Барои аксбардорӣ ва наворгирӣ дар бозорҳои пойтахт пардохт ҷорӣ карда шуд

Ҳокимияти шаҳри Тошканд барои аксбардорӣ ва наворгирӣ ба мақсадҳои реклама ва тиҷорат дар бозор ва марказҳои савдо тартиботи навро тасдиқ кард. Акнун чунин хидматрасонӣ барои ҳар соат 5 миллион сӯм муқаррар гардид.

Тибқи ҳуҷҷате, ки дар сомонаи расмии ҳокимияти шаҳри Тошканд нашр шуд, барои омодасозии реклама, клип ё ҳар гуна контенти тиҷоратӣ дар ҳудуди бозор ва маҷмааҳои савдо пардохти ҳатмӣ ҷорӣ шудааст.

Бар асоси тарифҳои нав, хидмати аксбардорӣ ва наворгирӣ барои ҳар соат 5 миллион сӯм муайян шудааст. Ин талабот танҳо бо мақсади таблиғот ва тиҷорат татбиқ мешавад.

Барои сайёҳони хориҷӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ истисно пешбинӣ шудааст — ин талаб нисбат ба онҳо татбиқ намегардад.

Инчунин, дар тарифҳои нав хизматрасониҳо, иҷораи таҷҳизот ва пардохт барри истгоҳи нақлиётӣ низ акси худро ёфтааст.

Тартиби нав аз 18 ноябр мавриди амал қарор мегирад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: