Касби аҷдодиро идома медиҳанд

Рӯзе садои тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Вақте баромадам, дар беруни дар марди хушсарулибосе меистод.

Пас аз салому алайк, ӯ лаб ба сухан кушод:

– Ман аз шаҳр омадам. Аз маҳаллаи шумо хонаи зағирчиро мекобам. Аслан дар деҳаи шумо як хешамон буданд, ки ҳамеша ба мо равғани зағир мерасонданд. Чанде пеш назди писари худ ба хориҷа рафтанд. Барои ҳамин худам омадам, – хиҷолатмандона гуфт мард.

Ба ӯ хонаи ҳамсояамон Обидҷонро, ки равғани зағир омода мекард, нишон дода:

– Муллоака, наход дар шаҳри азими Самарқанд равғани зағир набошад? – бо тааҷҷуб пурсидам.

– Дар шаҳр равғани зағир бисёр, аз Ургут, Қӯшработ ва ҳатто аз Нурато ҳам меоранд. Аммо таъми равғани зағири Равонак дигар аст, – бо як табассуми малеҳ посух дод ӯ.

Вақте мард изҳори миннатдорӣ карда рафт, лаҳзае дар бораи хонаводаи Обидҷон фикр кардам, симои падару модари ӯ – шодравон Каримака ва ҳамсарашро пеши назар овардам. Онҳо на танҳо ба ҳам, балки ба атрофиён низ хеле меҳрубон буданд ва ҳиммату хидматро аз ҳамдеҳагон дареғ намедоштанд.

Зану шавҳар 7 писару 2 духтарро ба воя расонида, онҳоро соҳиби хонаву ҷой карданд, касбу ҳунар омӯхтанд. Аз фарзандон,  ғайр аз усто Раҳимҷон, ки ба ҳақ пайвастааст,  Одилбой – устои гулдаст, Орифҷон – собиқ раиси хоҷагии ҷамоавӣ, ҳоло сарвари яке аз фермерҳои маъруф, Обидҷон – равғани зағиркаш, Олим – кафшергари моҳир, Зокирҷон – фермер, Шокирҷон – пайвандгари пуртаҷриба аст. Ду нафар духтари хонадон шифокор ва чеваранд.

Модарам борҳо ба ману ҳамсарам гуфта буд, ки «Ҳа бачеком, шумоён ҳам мисли ҳамин Каримбою ҳамсараш ба якдигар меҳрубону хушмуомила бошед, оилаи намунавӣ барпо кунед, ҳеҷ гоҳ кумакатонро аз мардум дареғ надоред. Агар чунин амал кунед, албатта, чун онҳо соҳиби иззату эҳтиром мегардед».

Барои Каримака равғани зағиркашӣ касби бобоӣ буд. Асрори зағиркаширо хуб медонист. Агар дар Ургут, Қӯшработ ё дигар ҷой ягон ҷувоз вайрон шавад, зуд назди акаи Карим меомаданд. Ӯ вақт ёфта, пойтеша ва дигар асбобу анҷоми заруриро бо худ мегирифту ба манзили даъватшуда мерафт ва мушкили корафтодаро ҳал мекард.

Аз байн солҳо гузашта, Каримака пир шуданд. Акнун чун пешина ғайрату нерӯи корӣ надоштанд. Барои ҳамин рӯзе маърака ороста, ба мардуми маҳалла ош доданд ва тамоми асбобу анҷоми кориро, ки аз бобояшон мерос монда буд, бо дуои нек ба дасти писарашон Обидҷон супориданд.

Обидҷон аз бачагӣ ба касби падар завқу хоҳиши баланд дошт. Тавре дар урфият «сухан аз забони Луқмон хуш аст» мегӯянд, мо ҳам хостем дар бораи тартиби истеҳсоли равғани зағир, маҳсулоти зарурӣ, асрори хушсифатии равған, бо Обидҷон Ҳасанов суҳбат кунем.

– Барои хушсифату хуштамъ гардидани равған, пеш аз ҳама маҳсулот бояд босифат ва тару тоза бошад, – гуфт зимни суҳбат Обидҷон. – Барои омодасозии равғани зағир дони зағир ва пояи он, кунҷид, ундов, мағзи бодом, писта ва чормағз лозим аст. Ин ҳамаро дар ҷувоз омехта, равған омода мекунем. Бояд гуфт, ки дар ин ҷараён чӯби ҷувоз низ аҳамият дорад. Агар кундаи ҷувоз аз дарахти чормағз бошад, равған хушсифаттар хоҳад шуд.

— Хуб медонем, ки солҳои пеш ҷувозро бо асп мегардонданд...

— Бале, ин кор бо асп анҷом меёфт ва мо ҳаракати якмароми аспро назорат мекардем. Аммо ҳоло мо аз ҷувози барқӣ истифода мебарем, ки ин барои беҳтар гардидани сифату самаранокии кор мусоидат менамояд.

— Шумо шогирд доред?

— Албатта. Яке аз шогирдонам, ки ҳоло чун дасти ростам мададкор аст,  набераи 14-солаам Ҷаҳонгир мебошад. Ӯ касбӣ аҷдодиро хеле дӯст медорад. Имрӯзҳо ӯ дар тамоми корҳо ба ман ёрӣ медиҳад.

Ёдовар мекунем, ки агар оши палав бо равғани зағир омода шавад, ҳазми он барои меъда осонтар мегардад. Иловаи ин равған ба дигар таомҳо низ фоидаовар аст.

Бо як сухан метавон гуфт, ки касби аҷдодӣ барои ин хонавода на танҳо воситаи рӯзгузаронӣ, балки ба рамзи эҳтиром ба гузашта, меҳнатдӯстӣ ва сабақи зиндагӣ табдил ёфтааст. Обидҷон Ҳасанов ва фарзандонаш бо идомаи ҳунари ниёгон исбот кардаанд, ки ҳеҷ арзише болотар аз меҳнати ҳалол ва ҳифзи анъанаи оилавӣ нест. Нигоҳ доштани чунин касбҳо, эҳтиром ба меҳнати гузаштагон ва бозомӯзии онҳо ба наслҳои ҷавон, кафолати пойдор мондани ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои фарҳангиву маънавии мо хоҳад буд.

Шодмон АМОНУЛЛОЕВ,

сокини маҳаллаи Равонаки ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: