Тими миллии футболи Ӯзбекистон дар радабандии навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) панҷ зина боло рафта, бо 1462,03 хол дар байни 211 даста дар ҷойи 50-ум қарор гирифт.
Дар феҳристи нави FIFA, ки рӯзи 19-уми ноябр нашр шуд, дар миёни дастаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон пешсаф аст. Тими миллии Тоҷикистон дар феҳристи нав як зина боло ҷаҳиш карда, бо 1224,93 хол дар ҷои 101-ум қарор дорад. Қирғизистон (104) сеюм, Қазоқистон (115) чаҳорум ва Туркманистон (137) дар ҷойи панҷум аст. Тими миллии футболи Ӯзбекистон дар байни дастаҳои Осиё Қатарро дар қафо гузошта, ба ҷойи панҷум баромад.
Cегонаи аввали он мисли радабандии қаблӣ ҷойҳои худро тағйир надодаанд.
Испания, қаҳрамони феълии Аврупо бо 1877,18 имтиёз дар зинаи аввал, Оржонтин (Аргентина), қаҳрамони феълии ҷаҳон бо 1873,33 хол дар ҷои дуюм ва Фаронса, ҷоизадори медалҳои нуқраи Ҷоми ҷаҳон бо 1870,00 имтиёз дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтаанд.