Парчами давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз муқаддастарин рамзҳои миллист, ки ҳастии давлат, ҳамҷиҳатии мардум ва ананаҳои миллӣ дар он таҷассум меёбад.
Ҷашни Рӯзи парчами давлатӣ, ки ҳамасола 18 ноябр баргузор мегардад, барои мардум эҳсоси эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ватанпарастӣ ва саҳмгузорӣ ба таърихи давлатдорӣ мебошад.
Парчам танҳо як рамзи зоҳирӣ не, балки он таърихи чандинҳазорсола дорад. Барафрохтани парчами миллӣ дар рӯзи истиқлол, дар муассисаҳои давлатӣ, дар арсаҳои байналмилалӣ ва маросимҳои миллӣ нишон медиҳад, ки давлату миллат бо боварӣ роҳи рушди худро идома медиҳанд. Ба ҳамин хотир, эҳтиром ба парчам ва риояи меъёрҳои давлатӣ ба як қисми фарҳанги ҷомеа табдил ёфтааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми рамзҳои давлатӣ боз ҳам баланд гардид. Парафшонии парчам бар болои биноҳои давлатӣ, дар майдонҳо ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқи ватандӯстӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандиро тарбия менамояд. Имрӯз он дар баробари нишонаи қудрату рӯшд, инчунин рамзи сулҳ, ҳамбастагии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Маънои амиқи парчам дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар худро дар назди он масъул эҳсос мекунад: масъул барои ҳифзи сулҳу оромӣ, масъул барои инкишофи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, масъул барои идомаи роҳе, ки миллат то ба имрӯз расидааст. Парчаме, ки имрӯз дар ҳамаи идораҳо, муассисаҳо ва марказҳои илмиву фарҳангӣ парафшон аст, бозгӯи он мебошад, ки Ӯзбекистони соҳибистиқлол ҳамчун давлати мустақил, рӯ ба рушд дар арсаи байналмилалӣ мавқеи устувор пайдо кардааст.
Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо як маросими идона, балки як лаҳзаи бозбинӣ ва таҳкими худшиносӣ аст. Дар ин рӯз наслҳои ҷавон аз таърихи рамзҳои миллӣ, аз мардони далеру фарзандони содиқи миллат, ки барои муҳофизати кишвар талош кардаанд, дарси ибрат мегиранд. Ба наслҳо фаҳмонда мешавад, ки ҳифзи парчам – ҳифзи давлат аст, ва эҳтиром ба он – эҳтиром ба миллат ва ояндаи он мебошад.
Имрӯз Ӯзбекистони азиз таҳти сояи ин парчами муқаддас ба сӯи рушди устувор, якҷоягӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории ҳозира қадам мегузорад. Ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар вазифадор аст, ки ин рамзи муқаддасро бо ифтихор ҳифз карда, ба арҷгузории он ҳамчун қисми ҷудонашавандаи худшиносӣ ва ватандӯстӣ муносибат намояд.
Парчами давлатӣ рамзи он аст, ки миллати мо бо ёдоварӣ аз гузаштаи пурифтихор, дар замони ҳозира бо боварӣ зиндагӣ карда, барои ояндаи дурахшон талош мекунад. Ин рамз ҳамеша моро ба сулҳ, садоқат ба Ватан даъват мекунад.
Шоҳсанам Йӯлдошева,
донишҷӯйи Донишкадаи давлатии соҳибкорӣ ва омӯзгории Денов.