Диалектизмҳои луғавӣ ва хусусиятҳои хосаи онҳо

Забони адабӣ дорои шева ва лаҳҷаҳои гуногун мебошад. Шева воситаи муоширату мухобираи маҳалҳои гуногун буда, хусусиятҳои савтӣ (фонетикӣ), дастурӣ (грамматикӣ) ва луғавӣ (лексикӣ)-ро дорост ва бо ин ҷиҳат аз забони адабиву шеваҳои дигар фарқ мекунад.

Лаҳҷа забони зиндаест, ки воситаи мухобира ва мубодилаи афкори сокинони маҳалли муайян мебошад. Шева кулл ва лаҳҷа ҷузъ аст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Паркенти вилояти Тошканд низ тоҷикон маскунанд. Онҳо дар деҳаҳои Бурчимулло, Ходалох (Янгиқӯрғон), Сариқир (Юсуфхона), Қашқо (Юбилейний), Яккатут, Боғистон, Нанай, Полвонак, Майдонтол, Испай, Мулалло, Чакак, Писком (ноҳияи Бӯстонлиқ), Заркент, Навдак, Невич (ноҳияи Паркент) умр ба сар мебаранд.

Олими шевашиноси рус В.С.Расторгуева дар китоби «Опыт сравнительного изучения таджикских говоров» (1964) лаҳҷаҳои забони тоҷикиро ба чор гурӯҳи шева (шимолӣ, ҷанубӣ, марказӣ (мобайнӣ) ва ҷанубу шарқӣ) ҷудо кардааст. Мутаассифона, лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Паркент аз ин таснифот берун мондаанд.

Монанди забони адабӣ лаҳҷаҳо низ дорои таркиби луғавӣ ҳастанд, ки дар он калимаҳои умумихалқӣ, қадима, классикӣ, вомӣ ва хосса (диалектизмҳо) захира гаштаанд.

Дар ин мақола мо кӯшиш кардем, ки мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба диалектизмҳои луғавӣ дар асоси лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои Бӯстонлиқу Паркент иброз намоем.

Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки қисми асосии таркиби луғавии лаҳҷаҳо аз калимаҳои умумихалқӣ иборатанд. Калимаҳои умумихалқӣ қаробати лаҳҷаҳоро бо забони адабӣ таъмин менамоянд. Қисми дигари калимаҳо мувофиқи қонуну қоидаҳои махсуси ин ё он лаҳҷа пайдо шуда, аз ҷиҳати шакл, ифодаи мафҳум ва маънӣ аз воҳидҳои луғавии лаҳҷаҳои дигар ва забони адабӣ фарқ мекунанд ва боиси тафриқаи онҳо мегарданд. Диалектизмҳо ба яке аз лаҳҷаҳо имконият фароҳам меоваранд, то ҳамчун лаҳҷаи ҷудогона ташаккул ёбанд. Яъне бидуни ин гуна калимаҳо мавҷудияти лаҳҷаи ҷудогона ғайриимкон аст.

Олимони лаҳҷашиноси тоҷик дар рисола ва мақолаҳои илмии худ таҳти истилоҳҳои «диалектизмҳо», «лексикаи шевагӣ», «калимаҳои хоси шева», «диалектизмҳои лексикӣ» маҳз чунин калимаҳоро мавриди назар доштаанд. Аз ҷумла, Т.Мақсудов дар китоби «Лексика ва фразеологияи шеваҳои тоҷикони Исфара» (1977), ки ба тадқиқи хусусиятҳои луғавӣ (лексикӣ)-и лаҳҷаҳо бахшида шудааст, хулосаҳои худро дар бораи диалектизмҳо баён карда, баъзе аломатҳои асосии онҳоро зикр намудааст.

Муҳаққиқи лексикаи шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ Ғ. Ҷӯраев дар мавриди аломати асосии диалектизмҳо фикри олими рус Ф.И.Филинро (инкишофи локалӣ ё худ изоглосс доштани диалектизмҳо) тақвият дода, дар китоби худ «Шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» (1980) чунин менависад: «Дар ҳақиқат, калимаи хоси шева (ё гурӯҳи шеваҳо) дар доираи муайян маҳдуд мемонад. Чунин диалектизми лексикие вуҷуд надорад, ки барои ҳамаи шеваҳои тоҷикӣ баробар бошад».

Маводе, ки мо аз лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Паркенти вилояти Тошканд ҷамъ намудем, аз хеле муҳим будани нуктаи болоӣ дар хусуси аломати асосии диалектизмҳо гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҳақиқат, диалектизмҳое, ки дар як лаҳҷа ба мушоҳида мерасанд, тамоми лаҳҷаҳои забони тоҷикиро фаро намегиранд: дар лаҳҷае ба вуҷуд омада, дар ягон лаҳҷаи дигар мавҷудияти худро қатъ менамоянд.

Диалектизмҳо худ маҳсули қарнҳои гузашта буда, ба шароити ҷуғрофӣ, таърихӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ ва шуғли гуногуни соҳибони лаҳҷа вобастаанд. Бо тақозои шароити ҷуғрофӣ ва таърихӣ баъзе лаҳҷаҳо дар захираи луғавии худ як миқдор калимаҳои таърихӣ ва мансухро нигоҳ доштаанд ва аз гурӯҳи дигари лаҳҷаҳо тақозо намудаанд, то ҳодисаҳои навро аз сар гузаронанд. Ва маҳз боқӣ мондани миқдори муайяни калимаҳои таърихӣ ва классикӣ яке аз манбаъ ва сарчашмаҳои пайдоиши диалектизмҳо ба шумор меравад. Масалан, дар лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои Бӯстонлиқ ва Паркент чунин оварда мешавад: са?, се?- чӣ?; апохтол-дӯзах; мӣтин-зоғнӯл, гурунҷ-биринҷ, устира-поку, хинзир-хуки ёбоӣ...

Сарчашмаи дигари пайдоиши диалектизмҳои луғавӣ бо ворид гаштани унсурҳои луғавӣ аз дигар забонҳо рабт дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар лаҳҷаҳои тоҷикони ин ду ноҳия калимаҳо асосан аз забонҳои арабӣ, туркӣ-ӯзбекӣ ва русӣ ворид гаштаанд: тамади, тамадиқ, хало ((халаҷо, маҳр (арабӣ), анҷирной (ржаной), ҷаркоп (жаркое), кесаки (косяк)-русӣ; чакич, қапқоқ, хуҷалик, буғим, (ӯзбекӣ); ахта (муғулӣ); ҷағдай (қазоқӣ)...

Дар заминаи қоидаҳои дохилии лаҳҷаҳо ба вуҷуд омадани онҳо низ аз манбаъ ва сарчашмаҳои муҳими пайдоишу инкишофи диалектизмҳо маҳсуб мешаванд. Дар чунин ҳол диалектизмҳои луғавӣ асосан бо роҳҳои зерин ба вуҷуд меоянд:

а) дар натиҷаи тағйироти зиёди таркиби луғавии баъзе воҳидҳои луғавӣ: чалдивор-чордевор; ҷӯл-ҷувол; испа-суфа, липпа// лиф-нефа; дойват- дуои бад...

б) дар натиҷаи аз решаҳои умумихалқӣ сохта шудани калимаҳои мураккабе, ки аз лиҳози шаклу мазмун хоси лаҳҷаҳои тоҷикони ин ноҳияҳоянд: ҷӯпдона // чупдона-санҷид; намозхонак-номи паррандае монанди куркури карок; ругир-тарма; чойшаб-рӯйҷо; сарйак, десанга-оташдон... в) дар натиҷаи маънои нав гирифтани калимаҳои умумихалқӣ: пиёда-оташдон; ходим-фаррош, сатил-чойҷӯш, нохунак-номи як навъ касалии хар.

Диалектизмҳои луғавӣ дар лаҳҷаҳои ин ноҳияҳо дорои изоглосс мебошанд, бинобар ин онҳоро вобаста ба ҳудуди интишорашон метавон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кард:

1. Диалектизмҳои луғавие, ки барои ҳамаи лаҳҷаҳои тоҷикони Бӯстонлиқу Паркент умумӣ ҳастанд: хари- номи равчӯби асосии бом ё хонаи сохти қадима, яъне бомаш хокпӯш; чойшаб-рӯйҷо; подачи-чӯпон; ғалмас-гули хайрӣ (навъи ёбоӣ).

 2. Диалектизмҳои луғавие, ки ба аксари лаҳҷаҳои тоҷикони ин ноҳияҳо мансубанд: ғуррак-қумрӣ, мусичаи тавқдор; мурсак // минсак-ҷомаи бепахтаи занона (ҷелак); бинак-пуштаки нон, намозхонак-номи паррандае, ки ба куркури карок монанд аст.

3. Диалектизмҳои луғавие, ки ба лаҳҷаҳои тоҷикони яке аз ноҳияҳо хосанд: пичча // пичи-камтар; искал//ускул//сикул-номи буттае аз оилаи настаран; (ноҳияи Паркент); мила// мела -гесӯ; тағна -сипор; сапӣдак // сафедак -номи як атолаи аз пиёзбехи гиёҳе пухташуда (ноҳияи Бӯстонлиқ).

4. Диалектизмҳои лексикие, ки дар як ё чанд лаҳҷаи ҳамонанди тоҷикони ноҳияҳо истифода мешаванд: манак- номи як навъи чойники фулузӣ; биҷирак-мағзи чормағзи равғанаш гирифташуда: чимпашша,сапедпарак, мажғалдак-хомӯшак; пийода, сарйаг, десанга-оташдон; обчимак// обчинак-обмӯрӣ...

Диалектизмҳои луғавӣ аз ҷиҳати сохт, таркиб ва минтақаи паҳншавӣ низ гуногунанд. Ин гуна унсурҳои луғавии лаҳҷагӣ бобати ифодаи маънӣ ва муносибаташон бо забони адабӣ низ якранг нестанд. Аз ин ҷиҳат онҳоро ба тариқи зайл метавон гурӯҳбандӣ кард:

1. Диалектизмҳои луғавие, ки аз лиҳози шаклу мазмун дар забони адабӣ ба назар намерасанд: мурсак// минсак-ҷомаи бепахтаи занона (ҷелак); манак-як навъи чойники тунукагин; мажғалдак// мағилмак// сапедпарак-хомӯшак; чӯпдона// чупдона-санҷид; сарйак-оташдон, рувакчи-фаррош...

2. Воҳидҳои луғавие, ки танҳо аз лиҳози шакл дар лаҳҷаҳои дигар ва забони адабӣ мавҷуданд, вале дар лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои номбурда маънои дигарро ифода мекунанд: ганҷина-анбори кӯчак (Боғистон); гилос-олуболу (Навдак); мурча// мӯрча-ҳаммом; буҳор-тобистон (ноҳияи Бӯстонлиқ); ходим-фаррош(Навдак, Невич); овила-кадуи хом (норасида) (Бурчимулло).

3. Унсурҳои луғавие, ки решаи онҳо дар забони адабӣ ва лаҳҷаҳои дигар мавҷуданд, вале дар лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои мавриди тадқиқ бар замми маъниҳои муқаррарӣ, маънии иловагӣ низ доранд, ки ин ҷо мо маънии иловагии онҳоро овардем: шох-хорбанди атрофи боғ, ҳавлӣ, хоҷагӣ (Боғистон, Нанай, Писком, Заркент); пийода-оташдон, чаман-сифати хари сустгард; чодир-хайма; меш-саноч, хурдан// хӯрдан-нӯшидан (Бурчимулло).

4. Калимаҳое, ки дар забони адабӣ сермаъно буда, дар лаҳҷаҳои тоҷикони ноҳияҳои Бӯстонлиқу Паркент танҳо бо як маънӣ истеъмол мешаванд: нийоз-мӯйи андакест, ки дар қисми болои сар ҳамчун гесӯча мегузоранд; ғайир-одами бадрашк, рамидан -шубҳа кардан (ноҳияи Бӯстонлиқ).

Диалектизмҳои луғавӣ категорияи тағйирёбанда буда, ҷараёни пайдоиши онҳо қатъ намегардад. Аз ҷониби дигар, дар натиҷаи таъсири забони адабӣ, матбуот, воситаҳои ахбор, асарҳои бадеӣ, мактаб ва амсоли инҳо доираи истеъмоли баъзе диалектизмҳо маҳдуд шуда, тадриҷан ҷойи худро ба калимаҳои умумхалқӣ-адабӣ медиҳанд ва баръакс баъзе диалектизмҳо то ба сатҳи калимаи адабӣ мерасанд.

Малик КАБИРОВ,

дотсенти Донишгоҳи давлатии педагогии Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: