Метрополитени Тошканд, ки дар нимаи дувуми солҳои ҳафтодуми қарни сипаридашуда мавриди истифодаи умум қарор гирифт, «таърих»-и ба ба худ хос дорад.
Дар ҳафт-ҳашт соли охир метрополитени Тошканд доманаи хидматрасониҳо густариш дод. Метро ба муҳимтарин воситаи нақлиётӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони пойтахт табдил ёфт. Назар ба маълумотҳо то соли 2020 адади поездҳое, ки дар самтҳои гуногун ҳаракат мекарданд, 36 адад буд. Вале талабот ба ин навъи мусофиркашони ҳарҷониба мусоид ва бехавф афзуда, зарурати навсозии таркиби ҳаракатҳо ва кӯтоҳсозии интервали байни равуо ба миён омад. Дар панҷ соли охир якчанд таркибҳои нави ҳаракат харида шуд ва ҳоло миқдори поездҳо ба 75 адад расид.
Метрополитени Тошканд, ки дар нимаи дувуми солҳои ҳафтодуми қарни сипаридашуда мавриди истифодаи умум қарор гирифт, «таърих»-и ба ба худ хос дорад. То он вақт Маскав, Санкт-Петербург, Киев, Харков, Тбилиси ва Боку барин шаҳрҳои калони собиқ иттифоқ метро доштанду халос. Кушода шудани метро дар Тошканд нафақат дар ҷумҳурии мо, балки дар Осиёи Миёна чун воқеаи муҳим арзёбӣ мешавад. Ҳар як истгоҳи метро бо зебоиву ҳашамат, ороиши милливу замонавӣ, қасрҳои муҳташами зеризаминиро мемонад ва таваҷҷуҳи бинандаро ба худ мекашад. Барои барпои метро, ки он солҳо танҳо дар самти – «Чилонзор» ҳаракат мекард, тақрибан 50 миллион рубл сарф гардид, ки ин миқдор дар он вақт маблағи хеле калон ҳисоб мешуд.
Баъдтар самти дувум – «Ӯзбекистон» арзи ҳастӣ кард. Барои барпои он, назар ба фактҳо, 80-90 миллион рубл харҷ гашт. Дар ибтидои солҳои 2000 ба истифода супурда шудани хати сеюм – «Юнусобод» чун туҳфаи хуби истиқлолият ба сокинони пойтахт арзёбӣ гашт. Барои ба кор даровардани воситаи нақлиёти ҷамоатии зеризаминӣ дар давраи нав 38 миллиард сӯм харҷ гашт.
Дар ибтидои аср, ҳамин тавр, хатҳои «Чилонзор», «Ӯзбекистон» ва «Юнусобод», ки тавассути риштаҳои мақбули муҳандисӣ ба ҳамдигар васл гардиданд, таркиби метрополитени Тошкандро ташкил намуданд. Дар ин хатҳо барои мусофирон шароити мусоид офарида шуданд, вале бинобар вазъи иқтисодӣ корҳо дар самти «Юнусобод» то охир нарасид. «Шаҳристон» чун истгоҳи охирин қарор ёфт. Мусофироне, ки мехостанд то маркази ноҳия (Юнусобод) раванд, маҷбур буданд боз истгоҳеро бо автобус ё навъҳои дигари нақлиёт тай кунанд. Бинобар ҳамин, самти «Юнусобод» назар ба дигар самтҳои метро камодамтар ба назар менамуд.
Чанд сол қабл дар хати «Юнусобод» боз ду истгоҳ («Юнусобод» ва «Туркистон») сохта шуд. Барпои истгоҳҳои иловагӣ ба тарзи замонавӣ аз мукаммалии тозаи метрополитени Тошканд дарак дод.
Дар бораи созмони боз якчанд лоиҳа ва сохтмони хатҳои нав, такмили муттасили метрополитен ва намуди боз ҳам замонавитар гирифтани он мутахассисони Институти «Тошметролоиҳа» меҳнати зиёд ба харҷ доданд. Яке аз воқеаҳои муҳим дар ҳаёти нақлиёти ҷамоатии пойтахт – барпои роҳи яклухти ҳалқагард буда, дар чаҳор-панҷ соли охир роҳҳои филизии рӯизаминӣ низ мавриди истифода қарор гирифтанд. Барои аз имконоти метрополитен истифода намудани тамоми сокинони пойтахт, ки дар ҳудудҳои гуногуни Чочи куҳан зиндагӣ мекунанд, имконият фароҳам гардид.
Дар шароите, ки миқдори автомобилҳо афзуда, ба амал омадани тирбандӣ ба як ҳодисаи маъмулӣ табдил ёфтааст, истифода аз нақлиёти зеризаминии тезгард ва бехавф аҳамияти алоҳида касб менамояд.
То чӣ андоза мураккаб будани барпои роҳи оҳани зеризаминӣ барои мо маълум. Агар шаҳр дар ҳудуди сейсмикӣ мавқеъ гирифта бошад, таъмини бехавфии, ки эътибори махсусро талаб менамояд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки бунёди роҳҳои филизии рӯизаминӣ низ мураккабии ба худ хос доранд ва дар баробари меҳнати вазнин, маблағи зиёдро талаб менамоянд.
Барои таъмини амнияти ҳаракатҳо ба наздикӣ қисмате аз роҳҳои оҳани рӯизаминӣ ба навсозию таъмир фаро гирифта шуданд. То мавриди истифода қарор ёфтани онҳо дар ҳудудҳои муайян ҳаракати автобусҳои ройгон ба роҳ монда шуд. Таъмини бехавфии экологӣ ҳамеша мавриди эътибори масъулони соҳа аст. Истгоҳҳои рӯизаминиву зеризаминӣ ва дохили вагонҳо то ҳавои тоза дошта бошанд, ускунаҳои намӣ ва беғубории ҳаворо таъминкунанда мунтазам кор мекунанд. Чи дар гармои тобистон ва чӣ дар сармои зимистон иқлим дар метрополитен ҳамеша мусоид. Маданияти хуби хидматрасонӣ мусофиронро қаноатманд менамояд. Вале гоҳо дар баъзе истгоҳҳои серодам, масалан, истгоҳҳои «Пахтакор» ва «Алишер Навоӣ» масъулоне, ки тартиботро назорат мекунанд, бо баландгӯякҳо ба равуокунандагон дағалона муносибат менамоянд. Ҳар як сония дар ҳаракати поездҳо ба ҳисоб аст – бояд таъҷилӣ аз нуқтае ба нуқтаи дигар ҳаракат кард. Бо вуҷуди ҳамин, гоҳо мешавад ҳанӯз пассажирон пурра дохили вагон нашуда, ронандагон якбора дарҳоро мебанданд. Фикр намекунан дар байни онҳо занон, пиронсолон, ногирову кӯдакон ҳам буданашон мумкин. Хуштаккашии сахт ва бемавриди нозирон низ мусофиронро асабвайрон мекунад. Сайёҳони хориҷӣ, ки дар «қасрҳои зеризаминӣ» нақшу нигори меъмории миллиро тамошо мекунанд, аз ин гуна бемаданиятӣ нороҳат мешаванд.
Дар баробари ҳамин саъйҳо барои хидматрасонии боз ҳам хубтар, офаридани қулай ба мардум хушҳолкунанда аст.
Дар қисмате аз истгоҳҳо нуқтаҳои тиҷоратӣ кушода шудаанд. Банкоматҳо бетанаффус кор мекунанд, аз хидмарасонии пайнетӣ низ истифода кардан мумкин, барои қазои ҳоҷат ҳам акнун имконият фароҳам аст.
Ба наздикӣ дар ҳафт истгоҳи метрополитени пойтахт ҳафт нуқтаи китобхонаҳои хурд кушода шуд. Интизор меравад ояндаи наздик дар истгоҳҳои боқимондаи рӯизаминиву зеризаминӣ ҳам ин гуна китобхонаҳо арзи ҳастӣ кунанд.
Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар соли 2026 ба метрополитени Тошканд овардани боз 14 адад таркиби ҳаракат – 56 вагони нав ба нақша гирифта шудааст.
М. Шодиев,
хабарнигори «Овози тоҷик».