Худсарона кофтани «қудуқ»-ҳо боиси ҷавобгарӣ мешавад

Дар аксарияти деҳоти дурдасту наздишаҳрӣ ва баъзан дар маркази шаҳрҳо (Нурато, Ғозғон) шахсони инфродӣ бо мақсади таъмини оила ва обёрии замини наздиҳавлӣ чоҳҳои амудиро худсарона мекананд. Бо мақсади пешгирии ин ҳодиса ба тартиби истифодаи обҳои зеризаминӣ тағйирот ворид гардида, барои парма кардани чоҳ ва гирифтани об талаботи нав муқаррар шуд.

Об манбаи зиндагии тамоми мавҷудоти олам, сарчашмаи сабзиши табиат ва асоси пешрафти ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, эҳтиром, сарфакорӣ ва ҳифзи он вазифаи ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад. Бо вуҷуди зиёд будани захираҳои обӣ дар сайёра, дар бисёр минтақаҳо, аз ҷумла дар кишвари мо — Ӯзбекистон норасоии оби ошомиданӣ то ҳол чун яке аз мушкилоти муҳим боқӣ мондааст.

Хуб медонем, ки норасоии оби тоза ба рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсири манфӣ мерасонад. Истифодаи оби шӯр барои кишоварзӣ, ниёзҳои хоҷагии деҳот ва бахши саноат имконнопазир мебошад.

Тибқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 600 миллион нафар аз норасоии оби тоза азият мекашанд ва солона беш аз 5 миллион нафар аз истеъмоли оби нотоза ба ҳалокат мерасанд. Яъне, камшавии захираи оби тоза ба тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон, ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кишварҳо, новобаста аз сохтори сиёсиву иқтисодӣ ва вазъи иҷтимоӣ таъсири мустақим мерасонад.

Дар Хатирчӣ чӣ гуна корҳо амалӣ мешаванд?

Бо мақсади ҳалли мушкилоти аҳолӣ ҷиҳати таъмин бо оби ошомиданӣ дар кишвар аз имкониятҳои мавҷуда пурсамар истифода мешавад. Аз ҷумла, дар ноҳияи Хатирчии вилояти Навоӣ таъминоти аҳолӣ бо оби тоза беҳтар гардида, заминҳои лалмӣ ба қитъаҳои обод табдил меёбанд. Ин ташаббусҳо дар асоси қарори Президенти мамлакат аз 1 апрели соли 2025 «Дар бораи татбиқи чораҳои амалии рушди босуръати ҳамаҷонибаи ноҳия (шаҳр)-ҳо, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ интихоб шудаанд» амалӣ мешаванд.

Бар асоси қарори мазкур дар маҳаллаи «Кӯксарой»-и ноҳия баробари таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, дар 300 гектар замини истифоданашаванда боғҳои мева ва ангурзорҳо бунёд мешаванд. Барои ин 10 чоҳи амудӣ кофта шуд, 10 трансформатор насб гардид ва ба масофаи 3270 метр хатҳои барқ кашида шуд.

Ҳамзамон, барои бо об таъмин кардани 370 гектар заминҳое, ки ба шаҳрвандон ба иҷора дода шудаанд, инчунин, истифодаи босамар аз заминҳое, ки обёрӣ мушкил аст, кофтани 15 чоҳи амудӣ, насби 15 трансформатор ва ба масофаи 13 км интиқол додани шабакаи барқ дар назар аст.

Дар 600 гектар чарогоҳҳое, ки ба иҷора дода шудаанд, бунёди боғ, кишти сабзавот ва маҳсулоти полизӣ роҳандозӣ гардида, 30 чоҳи амудӣ, 13 трансформатор ва 51 км хатҳои барқ кашида мешавад.

Тибқи маълумоти Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Навоӣ, то имрӯз дар ноҳияи Хатирчӣ 1 270 гектар замини лалмӣ аз худ карда шуда, дар онҳо боғ, ангурзор ва қитъаҳои полизӣ ташкил хоҳанд шуд.

Худсарона кофтани чоҳҳоро кӣ назорат мекунад?

Ҳолати кофтани чоҳҳои амудӣ бо мақсади ба даст овардани оби тоза ва кабудизоркунии заминҳои лалмӣ дар ҳамаи ноҳияву шаҳрҳои вилояти Навоӣ ба мушоҳида мерасад. Аз оби аксарияти онҳо самаранок истифода мебаранд.

Ғайр аз ин, дар аксарияти деҳоти дурдасту наздишаҳрӣ ва баъзан дар маркази шаҳрҳо (Нурато, Ғозғон) шахсони инфродӣ бо мақсади таъмини оила ва обёрии замини наздиҳавлӣ чоҳҳои амудиро худсарона мекананд. Ҳар як навоварӣ дар истеҳсолот бо доштани комёбиҳои зиёд ба манфиати фаровонии ҳаёти инсон, ноқисиҳо низ дорад. Аксарият одамон аз онҳо бесамар истифода намуданд, ки ин ба хушкидани чашмаву чоҳҳои обии дастканд оварда расонид.

Бо мақсади пешгирии ин ҳодиса ба тартиби истифодаи обҳои зеризаминӣ тағйирот ворид гардида, барои парма кардани чоҳ ва гирифтани об талаботи нав муқаррар шуд. Дар Ӯзбекистон ва дар заминаи он дар вилояти Навоӣ низ бобати истифодаи захираҳои оби зеризаминӣ тағйироти ҷиддии қонунӣ ворид карда шуданд. Донистани ин санадҳо ва риоя ба онҳо барои ҳар як шаҳрванди Ӯзбекистон зарур аст.

Минбаъд тартиби гирифтан ва истифодаи обҳои зеризаминӣ боз ҳам қатъитар гардида, ҳар як истифодабаранда ӯҳдадор аст, ки ба талаботи қонун пурра риоя кунад. Аз ҷумла, барои пармакунии чоҳи обии зеризаминӣ гирифтани рухсатномаи махсус ва иҷозати мақомоти ваколатдор ҳатмӣ гардид. Риоя накардани ин қоидаҳо ва худсарона пармакунии чоҳҳои зеризаминӣ ва истифодаи онҳо ба таври ғайриқонунӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ мешавад.

Яке аз тағйиротҳои муҳими дигар ба муҳлатҳои пардохти маблағ барои қитъаҳои замин дахл дорад. Шахсе, ки дар ихтиёр қитъаи замин дорад, дар муҳлати муайян пардохтҳоро анҷом надиҳад, пас аз огоҳии расмии мақомоти ваколатдор, бояд дар муҳлати 6 моҳ қарзро пурра бартараф кунад. Агар дар ин муддат қарз пардохт нашавад, ҳуқуқ ба қитъаи замин бекор гардида, замин ба фонди давлатӣ гузаронида мешавад.

Дар ин замина, ба Кодекси андоз низ тағйирот ворид карда шуд, ки назоратро дар самти истифодаи обҳои зеризаминӣ боз ҳам тақвият мебахшад. Акнун, агар аз сарчашмаҳои оби зеризаминӣ бе дастгоҳҳои назорат ва ченак об гирифта шавад, меъёри андоз 5 баробар зиёд ҳисоб карда мешавад. Дар ин қоида истисно низ вуҷуд дорад: агар шахсони воқеӣ барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва хоҷагидорӣ дар як шабонарӯз на бештар аз 5 метри мукааб об истеъмол кунанд, ин талабот ба онҳо татбиқ намешавад.

Албатта, ин ҳама тағйирот ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии обҳои зеризаминӣ, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои об, инчунин таҳкими интизоми молиявӣ дар истифодаи қитъаҳои замин хидмат мекунад. Мақомот таъкид доранд, ки чунин чораҳо ҷиҳати ҳифзи захираҳои зеризаминӣ ва  об барои наслҳои оянда аҳамияти калон дорад.

Ӯзбакбой РАҲМОН,

хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» дар вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: