Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Чинро ба ҳузур пазируфт

  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Чинро ба ҳузур пазируфт
  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Чинро ба ҳузур пазируфт
  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Чинро ба ҳузур пазируфт
  • Президенти Ӯзбекистон вазири корҳои хориҷии Чинро ба ҳузур пазируфт

21 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати намояндагонро таҳти роҳбарии узви Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин, мудири Девони комиссияи оид ба корҳои хориҷӣ, вазири корҳои хориҷӣ Ван Иро, ки барои иштирок дар ҷамъомади навбатии Машварати стратегӣ байни роҳбарони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ба мамлакати мо омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Ҷанбаҳои амалии таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷонибаи байни Ӯзбекистон ва Чин дар ҳама гуна шароит, инчунин густариши ҳамкориҳои бисёрсамта дар заминаи татбиқи созишҳои сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.

Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷии Чин ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва таманниёти беҳтарини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро расонид.

Бо иродаи сиёсӣ ва ба туфайли талошҳои муштараки сарони ду давлат ба сатҳи бесобиқа расидани муносибатҳои дуҷониба бо қаноатмандӣ махсусан қайд гардид.

Соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол ба 14 миллиард доллар расид, корхонаҳои муштарак тақрибан 5 ҳазор ададро ташкил мекунад, аз аввали сол зиёда аз 15 миллиард доллар сармояҳои Чин аз худ карда шудааст. Бастаи лоиҳаҳои шарикии технологӣ ба 90 миллиард доллар наздик гардидааст.

Ба пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаҳои технологияи баланд, энергетикаи «сабз» ва ҳастаӣ, зеҳни сунъӣ, нақлиёт, инфрасохтор, кишоварзӣ, геология, кимиё ва дигар самтҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Рабитаҳо дар ҳамаи сатҳҳо фаъол гардида, минтақаҳои ду мамлакат ҳамкории босамар менамоянд, дар бахшҳои таълим ва фарҳангӣ-гуманитарӣ мубодилаҳои пурмуҳтаво идома доранд.

Роҳбари Ӯзбекистон зарурати омодагии ҳамаҷониба ба чорабиниҳои минбаъдаи сатҳи олӣ ва ғанитар сохтани ҳамкориҳои дуҷониба бо мазмуни амалии навро таъкид намуд.

Аҳамияти татбиқи фаъолонаи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон» ва пайвастани он ба долонҳои дигари нақлиётӣ зикр гардид.

Ба ҳамоҳангсозии саъю талошҳо дар масъалаҳои амниятӣ ва барқарорсозии иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон диққати махсус дода шуд. Зарурати идомаи мулоқоти наздики сиёсӣ ва ҳамкориҳо дар форматҳои бисёрҷониба, дастгирии робитаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар мубориза бо камбизоатӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо таъкид гардид.

Ба баргузории бомуваффақияти Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Ӯзбекистон дар охири моҳи ноябри соли ҷорӣ эътимод баён карда шуд.

Ҳамзамон, дар бораи масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: