Ҳунармандии Самарқанд: идомаи анъанаҳои куҳан бо рӯҳияи нав

Солҳои охир ба рушди ҳунарҳои миллӣ эътибори калон зоҳир мегардад. Бо ин мақсад, бар замми чорабиниҳои васеъгардонии фаъолияти ҳунармандон озмуну азназаргузаронӣ ва фестивалҳо ташкил карда мешаванд.

Дар онҳо ҳунармандон эъҷози дастони худро ба намоиш гузошта, паҳлуҳои нав ба нави ҳунарро омӯхта, таҷриба иваз мекунанд. Хӯш, имрӯзҳо ҳунармандони санъати миллии Самарқанд ба чӣ корҳо машғуланд? Барои ҷавоб ёфтан ба ин ва дигар саволҳо мухбири ҷамоатии мо бо сарвари вилоятии Садорати иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и  Ӯзбекистон Умед ҲАКИМОВ суҳбат орост.

– Дар Самарқанди мо аз азал мардуми ҳунарманд бисёр буданд, – дар оғози суҳбат гуфт Умед Ҳакимов. – Онҳо санъати ҳунармандии худро ба фарзанду набераҳояшон омӯзонида, инкишоф додаанд. Дар навбати худ авлоди минбаъдаи онҳо усулҳои ҳунармандиро васеъ гардонида, роҳҳои нав ва мактабҳои худро ташкил кардаанд.

– Ҳоло иттиҳодияи «Ҳунарманд»-и вилояти Самарқанд чанд нафар соҳибкасбонро дар атрофи худ муттаҳид гардондааст? Дар байни ҳунармандон занҳо бисёранд ё мардон?

– Онҳое, ки ҳамчун аъзои иттиҳодияи «Ҳунарманд» аз рӯйхат гузашта, ба фаъолияти соҳибкории тарзи якка машғуланд, 2313 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумораи ҳунармандон 1243 нафарашон мардҳо ва 1070 нафарашон занону духтарон мебошанд. Нисбати занҳо мардони ҳунарманд бештаранд ва онҳо 53,7 дарсади ҳунармандонро ташкил мекунанд. Дар байни ҳунармандон 471 нафар ҷавонон низ ҳастанд, ки ин аз дилбастагии насли оянда ба касбу кори ниёгон гувоҳӣ медиҳад.

– Гап аз хусуси ҷавонон ба миён омад, бигӯед, ки аз қадимулайём ҳар як усто, косиб, ҳунарманд барои идомаи касби худ  шогирд низ мегирифтанд. Ба онҳо асрори касби худро ёд дода, ба барҳам хӯрдани касбу ҳунар роҳ намедоданд.

– Дуруст, анъанаи «Устоду шогирд» дар байни мардуми мо аз қадим вуҷуд дошт ва идома меёбад. Ҳоло 10700 нафар ҷавонону духтарон ба устою ҳунармандони моҳиру ботаҷриба шогирд истода, ҳунари онҳоро меомӯзанд. Онҳо худ устод шаванд, шогирд мегиранд ва ин анъана пойдор мемонад.

– Дар ҳамин ҷо каме дар бораи ба чанд намуд ё самт кор бурдани ҳунармандон низ маълумот медодед...

– Ҳунармандони мо дар 35 самт фаъолияти худро пеш мебаранд. Масалан, дар соҳаи  гулнақши матоъҳо ва чокдӯзӣ дар матоъҳо 388 нафар машғуланд.  577 нафар либосҳои милдлӣ медӯзанд, 407 нафар аз оҳан ҳар гуна асбобу анҷомҳои зарурӣ месозанд. Ҳунари дастони муъҷизаофари 260 нафарро дар маҳсулоти чӯбӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Инчунин, 38 нафар бо кашидадӯзӣ, 54 нафар бо тунукасозӣ, 59 нафар ба тайёр кардани савғотиҳои хотиравӣ, 41 нафар бо кандакорӣ дар санг шуғл меварзанд.

– Кадом намудҳои касбу ҳунар рӯ ба таназзул оварданд? Ё дар оянда хатари аз байн рафтани онҳо вуҷуд дорад?

– Не, мо дар айни замон аз байн  рафтани ягон касбу ҳунарро намебинем, баръакс тараққӣ мекунанд. Хайр, ҳунари қадоқчигӣ ҳоло аз байн рафтааст. Чунки ҳозир ҳеч кас чойнику пиёла ва ё косаву табақи шикастаи худро қадоқ намекунад. Вале мисгарон ҳамон кори худро давом медиҳанд.

– Касбҳои қадима аз нав эҳё шуданашон ҳам мумкин аст?

– Мумкин. Масалан, мо ду усторо ёфтем, ки ҳоло онҳо ба касби читгарӣ машғуланд. Дар болои матои табиӣ нақшҳо мебароранд. Бояд гӯям, ки тамоми корҳои ҳунармандон дастӣ иҷро карда мешаванд. Барои ҳамин талабгоронашон зиёд аст. Масалан, маҳсулоти тайёркардаи ҳунармандони вилояти мо, аз ҷумла маҳсули дастони Асад Мирҷалолов, Холмаҳмад Исматуллоев, Нуъмон Облоқулов, Ҳоҷиқурбон Рустамов, Мавлуда Ҳамдамова, Ҳамида Иноятова, Абдулло Саидов ва дигарон ба ИМА, Германия, Франсия, Туркия, Аморати Муттаҳиди Араб, Малайзия ва ғайра экспорт карда мешавад ва ҳунармандон даромади калон мегиранд.

– Ҳунару маҳорати соҳиби ҳар як касбу кор бештар дар намоишгоҳу фестивалҳо маълум мегардад. Дар ин гуна чорабиниҳо маҳсулот харидорони худро ҳам меёбад. Дуруст мегӯям?

– Албатта. Порсол дар шаҳри Самарқанд намоишгоҳи байналмилалии «Кашидадӯзӣ» ташкил карда шуда буд. Дар он ба ҷуз вакилони кишвари худамону ҳунармандони Осиёи Марказӣ, аз давлатҳои Туркия, Франсия ва Бразилия низ намояндагон иштирок карданд. Дар озмуну фестивалҳои хориҷӣ низ ҳунармандони мо ширкат меварзанд. Моҳи сентябри соли равон дар Қӯқанд фестивали байналхалқии ҳунармандӣ баргузор гардид. Ба он қариб 1000 нафар меҳмонҳо даъват карда шудаанд. Мо низ ба ин чорабинӣ 60 нафар ҳунармандони худро фиристодем, ки баробари намоиш додани молу маҳсулоти худ кор омӯзанд, таҷриба иваз кунанд ва пешравии кори худро ба роҳ монанд.

– 26-уми июни соли ҷорӣ, қарори Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораҳои иловагӣ роҷеъ ба дастгирии соҳаи  коркардабароии ашёи заргарӣ» дар матбуот эълон гардид. Ин қарор, албатта, ба пешравии кори заргарон такони наве мебахшад.

– Бале. Дар иттиҳодияи мо ҳам 94 нафар тадбиркорони тарзи якка ба корҳои заргарӣ машғуланд. Мувофиқи нақша дар оянда иттиҳодияи заргарон алоҳида гардонида мешавад ва он гоҳ коркардабароии ашёҳои заргарӣ зиёд мегардад. 

– Барои пешрафти ҳунарҳои миллӣ дар оянда чӣ хел нақшаҳо доред? Чӣ бояд кард, ки ҳунарҳои миллии мо аз байн нараванд, балки инкишоф ёбанд?

– Дар ин бобат имкониятҳои васеъ мавҷуданд. Тамоми аъзоёни иттиҳодия аз пардохти андоз озоданд.  Дар асоси қарори Президенти муҳтарамамон таҳти рақами 5020 аз соли 2021 дар ноҳияҳои Самарқанд, Пастдарғом, Булунғур, Тайлоқ марказҳои ҳунармандон ташкил карда шуданд. Ҳоло дар ин марказҳо самтҳои кулолӣ, гилембофӣ, кашидадӯзӣ, тайёр кардани либосҳои миллӣ ва маҳсулоти ороишӣ амал мекунанд. Бо ин роҳ барои бо кор таъмин кардани қариб 200 нафар шаҳрвандон имкон пайдо гардид. Ҳар кадоми онҳо ҳоло моҳе 3-5 миллион сӯм маош мегиранд. Имрӯзҳо дар 750 маҳаллаи вилоятамон соҳибкорони ҳунарманд фаъолият мебаранд. Мо ният дорем, миқдори ин хел маҳаллаҳоро ба 86 адад расонем. Зиёд кардани растаҳои ҳунармандии бозорҳо ҳам яке аз мақсадҳои мост. Бо мақсади фурӯши маҳсулоти ҳунармандон дар бозорҳои онлайн  (OZON, WILDBRRIES, Etsy, Amazon, Uzum) молу маҳсулоти худро пешниҳод кардан мехоҳем. Бо дастгирии роҳбарони вилоят дар маҳаллаи Конигил бунёди «Маркази ҳунармандон» ба нақша гирифта шудааст. Он 2,2 гектар масоҳатро фаро мегирад ва баъди сохта ба истифода додани он корҳои ҳунармандони мо бештар пеш мераванд.

Мусоҳиб Бахтиёри ҶУМЪА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: