Президенти Қазоқистон бо ордени «Олий Даражали Дӯстлик» сарфароз гардонида шуд

  • Президенти Қазоқистон бо ордени «Олий Даражали Дӯстлик» сарфароз гардонида шуд

Дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими тантанавии супоридани олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ордени «Олий Даражали Дӯстлик» ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор шуд.

Ҳангоми супоридани ин мукофоти олӣ, Сарвари давлатамон хизматҳои бузурги шахсии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, шарикии стратегӣ ва ҳампайвастагӣ миёни ду халқи бародар махсус зикр кард.

Қайд гардид, ки ба шарофати талошҳои муштарак муносибатҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ба сатҳи бесобиқа расида, ба як намуна табдил ёфтаанд. Парлумонҳо, ҳукуматҳо, вилоятҳо, доираҳои тиҷоратӣ, ҷомеа ва ҷавонон фаъолона ҳамкорӣ доранд. Мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ васеъ мегардад.

Гардиши мол устуворона меафзояд. Лоиҳаҳои бузурги кооператсионӣ дар саноат, кишоварзӣ, энергетика ва соҳаи нақлиёт татбиқ мешаванд.

Кӯшишҳои Қосим-Жомарт Токаев дар пешбурди ғояҳои сулҳ ва рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими фазои эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар минтақаи мо махсус таъкид гардиданд.

Президенти Қазоқистон ба Сарвари давлати мо ва мардуми Ӯзбекистон барои ин мукофоти баланд изҳори миннатдорӣ карда, итминон изҳор намуд, ки муносибатҳои дуҷониба дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳампаймонӣ минбаъд низ таҳким хоҳанд ёфт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: