Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати соҳибкорони иёлати амрикоии Ютаро, ки иборат аз пирони Калисои Исо Масеҳ — Дэвид Беднар ва раиси Бунёди байналмилалии хайриявии «Stirling» Майлс Ҳансен ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот инчунин сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ӯзбекистон Ҷонатан Ҳеник иштирок намуд.
Зимни мулоқот дурнамоҳои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо иёлати Юта дар заминаи густариши динамикаи шарикии стратегии Ӯзбекистон ва ИМА баррасӣ гардиданд.
Бо қаноатмандӣ зикр шуд, ки байни Ӯзбекистон ва иёлати Юта робитаҳо ва табодули фаъол ба роҳ монда шудаанд. Лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои рақамисозӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ оғоз ёфтаанд.
Таъкид гардид, ки барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои инноватсия, саноати кӯҳӣ, соҳибкории занон, маорифи фарогир, тандурустӣ, таъминоти об ва санитария имкониятҳои бузург мавҷуданд.
Дар поёни мулоқот тавофуқ ҳосил гардид, ки барои рушди робитаҳои байниминтақавӣ сафари ҳайати расмӣ таҳти роҳбарии губернатори иёлати Юта ба Ӯзбекистон ташкил карда шавад.