Мақолаи барномавии Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев таҳти унвони «Осиёи Марказӣ дар остонаи даври нав» на танҳо дидгоҳҳои консептуалӣ дар бораи ояндаи минтақа, балки фарҳанги нави тафаккури сиёсӣ ва ҳамкории минтақавиро инъикос мекунад.
Андешаҳои дар он матраҳшуда ба таҳкими минбаъдаи пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарии эътимоди мутақобила, ҳамсоягии нек ва шарикии устувор хидмат мекунанд.
Имрӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нуқтаи муҳими таърихӣ қарор доранд. Тавре Сарвари давлат таъкид мекунад, минтақа дигар майдони рақобат ё тақсимшавӣ нест, балки ба фазое табдил меёбад, ки кишварҳо барои манфиатҳои умумӣ ва тараққиёт муттаҳид мешаванд ва овози мустақили худро доранд. Муҳимтар аз ҳама, ин раванд зери таъсири фишорҳои хориҷӣ не, балки дар натиҷаи иродаи сиёсии роҳбарони кишварҳо ва ормонҳои некбинонаи мардумони мо ба амал меояд.
Ҳамчун намояндаи халқ, махсусан ба тамоюли «сохтани пулҳо, на деворҳо», ки дар мақола матраҳ шудааст, таваҷҷуҳи хоса равона мегардад. Дар солҳои охир ҳалли масъалаҳои марзӣ, лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ ва инфрасохторӣ, роҳандозии форматҳои байналмилалии «Осиёи Марказӣ плюс», муколамаҳо дар самти ҷавонон, занон ва илм — ҳамаи ин нишон медиҳанд, ки эътимоди мутақобил ба натиҷаҳои амалӣ табдил ёфтааст.
Рақамҳои овардашуда низ ифодаи иқтисодии ҳамин эътимоданд: дар ҳашт соли охир ҳаҷми савдои мутақобилаи кишварҳои минтақа ду баробар ва ҳаҷми сармоягузориҳои байниҳамдигарӣ тақрибан шаш баробар афзудааст. Ин меъёри возеҳи самаранокии сиёсати минтақавист.
Ғайр аз ин, муносибати инсонпарварона ва пурмасъулияти Президенти мо нисбат ба масъалаи Афғонистон намунаи ошкорои масъулият оид ба минтақа аст. Фикри «Афғонистон қисми табиии минтақаи мост» баёнгари назари ҳамаҷониба ба суботи Осиёи Марказист.
Илова бар ин, ташаббусҳои дар мақола матраҳшуда, аз қабили консепсияи «Осиёи Марказӣ — 2040», рушди «иқтисоди сабз» ва «трансформатсияи рақамӣ» на танҳо ҳамкории минтақавӣ, балки ҷузъи равшан ва амалӣ аз модели нави Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар рақобати ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо мекунад.
Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки ин мақолаи барномавии Президенти мо харитаи роҳ барои давраи нав дар Осиёи Марказӣ аст, ки бар суботи сиёсӣ, ҳамгироии иқтисодӣ ва манфиатҳои инсонӣ асос ёфтааст.
Имрӯз парлумон ва ҳукумат, инчунин ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ масъулияти дастгирии ин ҳадафҳои стратегиро доранд ва онҳоро тавассути қонунгузорӣ ва ташаббусҳо тақвият медиҳанд.
Зеро, тавре Президент гуфтааст, «Ояндаи Осиёи Марказӣ дар дасти мост».
Ҷавлон АБДУЛЛОЕВ,
депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.