Ангезаҳо
Духтараки нобиное таманно мекард:
«Парвардигоро, аз ту мехоҳам, ки як бор, барои як лаҳза дидаи биноям бубахшӣ, то боре ба чеҳраи офтобу модарам, ки бас дӯсташон медорам, бинигарам ва бубинам».
***
Ҳакиме дар девори дармонгоҳе навишта буд:
«Одамӣ ба қадри ду чиз замоне мерасад, ки ҳар дуро аз даст додааст: яке тандурустӣ ва дигаре ҷавонӣ».
***
Садои ҷозибаноки амри маъруфи Мулло Зиёратшоҳ ба гӯшам расид:
«Худро бишнос, то Худоро бишносӣ. Аз худ бияндеш, то ба Худо роҳ барӣ».
***
Ӯ қаламамро гирифт ва дар як гӯшаи тақвимам навишт:
«Бидон ва фаромӯш макун, ки ман аз ту гуфтани таронаеро хостаам, таронаи меҳр, таронаи муҳаббат, таронаи садоқат».
***
Падарам мегуфт:
«Бархез аз хоб. Вақт меравад. Вақт бузургтарин неъмати Худованд аст. Пеш аз тулӯъи офтоб бархез. Офаридгорро сипос бигӯю сано бихон, ки фурсатат дод, то рӯзи навро бубинӣ, то як рӯзи дигар зиндагӣ бикунӣ ва ба қадри оламу одам бирасӣ».
***
Аз омӯзгор пурсиданд:
– Агар ягон шогирдатон ба Шумо беэҳтиромӣ зоҳир кунад, аз ӯ меранҷед?
– Не, ман аз худ меранҷам, ки ӯро дуруст тарбия карда натавонистаам.
***
Имоми Аъзам кӯдакеро дид, ки дар гил бимонда. Гуфт: «Гӯш дор, наафтӣ».
Кӯдак гуфт: «Афтодани ман саҳл аст. Агар биафтам, танҳо бошам. Аммо ту гӯш дор, агар поят билағжад, ҳама мусулмонон, ки аз паси ту оянд, билағжанд ва бархостани ҳама душвор бувад».
Таҳияи Э. Собир,
омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.