Боз дар бораи тӯй

Дар Ӯзбекистон тӯю маърака, бахусус арӯсӣ аз қадимулайём ҳодисаи муҳими иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шумор рафта, дар ҳаёти ҷомеаи мо мавқеи махсус дорад. Ин нафақат ҳамбастагиву иттифоқи ду дилдода аст, балки боз ҳодисаест, ки дар худ як қатор урфу одат, анъана ва расму русумҳоро муҷассам менамояд.

Солҳои охир нафақат хароҷот ба баргузории чунин хурсандиҳо меафзояд, балки дар худи мафҳуми институти оила, яъне оиладорӣ тағйирот ба мушоҳида мерасад. Чаро оилаҳо барои баргузории як тӯй, аз ҷумла арӯсӣ ба хароҷоти бузурги молиявӣ роҳ медиҳанд ва  он дар ҷамъият ба чӣ гуна оқибатҳо меоварад.

Моҳияти тӯй дар фарҳанги Ӯзбекистон

Арӯсӣ дар кишвари мо, нафақат боиси ҳамбастагии ду нафар аст, балки  боз воқеае мебошад, ки доираи васеи хешовандону дӯстони оиларо ҷалб менамояд. Ин оини фарҳангӣ танҳо рамзи иттифоқи ду оила нест, балки мавқеи онҳоро дар ҷомеа ошкор месозад. Маъракаи анъанавӣ чун одат бисёр маросимҳо, аз ҷумла интихоби арӯс, хостгорӣ, тайёрӣ, арӯсӣ ва ҷашнҳои минбаъдаро дар бар мегирад.

Шиддати иҷтимоӣ ва рақобат

Яке аз сабабҳое, ки оилаҳо барои он тайёранд маблағҳои бузургашонро ба баргузории тӯй харҷ кунанд, ин тақозои иҷтимоӣ, табиати маъракаҳои мост. Дар ҷомеаи мо дер боз шакли озмунии тӯй «қабул» гардидааст, ки дар он маблағи барои маърака сарфшуда нишондиҳандаи мақом ва дороии оила пазируфта мешавад. Ин боиси он мегардад, ки аксар навхонадорон ва оилаҳои онҳо дар суру арӯсӣ маблағеро, ки баъзан аз даромади солонаашон бештар аст, сарф мекунанд. Ҷомеае, ки ин оилаҳо  дар он зисту зиндагӣ доранд, барои нишон додани мақоми иҷтимоӣ ва орзуи аз дигарон қафо намондан як навъ майдон, намоишгоҳ мегардад, яъне тӯйро ба сабқат ва манбаи рақобат табдил медиҳад.

Оқибатҳои молиявӣ

Хароҷоти бузург дар тантанаҳои арӯсӣ аксар ҳангом оилаҳоро ба асорати молиявӣ мегузоранд. Бисёр оилаҳо аз пайи орзую ҳаваси тӯйи пурдабдаба шуда барои пӯшондани хароҷоти тӯй қарз мегиранд. Ин боиси қарздорӣ мегардад ва метавонад эътидоли молиявии оиларо барои оянда куллан хароб кунад. Зеро бинобар он ҷавонон моҳиятан ҳаёти муштараки худро бо қарз оғоз мекунанд, ки сабаби нороҳатӣ ва зиддиятҳои иловагӣ дар муносибати байни онҳо мегардад.

Тағйироти афзалиятҳо

Тантанаҳои арӯсӣ торафт мураккабтар ва  аз ҷиҳати арзиш гаронтар мегарданд, ки боиси тағйироти афзалиятҳо дар ҳаёти навхонадорон мешавад. Бисёр ҷавонон ғояи базми арӯсиро на ба сифати ибтидои ҳаёти муштарак, балки ҳамчун мақсади ниҳоӣ қабул мекунанд. Аз пайи пурдабдаба гузаронидани арӯсӣ шудан бошад, метавонад ҳуввиятҳоеро, ки дар муносибати домоду арӯс воқеан аҳамияти хосса доранд, аз ҷумла муҳаббат, эътиқод ва ҳусни тафоҳумро аз байн бубарад. Ин дар навбати худ, минбаъд ба нохушӣ ва буҳрони ҳаёти ояндаи онон сабаб мегардад.

Афзудани миқдори талоқҳо

Сарфу хароҷоти зиёд ва ғайричашмдошти молиявӣ барои гузаронидани базми ақди никоҳ чун одат муҷиби афзудани зиддият ва мушкилот дар оилаҳо мегарданд ва дар навбати худ ба афзудани миқдори талоқ сабаб мешаванд. Навхонадороне, ки ба ин ҷараёни нохуш афтидаанд, дарк мекунанд, ки онҳо ба ҳаёти воқеии пас аз арӯсӣ тайёрии кофӣ надоштаанд, онро сатҳӣ қабул кардаанд, тамоми диққату эътибори худро, танҳо ба тартибу тарзи гузаронидани базми арӯсӣ ҷалб намудаанд.

Бо ин чӣ бояд кард?

Яке аз қадамҳои муҳиму устувор дар ҳаллу фасли мушкилоти мазкур ин баланд бардоштани эътибор ба таълиму маърифати суннатҳои оила ва ҳамсарӣ аст. Бидуни шубҳа, сабақи маърифати оиладорӣ нисбати ҳама гуна сур, аз ҷумла арӯсӣ нуқтаи назари тозаро бедор мекунад, навхонадорон воқеияти аслро дарк мекунанд, яъне мефаҳманд, ки хушбахтии воқеӣ ин дар ҳаҷму миқдори хароҷот ва дабдаба нест, балки дар ҳусни тафоҳуми байни онҳост, ба омодагии онҳо ба ҳаёти муштарак вобаста мебошад. Барномаҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ омӯзонида мешаванд, бояд ва зарур аст, ки муносибатро ба идораи оила тағйир диҳанд.

Дастгирӣ кардани маъракаҳои хоксорона

Дастгирӣ ва тарғибу ташвиқ кардани он ғоя, ки тӯй метавонад хоксорона, вале ҳамзамон аз меҳру муҳаббат ва ҳусни тафоҳуми навхонадорон саршор бошад, зарур аст. Ин метавонад ташаббусҳоеро, ки ба дастгирии шаклҳои камхарҷтари тантанаҳо, бахусус арӯсиҳо нигаронида шудаанд, дар бар гирад. Ҳокимиятҳои маҳаллӣ, матбуот ва дигар расонаҳои ахбор бояд намунаҳои анъанавии тӯйҳои хоксоронаро тарғибу ташвиқ кунанд, дар ин маврид бояд ҳатман таъкид шавад, ки ин хурсандиҳо барои хароҷот не, балки баҳри бахту саодати минбаъдаи ҷавонон мебошад.

Ташаккул додани шаклҳои нави фарҳанги маъракаҳо

Ҷамъият бояд баҳри ташаккул додани анъанаҳои нави фарҳангӣ, ки ба нигоҳ доштани ҳувиятҳои оилавӣ нигаронида шудаанд, фаъолона кор барад. Инро метавон аз тариқи маданияти оммавӣ, аз ҷумла, кино, мусиқӣ ва адабиёт, ҳамчунин аз тариқи таълиму маърифат ба даст овард. Тағйир додани дарки мафҳуми тӯй ҳамчун расми муҳими фарҳангӣ қадаме дар самти аз байн бардоштани бори молиявии он аз дӯши ҷавонон хоҳад шуд.

Хулоса

Маданияти тӯй дар Ӯзбекистон қисми муҳими зуҳуроти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ боқӣ мемонад, вале афзудани хароҷот ва талоши  обрӯ ҳам барои оилаҳо ва ҳам умуман барои ҷомеа мушкилоти ҷиддӣ фароҳам меоваранд, ки бояд барҳам дода шаванд. Диверсификатсияи нуқтаи назарҳо нисбати тӯй ва дастгирӣ кардани шаклҳои хоксоронаи он метавонад ба нигоҳ доштану ҳифз кардани институти оила кумак расонад. Дарки моҳияти ҳақиқии муносибатҳо, муҳаббат ва ҳусни тафоҳум калиди таҳкими алоқаи навхонадорон ва қаробати онҳо ба ҷомеаи солим аст, ки дар он арӯсӣ анҷоми ҳаёти муштарак не, балки оғози зиндагиву рӯзгори пурмазмун он бояд бошад.

Ораш Акабоев,

донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: