Ҷамъомади навбатии «соати ҳокимӣ» бо усули видеоконфронс таҳти роҳбарии ҳокими вилояти Бухоро Ботир Зарифов ба масъалаҳои ҷамъбасти чорабиниҳо оиди пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо, маҳдудсозии ҷиноятҳо байни ҷавонон ва занону духтарон, инчунин таъмини муҳити бехатар дар маҳаллаҳо дар давоми 10 моҳи сипаришудаи соли равон бахшида шуд.
Дар он ҷонишинони ҳокими вилоят, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, идораҳои давлатӣ, садоратҳои дахлдор, инчунин намояндагони «ҳафтгона»-и маҳаллаҳо иштирок карданд.
Аввало маълумот доир ба иҷрои корҳо вобаста ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 январи соли 2025 (ҚП-1) дар ҳудудҳо шунида шуд. Ҷиноятҳои вазнин ва хеле вазнине, ки дар ҳудуди вилоят сар задааст, таҳлил карда шуда, сабабҳои ба вуқӯъ омадани онҳо омӯхта шуд.
Сарвари садорати корҳои дохилии вилоят оид ба вазъи ҷиноятҳо, сатҳи хатарнокии онҳо ва пешгирӣ кардани қонуншиканиҳо маълумоти муфассал дод. Аён гардид, ки дар давоми 10 моҳи гузаштаи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҷиноятҳои вазнин ва хеле вазнин кам гардида, дар 312-то (60 фоиз) маҳалла ҷиноятҳо сар назадааст. Дар 174 маҳалла бошад (34 фоиз) миқдори ҷиноятҳо маҳдуд шудааст.
Дар ҷамъомад ҷиноятҳои байни ҷавонон ва занон, қонуншиканиҳои ноболиғон, инчунин ҳолатҳои вобаста ба нашъамандӣ таҳлил ва танқид карда шуд. Сустию масъулиятшиносии роҳбарони баъзе шаҳру ноҳияҳо таъкид гардид. Ҳокими вилоят бобати корбарии бонизом бо ҷавонон, пурзӯр гардондани фаъолияти «ҳафтгонаи маҳалла», ҳамкориҳо бобати таъмини бехатарии ҷамоатӣ, бо кор таъмин кардани аз ҷазо баргаштагон ва ғайра супоришҳо дод.
А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.