Дар Фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд–Ҳумо” маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, ки бо сафари давлатӣ ба мамлакати мо омадааст, баргузор гардид.
Ба ифтихори меҳмони олимақом парчамҳои ду давлат барафрохта шуданд, қаровули фахрӣ саф орост. Бо иҷрои оркестри ҳарбӣ сурудҳои миллии Ӯзбекистон ва Қазоқистон садо доданд.
Президентҳо Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Шавкат Мирзиёев аз назди қаровули фахрӣ гузашта, аъзои ҳайатҳои расмиро истиқбол намуданд.
Чорабиниҳои асосии сафар пагоҳ, 15 ноябр баргузор мегарданд.