Истиқболи тантанавии Президенти Туркманистон баргузор шуд

  • Истиқболи тантанавии Президенти Туркманистон баргузор шуд

Дар Фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд-Ҳумо» маросими расмии истиқболи Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, ки бо сафари давлатӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев меҳмони олимақомро ба шоҳсуфа даъват намуд.

Зери навои оркестри низомӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар иҷро гардиданд.

Қаровули фахрӣ аз назди сарони давлатҳо бо қадамзании тантанавӣ гузашт.

Президентҳо аъзои ҳайатҳои расмиро хайрамақдам гуфтанд.

Чорабиниҳои асосии сафари давлатӣ фардо, 17 ноябр, баргузор мегарданд.

Дар ҷараёни музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Туркманистон ва амиқтар намудани ҳамкориҳои бисёрсамтӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: