Ду навъи ҳақиқат дар адабиёт – бадеӣ ва ҳаётӣ

Бе ҳақиқати зиндагӣ ҳақиқати бадеӣ вуҷуд дошта наметавонад, инчунин, бе эътимоднокии бадеӣ худи ҳаётро ба тору пуди асари ҳунарӣ наметавон дохил кард.

Аз ин рӯ, ҳар хонандаи осори бадеӣ (чи назму чи насру драма) бояд ин ду чизи муҳимро аз ҳам фарқ кунад ва донад, ки то чӣ андоза ин ду ҳақиқат бо ҳам дар таносуб қарор мегиранд.

Ҳақиқати бадеӣ аз муҳимтарин қонунмандиҳои эстетикии эҷоди бадеӣ ба шумор меояд. Ин мафҳум дар радифи мафҳумҳои «зебоӣ» ва «халқият» дар таърихи башарият асос ё бунёди зебоишиносии классикӣ ва фалсафаи ҳунарро ташкил додааст. Ин мафҳумро сухансанҷони тавонои ҳунар сифати ҷудонопазири эҷодиёти бадеии асил хонда, онро василаи пуртаъсири фаҳму дарки образнокии асари ҳунарӣ эътироф кардаанд.

Адабиёт ҳамеша аз зиндагии иҷтимоӣ мавод мегирад ва печутоби роҳи онро ба тасвир мекашад. Таҷрибаи эҷодии бузургтарин адибон, ки номгирифти онон чандин саҳифаро пур хоҳад кард, исбот мекунад, ки ҳаловат бурдан аз асари санъат ҳамон вақт муяссар мешавад, ки агар он мундариҷаи ҳаётӣ дошта бошад.

Муҳаққиқи барҷастаи рус В. Г. Белинский ҳамин хислати адабиётро ба эътибор гирифта менависад: «Ҳаловат бурдан кам аст, мо ҳамеша чизеро донистан мехоҳем, яъне, бидуни донишу маърифат ҳаловат маъние надорад».

Маълум, ки дар адабиёти ҳар халқу миллат тибқи фаҳмиши диалектикӣ марҳилаҳое иборат аз рушди босифат ва рукуд арзи вуҷуд мекунанд. Ин нукта ба адабиёти тоҷик низ алоқаманд аст. Ба эътибори бадеияти сухан адабиёти мо шуҳрат дошт, суст шудани пояи ҳунарии кохи сухан ҳусни адабиётро коҳонд.

Пафоси эҷодӣ бошад, ҳамон тавре ки В. Белинский онро шарҳ медиҳад, дар худ ғояи умумии асар ё маҷмӯи ғояҳоро ғунҷоиш медиҳад, ки на дар шакли абстрактию мантиқӣ, балки якҷо бо ҳиссиёт ва шавқу завқи адиби ҳунарманд ба ҳам меоянд.

Ин чиз ваҳдати назари умумии адиб ба зуҳуроти воқеият ва айни замон муносибати муайяне бо ӯст. Ана ҳамин гуна зуҳури пафоси эҷодиро хеле равшану ибратбахш дар тору пуди қиссаи «Пирамард ва дарё»-и нависандаи шуҳратёри амрикоӣ Эрнест Ҳемингуэй ва «Дони ором»-и адиби маъруфи рус Михаил Шолохов ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

Дар асари Ҳемингуэй, ки воқеан аз мабдаи консепсияи одаму олам об хӯрдааст, ба қавли муҳаққиқи барҷастаи адабиёти ҷаҳон Н. К. Гей, «нафаси дунёи бузург, масъалаҳои фоҷиабори асри XX – тақдири инсон ва инсоният, муомилаи шахс бо табиат, ҷамъият ва худаш» ифода шудаанд.

Ҳамин тавр, бидуни мавҷудияти консепсияи ғоявию бадеии асар, ба қавли Муҳаммадҷон Шакурӣ, «ҷамъбастҳои амиқи иҷтимоию фалсафӣ ва кашфи бадеӣ ҳосил намешавад». Дарки моҳияти консепсияи оламу одам чанде аз адибони мардуми навадабиёт, аз қабили Чингиз Айтматов, Расул Ғамзатов, Юхан Смуулро шуҳрати ҷаҳонӣ бахшид.

Барои пешрафти ҷараёни адабӣ ду роҳ ҳаст: бозгардиш ба анъанаҳои суннатии адабии ниёгон, аз ҷониби дигар, – баҳрабардорӣ аз ҷараёнҳои мухталифи адабие, ки дар саросари дунё бо истилоҳоти модернизму постмодернизм, сюрреализм, субъективизм, назарияи информатсионӣ, эволютсионизм, назарияҳои гуногуни мифсозию символистӣ ва ғайра маъруфият доранд. Инҳо заминаи беҳбуди мулки сухан ва тозагӯию навпардозиҳо хоҳанд буд.

Аз он ки асарҳои Фитсҷералду Генри, Мопассану Акутагава барин адибони машҳури дунё инъикоси маҳзи ҳаёт набуда, аз ҷараёнҳои гуногуни адабӣ ғизои маънавӣ бардоштаанд ва то имрӯз заррае қадри хеш накоҳонидаанд, андешаи болоро қувват дода метавонад.

Истифодаи миф тавассути тасвирҳои шартию рамзӣ ба қалам додани рӯйдодҳои зиндагӣ дар эҷоди як гурӯҳ адибони тозаназар – Баҳманёр, Сайф Раҳимзод, Ҷонибеки Акобир, Муҳаммадзамони Солеҳ ва чанде дигар мавқеи устувор дорад. Ин падидаи тоза боиси ривоҷи адабиёти давраи нав гардид.

Ҳар қадар пайкара ба инсони зинда шабоҳат пайдо кунад, ё худ манзараи мусаввир одамони воқеӣ, симои ҳақиқии ашё, манзил ва пейзажро ҷиддӣ аккосӣ кунад, ҳамон андоза арзиши осори номбурдаи ҳунар боло хоҳад рафт.

Ин баррасиро дар мисоли таносуби ҳунари фотографӣ ва манзаранигорӣ ба хубӣ метавон ба мушоҳида гирифт. Ҳатто беҳтарин акс (фотография), ки хеле моҳирона аккосӣ шудааст, наметавонад дар радифи камқурбтарин пейзажи рассом бошад.

Ё худ парвандаҳои ҷиноие, ки муҳофизони ҳуқуқ мураттаб мекунанд, хурдтарин ҷузъиёти ин ё он ҳодисаи ҷиноятиро дар бар мегиранд. Агар асари адабӣ тақлиди маҳзи ҳаёт мебуд, пас он парвандаҳо аз беҳтарин осори санъату ҳунар маҳсуб меёфтанд.

Аммо ин тавр нест ва буда ҳам наметавонад. Он парвандаҳо чун маводи асари бадеӣ хидмат мекунанд, аммо ҳеч умумияте ба асари бадеӣ надоранд. Имрӯз ҳеч кас ба арзиши баланди маънавии асарҳои Свифт, Рабле, Волтер, Франс ва Уэллс шубҳа намекунад, ҳарчанд осори ин адибон воқеияти иҷтимоии Фаронсаву Инглистонро инъикос намекунанд.

Умуман, дар эҷоди адибони машҳур робита бо воқеият хеле мураккаб сурат гирад ҳам, ин гуна мураккабӣ барои ҷамъбастҳои бадеии доманадор монеа намешавад.

Беҳтарин песаҳои классикии юнониву римӣ ва фаронсавӣ, қисмати бештари драмаҳои испанию олмонӣ бо назм эҷод шудаанд ва забони онҳо аз забони умумиистеъмолӣ тафовути ҷиддӣ дорад. Монологи персонажҳо ва ҳам муколамаҳо тавассути шеъри вазну қофиядор сурат мегирифт ва ҳамин зебоии тасвир шукӯҳу азамати асарҳоро таъмин мекард.

«Форсҳо»-и Эсхил, «Шоҳ Эдип»-и Софокл, «Ипполит»-и Еврипид, драмаҳои Плавту Теренсий, «Медея»-и Сенека дар шакли назм эҷод шудаанд. Ё худ «Ифигения»-и Гёте, ки аввал дар шакли наср навишта шуда буд, муаллифро қонеъ накард ва баъдан ба назм баргардонида шуд.

Инъикоси мантиқи зоҳириву ботинии ҳодисаҳои ҳаёт аз мавқеи эстетикӣ ба завқу фаросат ва интуитсияи эҷодии адиб вобаста аст. Навъҳои гуногуни муносибати адибро ба воқеият дар мисоли эҷодиёти нависандагони як даврону як пораи вақт ба риштаи таҳлил кашидан муносибтар аст.

Ду нависандаи маъруф – Карел Чапек ва Франс Кафка дар як пораи замон зиндагиву эҷод кардаанд, воқеияти иҷтимоии як қарнро ҷамъбасти бадеӣ додаанд, аммо пафоси асарҳои онҳо ба дараҷае аз ҳам мутафарриқ аст, ки ду дунёи ба ҳам муқобилро мемонад.

Назари неки Чапек ба зиндагӣ ва сазовори саодат будани инсон ҳам дар «Модар» ва ҳам дар «Ҷанги саламандраҳо» ба мушоҳида мерасад, аммо дар «Мурофиа», ё худ «Дар колонияи ислоҳотӣ»-и Кафка ин руҳия нест, зиндагӣ саропо аз даҳшату ваҳшат иборат буда, инсон чун махлуқи раҳгумзадаву рӯёрӯйи мушкилоти айём нотавону маслуқ ба тасвир омадааст, ҳатто ривояти ӯ дар бораи инсони ҳашаротботин танаффури касро ба зиндагӣ ва бебақоии он ба вуҷуд меорад.

Дар эҷодиёти бархе аз адибони тоҷик низ ҳамин гуна таъсири ҷараёнҳои адабии Ғарб ва Амрикои Лотинро дидан мумкин аст. Қиссаву ҳикояҳои Сайф Раҳимзоди Афардӣ, умуман, руҳияи осори ӯ баҳрабардории адибро аз услубу имкониятҳои мактабҳои гуногуни адабӣ, аз ҷумла, модернизм ошкор мекунанд. «Доғистон» ном ҳикояи ӯ нобасомониҳои рӯзгори мардуми деҳ, фоҷиаи «пахтаву мазор»-ро рӯйи тасвир овардааст.

Гуфтан наметавон, ки дар солҳои 60-80-ум насри бадеӣ аз берангиҳои қолабӣ набаромада буд. Эҷодиёти Ӯ. Кӯҳзод, С. Турсун, Б. Фирӯз, А. Самад ва чанде дигар гувоҳи ҳоланд. Шеваи нави эҷод, бахусус, дар офариниши ҳикоя дар мисоли осори Фазлиддин Муҳаммадиев нимаи дуюми солҳои 50-уми асри XX зуҳур кард.

Нависанда тавассути таҷрибаи эҷодӣ ва ҳунари волои бадеӣ исбот намуд, ки жанри ҳикоя имконоти васеи таҳлили интеллектуалии воқеиятро дорад, ҷиҳати тасвири инсон ба вуҷуд овардани характерҳои барҷастаи адабӣ, зуҳури тафаккури эстетикии қаламкаш аз қиссаву роман кам нест.

Ҳафиз Раҳмон,

адабиётшинос.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: