Дар давраи гузаштаи соли равон шумораи ташрифи сайёҳон ба вилояти Бухоро аз 6,3 млн. нафар афзуд. Бештар аз 2,2 нафари онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар натиҷаи фароҳам овардани шароити мусоид иқтидори қабули сайёҳон дар Бухорои бостонӣ меафзояд. Дар давраи гузаштаи соли равон шумораи сайёҳон аз 6,3 млн. нафар афзуд. Бештар аз 2,2 нафари онҳо сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Ин натиҷа нисбати соли 2016 14 баробар зиёд аст. Ба ибораи дигар даромад аз сайёҳон дар вилоят ба 614,1 млн. доллари ИМА расида, яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодии вилоят будани сайёҳиро дар амал собит месозад.
То ҳол дар 675 меҳмонхонаи гуногуни (хурду калони) шаҳри куҳан имконияти қабулкунии 17 310 нафар меҳмонон ташаккул ёфт. Танҳо дар давоми 10 моҳи гузашта 85-то меҳмонхона созмон ёфт. 80 ҳазор нафар соҳиби ҷойи корӣ шуданд.
Ба қарибӣ дар вилоят боз як хурсандӣ рух дод. Аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ меҳмонхонаи нав бунёд гардида, ба истифода дода шуд. Ин бинои ҳаштошёна, ки дорои 112 хона ва 224-то ҷой аст, дар кӯчаи «Ғиждувон»-и шаҳр ба ивази 15 миллион доллари ИМА қад боло кард. Меҳмонхонаи сеситорадори «Ramada Encore by Wyndham»-ро бинокорони ширкати «International Hotel Service» сохта, ба истифода супурданд.
Баробари меҳмонхона объектҳои толори конфронсҳо, ҳавз, макони варзишу солимгадонӣ, тарабхонаҳо низ фаъолият нишон медиҳад. Бо шарофати меҳмонхонаи нав 100 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Дар маросими кушодашавии меҳмонхона ҳокими вилоят Б. Зарифов иштирок кард ва гуфт, ки ин аввалин меҳмонхонаест, ки бо бренди идоракунии хориҷӣ дар асоси қолабҳои ҷаҳонӣ дар диёрамон ба фаъолият оғоз намудааст.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.