Корҳои тозагӣ чӣ гуна роҳандозӣ шудаанд?

Тозагиву озодагӣ на фақат тимсоли зебоист, балки асоси рушду пешрафти ҷомеа низ ҳаст. Дар гузару маҳаллаҳои аҳолинишини Ӯзбекистони азизи мо, инак чаҳор сол аст, ки чунин тадбирҳои маҷмӯӣ гузаронида мешаванд.

Мутобиқи қарори Сарвари давлат Ш. Мирзиёев аз 2-юми апрели соли 2021 вазифа ва самтҳои асосӣ оид ба истифодаи оқилонаи нерӯ ва захираи шуъбаҳои ободонӣ, ташкили меҳнати дастӣ, инчунин такмил додани соҳаи меҳнат муайян карда шудаанд.

Ин қарор барои ҳар як шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ, аз ҷумла, шаҳри Ҷиззах низ дастури амал мебошад. Шаҳр дар маркази вилоят  ҷойгир аст ва солҳои охир ба таври назаррас ривоҷ меёбад. Роҳҳои нав, боғҳои сабзу хуррам, кӯчаҳои фароху тозаи онро дида дили кас шод мешавад. 

Ҳоло барои навсозии шаҳр, осон кардани ҳаракати нақлиёт ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинон як қатор лоиҳаҳои бузург амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, бо қарори ҳокими вилоят сохтмони роҳ ба масофаи қариб 4 километр бо суръати баланд идома дорад, ки кӯчаҳои Шароф Рашидов ва Сайилҷойи шаҳрро мепайвандад. Корҳои сохтмони онро Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Нурли тӯлқин» анҷом медиҳад. Бинобар гуфтаи роҳбари он Ҳусен Абдуҳамидов барои сохтмони роҳ 30-нафар кормандони ботаҷриба ҷалб  ва бо техникаҳои замонавӣ таъмин гардидаанд. Роҳ мувофиқи технологияҳои нав ва стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад. Дар он, аз ҷумла, роҳҳои пиёдагард барои шахсони имконияташ маҳдуд ва шахсоне, ки бо велосипед ҳаракат мекунанд, низ бунёд меёбанд. Ин корҳоро то ноҳияи Фориш давом медиҳем, – мегӯяд Ҳусен Абдуҳамидов.

Моҳонаи тозагӣ ва озодагӣ нафақат дар марказ ва атрофи шаҳр, балки дар дигар ноҳия ва шаҳрҳои вилоят низ идома доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Фориш ҳам барои ободонии кӯчаву хиёбонҳо корҳои зиёд иҷро мешаванд. Мо бо роҳбари ташкилоти ободонии ноҳия Ҷӯрақулов Хуршед суҳбат кардем. Ӯ дар бораи фаъолияти ходимони ободонӣ маълумоти пурра дод. Мувофиқи шарҳи Хуршед Ҷӯрақулов дар ин ташкилот 18 аъзои раёсат, 7 корманде, ки ба боғдорӣ масъуланд, 21 коркуни тозагӣ, 9 ронанда, 18 электрик, 4 ходими роҳ ва ғайра ҷалб гардидаанд. 154 нафар ба нигоҳубини 77 қабристон масъуланд. Умуман, дар ташкилоти ободонии ноҳия ҷамъ 239 нафар кор мекунанд.

Моҳонаи тозагӣ ва озодагӣ аз ташаббусҳои муҳимест, ки ба баланд бардоштани фарҳанги покизагӣ, зебоӣ ва муҳимаш масъулиятшиносии шаҳрвандон мусоидат мекунад. Аз он нафақат муҳити зист тозаву зебо мегардад, балки ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванди кишвар низ меафзояд. Ободиву покизагии кӯчаҳо, хиёбон ва гузару маҳаллаҳо нишондиҳандаи маърифату маданияти ҷомеа аст. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд барои нигоҳ доштани муҳити тоза ва озодаи манзили зист ҳиссагузор бошад.

Муаттар Абдуева,

магистранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: