Ваҳдати Осиёи Марказӣ — пойдевори адолати иҷтимоӣ ва рушди устувор

Мақолаи Роҳбари давлатамон «Осиёи Марказӣ дар остонаи даври нав»-ро хонда, пай мебарем, ки ҳамкориҳои минтақавӣ ба марҳилаи нав баромада, дар онҳо иродаи сиёсие инъикос мегардад, ки ба дарки сарнавишти муштарак ва ояндаи ягона асос ёфтааст.

Дар ин мақола на танҳо дастовардҳои таърихии солҳои охир фарогирона таҳлил шудаанд, балки ҳадаф ва вазифаҳои бузурге, ки дар пеш дорем, низ дақиқ муайян гардидаанд.

Барои Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»  сиёсати прагматикӣ ва устувори роҳбари давлатамон, ки ба таҳкими фазои ҳамсоягии нек, эътимоди мутақобила ва шарикии стратегӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст, ҳамеша аҳамияти махсус дорад.

Зеро, тавре Президенти мамлакат таъкид карданд, ин равандҳо “натиҷаи кӯшишҳои ҳадафмандона ва иродаи сиёсӣ аз ҷониби роҳбарони кишварҳои мо мебошанд, ки тақдири умумӣ ва қобилияти рушди муштараки худро амиқан дарк кардаанд”.

Дар мақола таъкид шудааст, ки ба «натиҷаҳои мушаххас ва имтиёзҳои равшан барои шаҳрвандон ва соҳибкорон» табдил додани созишҳои бадастомада вазифаи стратегӣ мебошад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати минтақавӣ пеш аз ҳама ба манфиати одамони оддӣ хидмат мекунад.

Яке аз муҳимтарин дастовардҳои солҳои охир, бешак, ҳалли ниҳоии масъалаҳои марзӣ мебошад.

Тавре Президенти кишвар зикр намуданд: «марзҳое, ки замоне моро аз ҳам ҷудо мекарданд, ба пули дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил ёфтанд».

Шартномаи сеҷонибаи байни Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин ҷорӣ гардидани гузар аз марз бо истифодаи ID-кортҳо халқҳои моро боз ҳам наздиктар сохт.

Ин бошад, дар навбати худ, барои таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, осон кардани равуои шаҳрвандон ва амиқтар шудани ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ роҳҳои васеъро боз намуд.

Дар мақола махсус таъкид шудааст, ки мушкилоти печидаи солҳои тӯлонии соҳаи обу энергетика низ дар асоси ҳамкорӣ, эътимоди мутақобила ва муносибати одилона ҳал мегарданд. Лоиҳаи «Неругоҳи барқи обии Қамбарота-1», ҳамкориҳо дар сохтмони НБО-ҳои «Ёвон» ва «Фондарё» гувоҳи маданияти баланди сиёсӣ ва масъулияти кишварҳои дӯсту бародар дар истифодаи оқилонаи захираҳои умумӣ мебошанд.

Нишондиҳандаҳои иқтисодӣ низ самаранокии ин равандҳоро тасдиқ мекунанд: маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақа ба 520 миллиард доллар ва ҳаҷми савдои мутақобила ба 11 миллиард доллар расида, натиҷаҳои амалӣ доштани сиёсати прагматикӣ ва созандаро инъикос менамоянд.

Ин бошад, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҳкими устувории иқтисодӣ ва тақвияти низоми ҳимояи иҷтимоӣ замина фароҳам меорад.

Баҳои баланди Президенти мо ба форматҳои «Осиёи Марказӣ плюс» ва таъкиди он ки минтақаи мо ба иштирокдори мустақилу масъулиятноки муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст, далели он аст, ки сиёсати наздиксозии минтақавии таҳти ташаббуси роҳбари давлатамон оғозёфта имрӯз аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мегардад.

Дар шароити ноустувории геосиёии ҷаҳонӣ, амал кардани кишварҳои минтақа дар сиёсати хориҷӣ бо мувофиқаи пешакӣ ва ҳимояи муштараки манфиатҳо, гарави амнияти умумӣ ва рушди устувори мост.

Ҳамчунин, ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, аҳамияти ҷалби ин кишвар ба раванди минтақавӣ ва нақши лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла «Роҳи оҳани Трансафғон», на танҳо дар самти иқтисодӣ, балки барои таҳкими сулҳ ва субот дар минтақа муҳим арзёбӣ шудааст.

Дар мақола панҷ самти авлавиятнок — амиқсозии ҳамкорӣ, амният, иқтисод, экология ва робитаҳои гуманитарӣ, ки барои оянда муайян гардидаанд, барои мо низ ҳадафҳои барномавӣ маҳсуб меёбанд.

Ҳизби мо дар ҳамаи ин самтҳо, хусусан дар рушди сармояи инсонӣ, таҳсилот, илм, технология ва соҳаи тандурустӣ ҷонибдори тақвияти ҳамкорист.

Боиси зикр аст, ки 80 миллион нафар аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонони боистеъдоди минтақа сармояи умумии мо мебошад. Таъмини таҳсилоти босифат, нигоҳдории саломатӣ ва фароҳам овардани шароит бар пояи адолати иҷтимоӣ барои ҷавонон — бузургтарин ва дурусттарин сармоягузорӣ ба ояндаи Осиёи Марказист.

Хулоса, ин мақолаи Президент бори дигар интихоби бошуурона ва бебозгашти моро барои бунёди Осиёи Марказии Нав тасдиқ мекунад. Ин ифодаи равшани сиёсати "сохтани пулҳо, на деворҳо" байни халқҳое мебошад, ки таърих ва решаҳои муштарак доранд ва минтақаро ба сӯи рушди устувор дар ягонагӣ роҳнамоӣ мекунанд.

Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ин роҳи стратегӣ, модели ҳамкориро, ки ба сулҳ, субот ва фаровонӣ такя мекунад, қотеъона дастгирӣ менамояд. Зеро мо барои равона кардани тамоми неру ва имкониятҳои худ ба сӯи бунёди ояндаи муштараки Ӯзбекистони Нав ва Осиёи Марказии Нав омодаем ва андешаҳо, ки дар ин мақола баён шудаанд, ба мо руҳи тозаву илҳом мебахшанд.

Робахон МАҲМУДОВА,

роҳбари фраксияи Ҳизби СД «Адолат» дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: