Ӯзбекистон – диёри фарохдилӣ

Имрӯзҳо дар қаламрави Ӯзбекистони Нав ҳафтаи байналмилалии таҳаммулпазирӣ муташаккилона идома дорад. Дар мактабҳои олӣ ва таҳсилоти ҳамагонӣ, корхонаву ташкилотҳо тадбирҳои пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор мешавад.

Дар толори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов низ дар доираи «Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ» анҷумани хотирнишон ба вуқӯъ пайваст, ки намояндагони ҳокимияти вилояти Самарқанд, шоиру нависандагон, устодону донишҷӯён, пиру барно иштирокдори он буданд.

Роҳбари шуъбаи минтақавии кумитаи оид ба корҳои динии Ӯзбекистон Соҳибназар Боймуродов, шоира Эътибор Маҳмудова, раиси шуъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов ва дигарон оид ба дӯстӣ ва фарохдилӣ ҳарф заданд.

– Самарқанди бостонӣ ҳамешаҷавон на танҳо маркази тамаддуни Шарқ, балки мақоми шаҳри дӯстӣ ва фарохдилиро дорост, – иброз дошт С. Боймуродов. – Дар вилояти мо намояндагони қариб 130 миллатҳо ҳамчун аъзои як оила аҳлу тифоқ зиндагӣ мекунанд. Дар Самарқанд 11 марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва як ҷамъияти дӯстӣ фаъолияти пурсамар мебаранд. Дар қаламрави вилоят 33 мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии миёнаи тоҷикӣ, 106 русӣ арзи вуҷуд дорад. Ба забони модарии мо рӯзномаи «Овози Самарқанд» интишор ёфта, дар ширкати симо ва садои вилоятӣ барномаи «Чашми дил» низ пахш мегардад. Боиси ифтихору хушнудист, ки бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон дар Ӯзбекистони Нав вакилони миллатҳои гуногун зери шиори «бародарӣ – баробарӣ» ҳамдилона ва дар ҳамҷиҳатӣ умр ба сар мебаранд.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: