Корхонаи оилавии «Каромат либослари» ба фаъолият оғоз намуд

Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Халифа»-и ноҳияи Олот корхонаи оилавии «Каромат либослари» ба фаъолият оғоз намуд.

Дар кишвари мо рушди соҳибкорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, хусусан дастгирии ташаббусу баланд бардоштани фаъолии иқтисодии занону духтарон яке аз самтҳои устувори сиёсати давлат мебошад.Бо ин мақсад дар маҳаллаву деҳаҳо лоиҳаҳои гуногун татбиқ гардида, корхонаҳои оилавӣ ташкил карда мешаванд.Барои амалӣ гардондани нақшаҳои тиҷоратӣ ба ҷавонону занон воми имтиёзнок ҷудо мекунанд.

Дар асоси чунин ташаббус дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Халифа»-и ноҳияи Олот корхонаи оилавии «Каромат либослари» ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи мазкур таҳти роҳбарии соҳибкор Нуралӣ Ҷӯраев 15 нафар занону духтаронро бо кор таъмин намудааст. Корхона ба дӯхтани либосҳои миллии замонавии занона ихтисосонида шуда, бо сифати хубу тарҳи замонавӣ эътибори харидоронро ба худ ҷалб менамояд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: