то ва бевосита аз ҷониби ҷамъиятҳои шаҳру ноҳия 333-то муроҷиати истеъмолкунандагон қабул гардида, ҷиҳати ҳалли онҳо чорабиниҳо андешида шуд. Дар натиҷа ҷамъ 329 муроҷиат ҳалли худро ёфта, қариб 2 миллиарду 200 миллион сӯм зарари моддӣ ба фоидаи истеъмолгарон ситонида шуд. Ғайр аз ин, ба мақомоти суд ҷамъ 16 аризаи даъво тақдим гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кории иттиҳодияи вилоятӣ ва ҷамъиятҳои минтақавӣ мувофиқи фармоиши федератсия 10 маротиба, дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҳокимияти вилоят 9 маротиба, ба тарзи умумӣ 19 маротиба дар соҳаҳои гуногун чорабиниҳои санҷишӣ-омӯзишӣ гузаронида шуд ва аз рӯйи ҳолатҳои ғайриқонуние, ки муайян шуданд, ба ташкилоту идораҳои мутасаддӣ маълумотнома тақдим гардид.
– Чанде пеш сокини шаҳри Бухоро З.Д. ба мо муроҷиат карда гуфт, ки ба маблағи 8 миллион сӯм аз дӯкони «Х.С» мебели мулоим харидааст, – гуфт Ҷ.Мутахаров. – Вақте онро ба хона мебарад, бесифат будани он маълум мешавад. Мехоҳад мебелро баргардонад, аммо соҳиби мағоза қабул намекунад. Сипас, ба Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони шаҳри Бухоро муроҷиат мекунад. Ҳарчанд муроҷиат даҳонӣ буд, кормандони мо масъаларо ҳал карданд. Соҳиби дӯкон мебелро иваз карда дод. Чунин ҳолат бо сокини ноҳияи Ғиждувон Б.Р. низ рух дод. Ӯ аз дӯкони техникаи маишӣ бо маблағи 1 550 000 сӯм телевизор мехарад ва ҳангоми истифода нуқсону норасоиҳои он маълум мешавад. Аз рӯйи ҳолат ба Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони ноҳия муроҷиат мекунад. Кормандони мо масъаларо омӯхта, ҳаматарафа асоснок будани онро муайян карданд. Ҳамин тариқ, телевизори вайрон бо наваш иваз карда шуд.
Ҳолати дигаре, ки раиси Иттиҳодияи ҳудудии федератсия дар вилояти Бухоро Ҷаҳонгир Мутахаров нақл кард, бо пеш омадани мушкилот ҳангоми пардохт бо картаи пластикӣ вобаста аст. Тибқи он, сокини шаҳри Когон Р.Р. автомобили худро дар истгоҳи нақлиётии ҳудуди бозори деҳқонии ноҳияи Когон гузошта, аз пайи кори худ меравад ва ҳангоми бозгашт аз сабаби надоштани пули нақд дар ҷайб, мехоҳад пули истгоҳро аз карта пардохт намояд. Вақте картаро ба назоратчии истгоҳ медиҳад, ӯ эътироз менамояд. Истеъмолгар барои мушаххас кардани ҳолат, маҷбур ба Ҷамъияти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарони шаҳри Когон муроҷиат кардааст. Бо дахолати кормандони ҷамъият муроҷиат тибқи меъёрҳои қонунгузорӣ баррасӣ гардида, ҳуқуқи истеъмолгар ҳифз ва ба нозирони истгоҳи нақлиётӣ паҳлӯҳои ҳуқуқии масъала фаҳмонида шудааст.
Бо як сухан, Федератсияи ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолгарон воқеан, такягоҳи боэътимоди шаҳрвандон дар ҳалли мушкилоти марбут ба маҳсулоти бесифат, хидматрасониҳои нокифоя ва ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқҳои истеъмолӣ мебошад. Федератсия ва шуъбаҳои минтақавии он на танҳо ба ҳалли мушкилоти амалӣ машғуланд, балки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маданияти истеъмолии аҳолӣ низ корҳои шоистаро анҷом медиҳанд.
Аз мисолҳои воқеии овардашуда маълум мегардад, ки фаъолияти ин иттиҳодия танҳо дар сухан нест, балки дар амал ба манфиати мардум равона шудааст. Кӯшишҳои пайваста, заҳматҳои содиқона ва фаъолияти босамару масъулонаи кормандони федератсия боис мегардад, ки ҳар як шаҳрванд боварӣ ҳосил намояд: агар маҳсулот бесифат бошад ё ҳуқуқҳояш поймол гардад, ӯ танҳо нест. Пуштибони боэътимод дорад. Қонун, ҷомеа ва намояндагони фаъолу адолатпарвари федератсия ҳамеша дар паҳлӯяш қарор доранд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.