Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд-Ҳумо» мулоқоти Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, ки бо сафари давлатӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот сарони давлатҳо якдигарро табрик гуфта, дар бораи масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор карданд.
Сипас маросими расмии истиқболи Президенти Туркманистон оғоз ёфт.