Табиат китобест, ки ҳар саҳифааш пур аз ҳусну зебоӣ ва саршор панду ҳикмат аст.
Вай модари меҳрубонест, ки тамоми мавҷудоти зинда, аз ҷумла инсонро бо обу ҳаво, ғизо ва дигар неъматҳои бебаҳо таъмин мекунад. Аммо инсон, мутаассифона баъзан аз ин меҳрубонии табиат сӯиистифода мекунад, фаромӯш месозад, ки бидуни табиат зиндагӣ ғайриимкон аст. Табиат ба мо танҳо ғизо не, балки боз рӯҳу илҳом ва оромиш мебахшад. Аз ин лиҳоз дар инсон муҳаббат нисбати табиат бояд мисли муҳаббат ба модар бошад, зеро табиат ҳам ҳаётбахш аст.
Аз ҳамин сабаб ҳифзи табиат вазифаи ҳар як шаҳрванди соҳибдилу соҳибмаърифат мебошад. Падару модарон бояд дар фарзондонамон эҳсоси муҳаббат ба табиатро бедор ва подор бикунанд. Инсон бояд аз хурдӣ донад, ки гулро беҳуда набояд канд, обро набояд ифлос кард ва дар маҷмӯъ табиатро бояд ҳифз намуд. Ҳифзи табиат аз шинондани як ниҳол, тоза нигоҳ доштани як ҷӯву як гӯшаи кӯча оғоз меёбад.
Табиат зебост, агар мо онро доимо тоза нигоҳ дорем. Ҳар як дарахти сабз, ҳар як парандаи болафшон ва ҳар як қатраи борон хотиррасон мекунанд, ки мо меҳмони ин дунё ҳастем на соҳибаш.
Биёед, табиатро, ҳаётро дӯст дорем, зеро дӯст доштани табиат маънии дӯст доштани ҳаётро дорад. Агар замин поку ҳаво соф ва об тоза бошанд, инсон ҳам ҳамеша хушбахт ва солим зиндагӣ хоҳад кард. Ҳифзи табиат бояд на фақат вазифа, балки амали қарз ва фарзи ҳар як инсон бошад.
Зилола Некмуродова,
донишҷӯи соли чоруми шуъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро.