Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо сафари давлатӣ ба кишвари мо омад ва сарони давлатҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд–Ҳумо” суҳбат анҷом доданд.
Аз рӯйи масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистон ва Қазоқистон мубодилаи афкор намуданд.
Тибқи барномаи сафар, пагоҳ, 15 ноябр музокироти сатҳи олӣ ва ҷамъомади дуюми Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор мешавад.
Дар доираи нишаст ба кор андохтани лоиҳаҳои бузурги муштарак ва имзои бастаҳои калони ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.