Ангури Ӯзбекистон дар мағозаҳои маъруфи Токио

Аз моҳи ноябри соли равон ангури Ӯзбекистон бори аввал дар мағозаҳои «AEON Shinonome» ва «AeonStyleShin-UrayasuStore» ба фурӯш гузошта шуд.

Ин мағозаҳо ба ширкати ҷопонии «AEON» мансубанд, ки яке аз шабакаҳои бузург ва бонуфузи чаканафурӯшии кишвар маҳсуб меёбад.

«AEON» — як корпоратсияи бузурги ҷопонӣ буда, дорои ҳазорҳо супермаркет ва марказҳои савдо мебошад ва дар хариди ҳаррӯзаи аҳолии кишвар нақши калидӣ дорад. Маҳсулоте, ки дар шабакаҳои он фурӯхта мешавад, бо сифати баланд ва боэътимодаш фарқ мекунад.

Ба ин тартиб, фурӯши ангури Ӯзбекистон дар мағозаҳои «AEON» бори дигар нуфуз ва рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзии ватаниро дар бозори Ҷопон нишон медиҳад.

Пештар дар бозори Ҷопон тарбуз ва анорҳои Ӯзбекистон низ ба фурӯш гузошта шуда буданд. Ҳоло корҳо бобати содироти лимӯҳои Ӯзбекистон идома доранд.

АИ «Дунё»,

ш. Токио.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: