Яке аз рӯйдодҳои муҳим, ки дар Ҳафтумин машварати Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ рух дод Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун узви комилҳуқуқи Машварат шомил гардид ва доираи ҷуғрофии кишварҳои аъзоро васеъ намуд.
Бо қабул гардидани Озарбойҷон ба формати фавқуззикр доираи ҳамкориҳои минтақавӣ боз ҳам васеъ мегардад ва нуфузи кишварҳои минтақа ба маротиб боло меравад. Минбаъд формати мазкур дар шакли «Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон» муаррифӣ мешавад ва натиҷаҳои дилхоҳро ба бор меоварад.
Ба гуфтаи Президенти мамлакат «Қабул гардидани Озарбойҷон дар Вохӯрии машварати мазкур ба манфиатҳои халқҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон буда, умумияти таърихӣ, риштаҳои хешутаборӣ ва қаробати маънавию фарҳангӣ имкон медиҳад, ки раванди ҳамкориҳо боз ҳам густариш ёбанд ва пеш раванд».
Мулоқоти машваратӣ уфуқҳои нави густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитариро тавсеа бахшида, масъалаҳои бисёрҷонибаи рушди устуворро таъмин месозад. Ин рӯйдодро сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон низ бо камоли майл дастгирӣ карда, дастовардҳои солҳои охир дар ин самтро яке аз омилҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд муаррифӣ намуданд.
Ҷои шодмонист, ки дар солҳои охир бар асоси ҳусни тафоҳуми сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ташаббусҳои неки онҳо масъалаҳои марзӣ ҳаллу фасл гардиданд, ки яке аз онҳо Декларатсияи Хуҷанд мебошад. Он маҳз аз ҷониби се сарвари давлат – Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расид ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми баланд касб намуд. Ҳамзамон, дар ин авохир байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи обу энергетика ба роҳ монда шуданд, робитаҳои нақлиётӣ барқарор гардида, барои рушди алоқаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва гуманитарӣ шароити мусоид фароҳам омад.
Ҳар як шаҳрванди кишварамон метавонад ифтихор намояд, ки дар давраи раёсати Ӯзбекистон ба ин ҳамоиши минтақавӣ беш аз 20 чорабинии бузург баргузор шуд, ки ҳар кадом ба манфиати халқҳои минтақа хидмат карда, барои рушди муносибатҳои минтақавӣ нақши сазовор гузошт. Аз ҷумла, бори аввал дар Ӯзбекистон ҷамъомади роҳбарони ниҳодҳои дифоъ, хидматҳои махсус ва инчунин вазирони геология, саноат, кишоварзӣ, экология ва фарҳанг баргузор гардидаанд, ки барои тавсеаи ҳамкориҳо нақши муассир хоҳанд бозид.
Ногуфта намонад, ки дар ин мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои мубрами робитаҳои кишварҳои минтақа, дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ, ҳамчунин, масъалаҳои рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ низ табодули назар сурат гирифт.
Дар машварати мазкур аз ҷониби Президенти кишварамон Шавкат Мирзиёев як қатор ташаббусҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ пешниҳод гардид, ки аз формати машваратии муколамаи минтақавӣ ба формати стратегӣ – «Ҷамъияти Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон» табдил додани мулоқоти сарони давлатҳо мебошад. Президенти Ӯзбекистон инчунин ҷиҳати таҳияи Низомнома дар бораи Мулоқоти машваратӣ, таъсиси Котибот ва баланд бардоштани мақоми ҳамоҳангсозони миллӣ то намояндагони махсуси президентҳо пешниҳодҳои мушаххас намуд.
Нуктаи дигаре, ки маро хеле ба ваҷд овард, пешниҳоди Сарвари давлатамон ҷиҳати таъсиси Шӯрои пиронсолон аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи ҷамъиятӣ ва дорои таҷрибаи ғании ҳаётӣ мебошад. Ин ба он маънист, ки тибқи таомул ва суннатҳои мардуми мо, пиронсолон ҳамеша дар оғози ҳар кор баҳри баракати натиҷаҳои он дасти дуо мебардоранд.
Ҳамзамон, Шавкат Мирзиёев ба зарурати расидан ба сатҳи сифатан нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ишора кард, ки ин имкон медиҳад, дар пешомади миёнамуддат ҳаҷми савдои мутақобила ва гардиши умумии савдои хориҷиро 1,5-2 баробар афзоиш диҳад. Дар ин замина ислоҳоти ҷиддӣ дар бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ ва сода намудани расмиёти андозу гумрукӣ пеш меояд, ки масъалаи ҳалшаванда мебошад. Сарвари Ӯзбекистон масъалаи таҳия ва қабули «Барномаи фарогири минтақавии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ то соли 2035»-ро пешниҳод намуд, ки ҷиҳати ҳалли бисёр мушкилиҳо мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи Вохӯрии ҳафтуми машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон президентони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Садир Ҷапаров, Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба ин ҳамоиш фоли нек арзёбӣ карданд ва Президент Илҳом Алиевро шодбош гуфтанд.
Гуфта шуд, ки мавқеи ҳамоиши мазкур ҳамчун иштирокдори равандҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ формати муҳимро касб менамояд. Инчунин дар ин замина муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким меёбанд ва кишварҳои узв тамосҳои худро бо шарикони хориҷӣ фаъолона пеш мебаранд.
Аз ҷумла, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва ҳамгироии минтақавӣ дар доираи ҳамин қолаб мебошад. Ин маъниро вай ба ҳамтоёни худ таъкид карда, дар идома аз имзои Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ барои рушди Осиёи Марказӣ ёдовар шуд. Тавре ӯ иброз дошт, ин санад уҳдадории муштараки ҷонибҳоро ба пешбурди пайвастаи рӯзнома, ки дар асоси тамоюлҳои шарикии баробарҳуқуқ, эҳтироми ҳамдигарӣ ва эътимод асос ёфтааст, возеҳ тасдиқ менамояд.
Дар ҳақиқат, имрӯз Осиёи Марказӣ ба фазои муколамаи пурсамари дипломатӣ, ташаббусҳои созанда ва ташаккули робитаҳои нави ҳамкорӣ табдил ёфтааст. Гузашта аз ин, минтақаи мо бо иқтидори назаррас маркази рушди тиҷорат, транзит, энергетика, илм ва сайёҳӣ мебошад, ки аз он ҳама баробар манфиат мебинанд.
Илова бар ин роҳбари Тоҷикистон таъкид варзид, ки рушди иқтисодӣ ҳамчун заминаи устувори оянда ба ҳамкорӣ ва навовариҳо вобаста аст. Маҳз дар ин замина, ишора гардид, ки барои рушди ҳамгироии истеҳсолӣ, таҳияи механизми минтақавии ҳамкории саноатӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши энергетика, таҷдиди долонҳои роҳи оҳан, васеъ намудани нақлиёти ҳавоӣ ва омехта, иқдомҳои муштараки созанда басо зарур ва ногузир мебошад.
Ғайр аз ин, нигоҳ доштани амнияти минтақавӣ ба сифати яке аз авлавиятҳои асосии ҳамкорӣ, мубориза бо таҳдидҳои терроризм, экстремизм, идеологияи тундгароӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир, баланд бардоштани иқтидори сохтор ва идораҳои дахлдор, рушди мунтазами ҳамкорӣ дар соҳаи омодасозии касбии кадрҳо ва коршиносон барои бахши амният, бо назардошти афзоиши таҳдидҳои киберӣ тақвияти чораҳои муштарак бо истифода аз технологияҳои пешрафта аз масъалаҳое буданд, ки дар ҳамоиш ба таври васеъ муҳокима шуданд.
Масъуди МИРЗО,
раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Фарғона.