Саммити таърихии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд ба анҷом расид.
Тибқи натиҷаҳои Мулоқоти машваратӣ, ки имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо иштироки Президентҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуд, сарони давлатҳо қарор қабул карданд, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқ ба ин формат ҳамроҳ гардад.
Роҳбарони кишварҳои иштирокчӣ дар ҷараёни мулоқот як қатор ташаббусҳои муҳимро баҳри таҳкими минбаъдаи шарикии минтақавӣ ба миён гузоштанд. Дар анҷом ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба ба имзо расиданд.
Дар ҳошияи саммит 15 ноябр Сарвари давлати мо бо Президентҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев, Қирғизистон Садир Жапаров ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқотҳо анҷом дод. Ҳамон рӯз чорабиниҳои асосии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар кишвари мо баргузор шуданд.
Пас аз анҷоми чорабиниҳо дар фурудгоҳи байналмилалии «Тошканд-Ҳумо» Сарвари кишвари мо Президентҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Озарбойҷонро самимона гусел кард. Онҳо ба кишварҳои худ бозгаштанд.
Фардо, 17 ноябр, чорабиниҳои асосии сафари давлатии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов дар кишвари мо баргузор мегардад.