Илмат ба амал чу ёр гардад...

Муҳаррири бахши адабиёт ва фарҳанги рӯзномаи «Нурли Жол» Арухан Акпанбетова дар озмуни байналмилалии «Қазоқистон аз нигоҳи ВАО-и хориҷӣ» иштирок карда, бино ба номинатсияи «Тарғиби эҷодиёти Абай дар Ӯзбекистон» ғолибиро ба даст овард.

Дар мамлакати мо намояндагони беш аз 130 миллату халқият  ва 16 конфессияи динӣ аҳлона зиндагӣ мекунанд.Таҳти сиёсати оқилонаи Президент Шавкат Мирзиёев таҳкими муҳити таҳаммулпазирӣ ва ҳамҷиҳатӣ, бозомӯзии амиқи мероси  ғании илмиву маънавии донишманд ва мутафаккирони бузург, ки дар рушди адабу  фарҳанги ҷаҳон саҳми шоиста гузоштаанд, корҳои назаррас ба амал татбиқ мешаванд.

Солҳост, ки мо бо таҳририяти рӯзномаи «Нурли Жол» дар шафати якдигар фаъолият дорем. Ҳангоми дар бинои пештараамон (Хонаи матбуот) будан дар як ошёна қарор доштем, Алҳол дар бинои «Навоӣ 30» дафтари кориамон рӯ ба рӯйи якдигар аст. Ҳар рӯз баъди ҳолпурсӣ  ба якдигар барори кор орзу мекунем. Аз комёбиҳои ҳамдигар хушҳол мешавем. Ба қарибӣ  дар баробари вориди коргоҳ  шудан бо Арухан Акпанбетова (муҳаррири бахши адабиёт ва фарҳанги рӯзномаи «Нурли Жол» ) рӯ ба рӯ омадам. Ӯ аз ҳарвақта дида хушҳол менамуд.Чашмонаш медурахшиданд, гӯё хурсандиамро дарёб мегуфтанд. Сабаби хурсандиашро пурсидам.

–Дар озмуни байналмилалии ҳарсолаи «Қазоқистон аз нигоҳи ВАО-и хориҷӣ»  иштирок  карда,  бино ба  номинатсияи «Тарғиби эҷодиёти  Абай дар Ӯзбекистон» ғолибиро ба даст овардам. Боварӣ надоштам, ки  ин мавод арзёбӣ мегардад,– гуфт бо мамнуният Арухан. Аз хурсандӣ  дар чашмонаш ашк ҳалқа мезад. Ӯро модарвор ба оғӯш гирифта, табрик гуфтам. Ба утоқи кориаш даъват намуд то диплому статуэтка ва туҳфаҳояшро бубинам. Хоҳиш намудам, ки ба тафсил нақл кунад. 

– Озмуни «Қазоқистон аз нигоҳи ВАО-и хориҷӣ» соли 2014 оғоз ёфта, соли ҷорӣ дар доираи интихоби зиёда аз 100 мавод аз 30 кишвари гуногун баргузор шуд,–сухан оғоз кард ӯ. –  Ҳайати ҳакамон ҳар сол маводи матнӣ ва видеоиро интихоб карда  дар номинатсияҳои гуногун ҷоизаҳо тақдим мекунанд. Намояндагони нашрияҳои хориҷӣ ва  ВАО аз кишварҳои гуногун  асарҳои худро дар форматҳои гуногун намоиш медиҳанд. Мавзӯи матолиби интиқолдодашуда  таърих, фарҳанг, маориф, сайёҳӣ ва таомҳои миллӣ то муносибатҳои байналмилалӣ, иқтидори сармоягузории Қазоқистонро дар бар мегиранд. Имсол, бо қарори ҳакамон, мақолаҳои журналистон аз Арманистон, Белгия, Ӯзбекистон , Покистон ва  ИМА  дар номинатсияҳои гуногун арзёбӣ гардиданд.  Дар асарҳои худ ғолибони озмун Марианна Мкртчян (Арманистон), Деря Сойсал (Белгия), Муҳаммад Али Паша (Покистон), Мэтт Фитсджералд (ИМА) ва Арухан Акпанбетова (Ӯзбекистон) ҷанбаҳои гуногуни  ҳаёти Қазоқистон, аз ҷумла рақамисозӣ, иқтисод, сайёҳӣ, варзиш, фарҳанг ва таърихи ин кишварро равшан кардаанд.

Дар маросими тантанавӣ муовини вазири корҳои хориҷии ҶҚ Арман Исетов,  директори идоракунандаи гурӯҳи ширкатҳои «Верный Капитал»  Жанболат Усенов, иҷрокунандаи вазифаи раиси идораи ҶС «Нк «Kazakh Tourism» Даниэл Сержанулы ғолибони озмунро табрик гуфта, сатҳи баланди ҳамаи корҳои пешниҳодшуда ва афзоиши доимии шумораи дархостҳои рӯзноманигорони тамоми ҷаҳонро қайд карданд, ки ин аз таваҷҷӯҳи афзояндаи ҷомеаи ВАО-и хориҷӣ ба Қазоқистон шаҳодат медиҳад. Ҳомиёни озмун инчунин ба иштирокдорон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар Қазоқистон вақтхушии хуб таманно карданд ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.   Доираи васеи шарикони пешниҳодшуда бори дигар аҳамияти чорабинии баргузоршударо тасдиқ мекунанд.

Пас аз маросими ҷоизасупорӣ, ғолибони озмун ба бузургтарин форуми байналмилалии технологӣ «Digital Bridge 2025» ташриф оварданд, ки сафари онҳо бо барномаи пурмаҳсули чорабинӣ пайваст. Инчунин, бо мақсади таҳким бахшидани ҳамкории фарҳангӣ ва шиносоии наздиктар бо кишвар, ғолибон дар доираи барномаи фарҳангӣ-таърихӣ аз шаҳрҳои Остона, Олмаато, Чимкент ва вилояти Туркистон дидан карданд. Арухан дар идомаи суханаш гуфт:

– Бароям дидани шаҳрҳои Остона, Олмаато, Чимкент ва зиёратгоҳҳои вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон хотирмон буд. Дар гӯшаи хаёлам набуд, ки бо навиштани як мақола ба чунин дастовардҳо ноил мегардам. Ин ҳама натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев мебошад. Зеро таҳти қарори Сарвари давлатамон «Дар бораи омӯхтан  ва  васеъ тарғиб намудани мероси адабии шоир ва мутафаккири бузурги қазоқ – Абай Қунанбоев» аз соли 2018 дар Ӯзбекистон корҳои назаррас амалӣ мешаванд.

Дар ҳақиқат, шоир ва мутафаккири машҳур –  Абай, ки бо адабиёти форс-тоҷик ошноӣ дошт, бо фикрҳои фалсафии худ на танҳо  ба адабиёти қазоқ, балки ба олами шеърияти туркӣ ҳиссаи бузург гузоштааст. Қарори номбурда ба таҳким бахшидани муносибатҳои ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон, инчунин гузаронидани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ хидмат мекунад. Ҳар сол ба муносибати зодрӯзи ин маърифатпарвари бузург дар Ӯзбекистон чорабиниҳои адабию маърифатӣ баргузор мегарданд. Соли ҷорӣ бахшида ба 180-солагии Абай Қунанбоев  як қатор чорабиниҳои маърифатӣ ва конфронси байналхалқӣ  гузаронида шуданд.

Арухан Акпанбетова, ки дар ноҳияи Берунии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ба дунё омадааст, баъди хатми мактаби зодгоҳаш ба факултети филологияи қазоқи Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқистон ба номи Бердақ дохил шуда, онро соли 2011 бомуваффақият хатм менамояд.  Баъди хатми донишгоҳ дар рӯзномаи «Нурли жол» ба кор шурӯъ кард. Ӯ муаллифи чандин маводи хонданӣ ва очеркҳои адабӣ мебошад. Барои матолиби саривақтиву  хонданияш  соли 2013 ҷоизадори «Журналисти фаъоли сол» гардид. Шеърҳои лирикиаш кайҳо аз қалби рӯзномахонон ҷой гирифтаанд. Асарҳои бадеии Арухан ба маҷмӯаи «Вдохновение сияющей страны» ва «Антология казахских поэтов Узбекистана» дохил шудаанд.

Арухан фарзанди сеюмини оила аст. Падари меҳнаткаши ӯ - Оспан ва модари меҳрубону ҳалимаш-Гулбахша   панҷ нафар фарзандонро ба воя расондаанд. Роҳи зиндагӣ пурнишебу фароз аст, фарзандон аз меҳри модар барвақт ҷудо шуданд.  Шояд меҳнати қарини сарони оила ва меҳрубониву сабурии онҳо ӯро ба дунёи рангини эҷод раҳнамун карда бошад.  Барҳақ гуфтааст шоире:

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Ба Арухан комёбиҳои нав ба нав орзумандем.

Гулҷаҳон Кабирова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: