Тошканд вазирони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро гирдиҳам овард

  • Тошканд вазирони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро гирдиҳам овард
  • Тошканд вазирони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро гирдиҳам овард
  • Тошканд вазирони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро гирдиҳам овард
  • Тошканд вазирони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро гирдиҳам овард
  • Тошканд вазирони Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро гирдиҳам овард

Дар рӯзҳои охир пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд — ба маркази баргузории мулоқотҳои сатҳи баланд миёни вазирони соҳаҳои гуногуни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон табдил ёфтааст. Ин вохӯриҳо дар арафаи Машварати ҳафтумии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 15-16 ноябр баргузор мегардад, сурат мегиранд.

Дар ҷаласаи нахустини вазирони тиҷорат ва сармоягузории кишварҳои минтақа, ки Озарбойҷон низ ба он ҳамроҳ шуд, масъалаи тавсеаи муносибатҳои иқтисодӣ дар меҳвар қарор гирифт. Лазиз Қудратов, вазири сармоягузорӣ, саноат ва тиҷорати Ӯзбекистон, зимни ифтитоҳи ҷаласа гуфт, ки ҳаҷми гардиши мутақобилаи тиҷоратӣ метавонад то 20 миллиард доллар расонида шавад.

Ин рақам дар ҳолест, ки солҳои 2017–2024 ҳаҷми умумии тиҷорати мутақобила ҳамагӣ қариб 11 миллиард долларро ташкил додааст. Қудратов изҳор дошт, ки бо ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукӣ, ҷорӣ кардани ҳуҷҷатгузории рақамӣ, эътирофи дуҷонибаи иҷозатномаҳо ва татбиқи «равзанаи ягона» расидан ба ин ҳадаф душвор нахоҳад буд.

Дар ҷаласа инчунин пешниҳод гардид, ки соли 2026 дар шаҳри Самарқанд Форуми сармоягузории Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардад. Ин форум бояд ҳамчун платформаи ягонаи таблиғи бренди минтақавии «Made in Central Asia» хизмат намояд.

Ин пешниҳоди Ӯзбекистон аз ҷониби тамоми вазирон пуштибонӣ ёфт. Таъкид шуд, ки татбиқи лоиҳаи озмоишӣ бар асоси платформаҳои тиҷоратии рақамӣ ба рушди ҳамкории иқтисодӣ таъсири мусбат мегузорад.

Сипас, намояндагони Тоҷикистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон низ аз афзоиши гардиши тиҷоратӣ бо кишварҳои минтақа ёдовар шуданд. Муовини аввали вазири иқтисоди Озарбойҷон Элнур Алиев таъкид намуд, ки кишвараш омода аст инфрасохтори нақлиётии худро барои густариши тиҷорати минтақавӣ боз ҳам мустаҳкам созад.

Дар анҷом Изҳороти муштарак ба имзо расид, ки дар он амиқсозии ҳамкории иқтисодӣ, рушди истеҳсоли муштарак ва эҷоди абзорҳои нав барои ҷалби сармоягузорӣ дар марказ қарор гирифтанд.

14 ноябр дар Маркази конфронсҳои байналмилалии «Ӯзбекистон» аввалин мулоқоти вазирони фарҳанги Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар он Озодбек Назарбеков (Ӯзбекистон), Аида Балаева (Қазоқистон), Мирбек Мамбеталиев (Қирғизистон), Матлуба Сатториён (Тоҷикистон), Атагелди Шамирадов (Туркманистон) ва Адил Керимлӣ (Озарбойҷон) ширкат варзиданд.

Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ин ҷаласаро «таърихӣ, муҳим ва зарурӣ» номид. Ба таъкиди ӯ, дар солҳои охир муносибатҳои кишварҳои минтақа дар тамоми соҳаҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд ва ин ҳамкорӣ асоси таҳкими дӯстии халқҳо гаштааст.

Вазир таъкид намуд, ки дар шароити ноустувории геосиёсӣ ва рақобати иттилоотӣ кишварҳои минтақа бояд бештар муттаҳид бошанд. Фарҳанг, ба гуфтаи ӯ, метавонад ба пули воҳиди дӯстӣ табдил ёбад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлуба Сатториён гуфт, ки солҳои охир дӯстӣ ва ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи баланд ва пурмазмун расидааст.

Вай бо эҳтиром аз нақши ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ёдовар шуда, таъкид кард, ки фестивалҳои байналмилалии «Санъати мақом» ва «Таронаҳои Шарқ» дар муаррифии фарҳанги минтақа нақши муҳим мебозанд.

Ба гуфтаи вазир, мақом, гули санъат, на танҳо жанри мураккаби мусиқӣ, балки ифодаи ҷаҳони маънавӣ, хотираи таърихӣ ва зебоишиносии мардум аст.

Матлуба Сатториён изҳор дошт, ки робитаҳои эҷодии байни рассомон, кормандони театр ва зиёиёни Ӯзбекистону Тоҷикистон сол аз сол густариш меёбанд ва чунин ҳамкорӣ дӯстии ду миллатро ба сатҳи сифатан нав мебарад.

Вазирони Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Озарбойҷон низ дар мулоқот фикрҳои худро баён карданд. Ҳама таъкид намуданд, ки фарҳанг дар замони муосир пуриқтидортарин василаи муттаҳидсозист.

Гуфта шуд, ки Ӯзбекистон бо рӯҳияи нав ва равиши муосир дар бунёди ин пул саҳми бузург дорад, ки ба болоравии маънавии тамоми минтақа мусоидат мекунад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: