Муаррифии филмҳои мустанади ғолиб

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон бахшида ба муаррифии филми «Туркистон қайғуси», ки дар ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии ҷаҳони турк сазовори ҷоиза гардидааст, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ раиси Федератсияи байналмилалии журналистони турк Мендерес Демир, шоирону нависандагон, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва намояндагони ахбори оммавӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози чорабинӣ суруди миллии ду халқи бародар садо дод.  

«Фестивали филмҳои мустанади ҷаҳони турк» 22-25 октябри соли ҷорӣ дар Анқара баргузор гардид. Дар фестивали мазкур 147 филми мустанад аз кишварҳои туркӣ муаррифӣ шуданд. Филми «Туркистон қайғуси», ки аз ҷониби эҷодкорони шабакаи телевизионии «Маҳалла»-и Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон таҳия шудааст, бо «Ҷоизаи махсуси ҷаҳони турк» сарфароз гардид.

Филм аз ҳаёти пуршарафи олими бузург Алихонтӯра Соғунӣ, ки тамоми умрашро ба роҳи озодии Туркистон бахшидааст, нақл мекунад. Муаллифи филми мустанад журналисти маъруфи телевизион Рӯзибой Қӯлдошев ва коргардон Шарофиддин Тоҷибоев мебошанд.

Дар чорабинӣ ба муаллифи филм «Ҷоизаи махсуси ҷаҳони турк» супорида шуд.

– Халқҳои моро аз азал арзишҳои муштарак, урфу одат ва анъанаҳо, забону фарҳанги якхела ба ҳам мепайвандад, – мегӯяд Мендерес Демир.–Ҳафт миллат –  як давлат аст. Муаррифии филмҳои мустанади ғолиб имсол дар ҳар як кишвари туркӣ ташкил мешавад. Аз ҷумла он дар кишварҳои Озарбойҷон, Қирғизистон, Македония, Қазоқистон ва имрӯз дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Дар охири чорабинӣ филми ҳуҷҷатии «Туркистон қайғуси» намоиш дода шуд.

М. Мамаҷонова,

хабарнигори «Овози тоҷик»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: