Чорводорӣ – муаммоҳо ва ривоҷу равнақи он

Ҳоло дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 15 миллион сар моли калони шохдор, қариб 20 миллион сар гӯсфанд, зиёда аз 300 ҳазор сар асп ва 100 миллион сар парранда мавҷуд буда, вилояти Самарқанд дар ин самт яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол мекунад.

Чорводорӣ яке аз соҳаҳои калидии хоҷагии қишлоқ буда, ҷузъҳои гуногун: аз ҷумла, говпарварӣ, бузу гӯсфандпарварӣ, аспу харгӯшпарварӣ, инчунин моҳипарварӣ, асалпарварӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

Дар кишвари мо чорводорӣ баъд аз растанипарварӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисодиёту хоҷагии қишлоқ ба шумор меравад. Бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти кишвар дар «Ӯзбекистони Нав» барои рушди соҳаи чорводорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Президенти мамлакат фармонҳо ва қарорҳои сершумор қабул карданд, ки рушди устувор ва босуръати соҳаи мазкурро таъмин мекунанд.

Ҳоло дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон беш аз 15 миллион сар моли калони шохдор, қариб 20 миллион сар гӯсфанд, зиёда аз 300 ҳазор сар асп ва 100 миллион сар парранда мавҷуд буда, вилояти Самарқанд дар ин самт яке аз ҷойҳои пешсафро ишғол мекунад. Танҳо дар 1 ҳазору 730 фермаҳои чорводорӣ 121 ҳазору 200 сар моли калони шохдор, 400 ҳазор сар гӯсфанд, 9,5 ҳазор харгӯш ва 6 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад ва сол то сол шумораи онҳо афзоиш меёбад. Дар тӯли солҳои охир аз хориҷи кишвар зотҳои хушсифати серширу сергӯшт, мисли говҳои сурхи эстонӣ, сиёҳало ва бӯри карпатӣ ворид шуданд, ки дар як шабонарӯз 30-40 литр шир медиҳанд. Барзаговҳо то 500-600 кило гӯшт медиҳанд, аз паррандапарварӣ ва моҳипарварӣ низ ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.

Гӯсфандпарварӣ низ яке аз соҳаҳои калони чорводорӣ ба ҳисоб рафта, хосатан зотҳои ҳисорӣ ва қароқӯлӣ дар ноҳияҳои Ургут, Қӯшработ, Нуробод ва Самарқанд парвариш мешаванд. Дар наздикӣ онҳо дар озмунҳои вилоятҳои Тошканд, Қашқадарё, Ҷиззах, Бухорои шариф ва Сурхондарё ҷойҳои фахриро сазовор шуданд.

Профессор Х. Юнусов, ректори Донишгоҳи тиббиёти байторӣ, чорводорӣ ва биотехнологияи Самарқанд  ба ғолибони озмун мукофотпулӣ супурда таъкид кард, ки соҳаи чорводорӣ бояд рушд ёбад ва он барои таъмини бехатарии озуқаворӣ аҳамияти махсус дорад.

Собиқ раиси хоҷагии ҷамоатии «Гулистон»-и ноҳияи Самарқанд Шоҳмирзо Тӯраев изҳор дошт, ки замоне дар деҳот қариб ҳама бо чорводорӣ машғул буданд ва нархи гӯшт, шир, қаймоқ, ҷурғот ва панир ниҳоят арзон буд. Вале имрӯз нархи озуқаворӣ барои чорводорӣ хеле баланд гардида, аксарияти мардум аз парвариши гову гӯсола даст кашиданд. Аз ин рӯ, як кило гӯшти гов дар Самарқанд 130-140 ҳазор сӯм ва гӯсфанд то 150 ҳазор сӯм арзиш дорад. Мушкилоти дигар кам шудани майдони парвариши чорво мебошад. Барои як сар моли калони шохдор 0,50 сотих замин лозим аст. Афсӯс, ки бо сабаби авҷ гирифтани сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва худсарона ишғол шудани чарогоҳҳо заминҳои обёришаванда кам шуда, чорводорӣ сол то сол коҳиш меёбад. Мо пешниҳод мекунем, ки барои фермерҳои чорводорӣ имтиёзҳои муфид ҷорӣ карда шаванд, то озуқаворӣ бо нархи арзон дастрас бошад.

Ҳукумати мамлакат қабл аз ин механизмҳои ҳимояти чарогоҳ ва истифодаи пурсамари онҳо ҷорӣ карда буд, вале амалан ин тадбирҳо татбиқ намешаванд.

Мушкилоти дигари соҳа он аст, ки хизмати байторӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест. Афзоиши бемориҳои гуногуни чорводорӣ на танҳо ҳосилнокии маҳсулотҳои чорво ва паррандаро коҳиш медиҳад, балки хатари гузаштан ба инсонро низ ба бор меорад. Аз ин рӯ, эмгузаронӣ барои чорво ҳатмист. Ҳоло байторҳо бо чорводорон алоқаи мустаҳкам надоранд ва ҳангоми даъват барои нигоҳубини чорво ва парранда беҳафсала ҳастанд.

Тошпӯлод Истамқулов, ки асппарварӣ мекунад, гуфт, ки ин касб аз бобои ҷавони ӯ ва падари бузургвораш меросӣ аст. Дар вилояти Самарқанд зотҳои қаробоҳирӣ, лакайӣ ва қирғизӣ парвариш карда мешаванд ва бештари онҳо дар кӯпкарӣ, яъне бузгирӣ истифода мешаванд. Шахсан ӯ бо фарзандону наберагон аспҳоро парвариш намуда, барои тайёр кардани ҳасиб ва қазӣ ба комбинатҳои Тошканд ирсол мекунанд. Гарчанде хариди озуқаворӣ барои асппарварӣ гарон аст, аммо анъанаҳои бобоиро идома медиҳанд.

Албатта дигар чорводорон, паррандапарварон, соҳиби оилаи занбӯри асал ва дигарон низ муаммоҳои худро зикр кардаанд, ки қисмати онҳоро ба қалам гирифтем.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: