Дар шароити рушди босуръати иқтисодиёти кишвар дастгирии истеҳсолоти ватанӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир дар сартосари кишвар корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис меёбанд, ки фаъолияти онҳо ба баланд бардоштани иқтидори иқтисодӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
Дар ҳамин замина, татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ, ба кор шурӯъ намудани корхонаҳои истеҳсоли матоъ ва либосҳои трикотажӣ дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон намунаи барҷастаи рушди саноати муосири Ӯзбекистон мебошад. Шумораи корхонаҳо афзуда, барои инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби соҳибкорон шароит фароҳам оварда мешавад.
ҶММ «АОТех», ки аз ҷониби соҳибкор Одилҷон Исматуллоев таъсис ёфтааст, яке аз калонтарин субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия маҳсуб ёфта, дар муддати кӯтоҳ тавонист дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ ҷойгоҳи худро пайдо намояд. Корхона соли 2017 таъсис ёфта, имрӯз бо зиёда аз 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ фаъолият мебарад, ки бештари онҳо ҷавонон ва занони соҳибкасб мебошанд. Коргоҳ бо таҷҳизоти муосири олмонӣ ва туркӣ муҷаҳҳаз мебошад, ки сифати баланди маҳсулотро таъмин мекунад. Дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолӣ сифат таҳти назорат қарор дода шуда, ҳамчунин ба шаклу намуд ва дизайни либос низ диққати хоса дода мешавад. Ба маҳсулоти истеҳсолшуда, аз қабили либосҳои кӯдакона, занона ва мардона – на танҳо дар бозори ватанӣ, балки дар кишварҳои ҳамсоя низ талабот зиёд аст.
Сифат ва тарҳи замонавии маҳсулотро мутахассисон бо истифода аз ашёи хоми табиӣ ва риштаҳои ҷавобгӯйи стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин менамоянд. Дар баробари истеҳсол, дар корхона ба омӯзиши кадрҳои ҷавон низ диққати алоҳида дода мешавад. Ҳамасола даҳҳо хатмкардагони омӯзишгоҳҳои касбӣ дар ин корхона таҷрибаомӯзӣ намуда, баъдан ба ҳайси дӯзанда, тарроҳ ва технолог фаъолиятро идома медиҳанд.
– Мақсади мо на танҳо истеҳсоли маҳсулоти босифат, балки офаридани бренди миллӣ аст, ки номи кишварамонро дар бозори ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонид, – мегӯяд директори корхона Илҳомҷон Икромов. – Гардиши солона соли гузашта 21 миллиардро ташкил дод. Айни замон вусъат додани ҷуғрофияи содирот ба нақша гирифта шудааст. Ҳадафи мо истеҳсоли маҳсулоти хушсифати арзон мебошад. Қаблан ширкат таҳти бренди «Adib» фаъолият дошт, ҳоло бошад, маҳсулот таҳти бренди «Edanaz» муаррифӣ мешавад.
Корхона дар раванди истеҳсолот аз таҷҳизоти муосир ва ашёи хоми босифат истифода мебарад, ки ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир мусоидат мекунад. Аз марҳилаи ресандагӣ то дӯзандагӣ ва бастубандии ниҳоӣ, ҳама амалиёт дар дохили корхона анҷом дода мешавад. Маҳсулоти корхона, аз ҷумла свитерҳо, либосҳои варзишӣ ва рӯзмарра на танҳо дар бозорҳои дохилӣ, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ харидорони худро пайдо кардаанд.
– Ҳадафи асосии мо рушди истеҳсолоти ватанӣ ва баланд бардоштани сифати маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ мебошад, – мегӯяд устои шуъба Мустафо Қарайилан. – Қаблан мо 3 дастгоҳ ва 6-7 коргар доштем. Бо назардошти имкониятҳо фаъолияти худро инкишоф додем. Дар коргоҳ барои коргарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Кормандон дар се баст фаъолият бурда, бо хӯроки гарм таъмин мебошанд ва рафтуомади онҳо бо нақлиёти хидматӣ ба роҳ монда шудааст.
– Имрӯзҳо дар мамлакати мо ба таъмини шуғли занон ва рафъи мушкилоти иҷтимоии онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар ин бобат корхонаҳои дӯзандагӣ ва трикотажӣ нақши арзанда доранд. Се сол инҷониб дар ин корхона ҳамчун дӯзанда фаъолият мекунам. Аксарияти коргарони мо занону духтарон мебошад. Барои заноне, ки малакаи дӯзандагӣ надоранд, мутахассисон бобати аз худ кардани пеша дасти кумак дароз мекунанд ва дар натиҷа онҳо соҳиби ихтисос шуда, ба даромади оилаашон меафзоянд меоваранд, – мегӯяд Муслима Бобоҷонова.
Ҳукумати кишвар тавассути барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ ва саноати сабук ба рушди чунин корхонаҳо мусоидат менамояд.
Бо татбиқи лоиҳаи нав корхонаи трикотажӣ ният дорад, ҳаҷми истеҳсолотро ду баробар тавсеа дода, тиҷорати мустақими содиротиро ба роҳ монад ва ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварад.
Маҳз ҳамин гуна корхонаҳо имрӯз пояи саноати миллӣ ва ифтихори маҳсулоти кишвар мебошанд. ҶММ «АОТех» бо фаъолияти пурсамари худ дар рушди соҳаи саноати сабук ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати ватанӣ саҳми арзанда мегузорад.
Мағфират МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».