Боғи растаниҳои галофит таъсис меёбад

Соли чаҳорум аст, ки дар кишварамон бо ташаббуси Президент лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» амалӣ мегардад. Мақсад аз татбиқи ин лоиҳа сарсабзу обод кардани кӯчаҳо, барпо намудани боғҳои нав, азхуд намудани заминҳои бекорхобида мебошад.

Ин амали нек барои тоза намудани ҳаво низ мусоидат менамояд. Ҳамчунин, захираҳои фаровони хӯрокворӣ рӯёнида мешавад. Имрӯзҳо ин ташаббус дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ низ идома дорад.

Бо мақсади таъмини иҷрои Қарори Президент «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Навоӣ» дар минтақаҳои вилоят корҳои ниҳолшинонӣ босуръат идома дорад.

Хусусан, дар доираи лоиҳаи умуммимиллии «Макони сабз», бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологӣ дар маҳаллаҳо кормандони Садорати бюрои иҷрои ҳатмӣ ва шӯъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ниҳолшинонӣ менамоянд. Аз ҷумла дар ҳудуди маҳаллаи «Сардоба»-и ноҳияи Кармана дар майдони 1,5 гектар ниҳолҳои ба иқлими маҳал мутобиқ шинонида шуданд.

Ҳамчунин, дар ҳамин маҳаллаи ноҳия боғи растаниҳои галофит ташкил карда шуд. Ҳокими ноҳияи Кармана Шоҳрух Болтаев аз маҳалла дидан намуда, бо рафти корҳои таъсиси боғи растаниҳои галофит шинос шуд.

Калимаи галофит маънои »намак» ва «растанӣ»-ро дорад, яъне растании дар замини шӯр сабзанда. Ҳамчунин, бо олимони чинӣ, ки дар боғ ҳузур доштанд, мулоқот карда, оид ба парвариш, тадқиқоти илмӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти парвариши растаниҳои галофит сӯҳбат кард. Ҳокими ноҳия муҳиммияти барқарорсозии экологӣ ва густариши минтақаҳои сабзро таъкид намуда, омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуд.

Лоиҳаи мазкур бо маблағгузории 1,75 миллиард сӯм татбиқ шуда, дар масоҳати 10 гектар растаниҳои галофит парвариш хоҳад шуд. Ташкили чунин боғҳо ба беҳтар намудани муҳити экологӣ, азхудкунии дубораи заминҳои шӯр ва истифодаи самараноки захираҳои замин равона шудааст. Ин ташаббус имкон медиҳад, ки тавассути парвариши растаниҳои ба намак тобовар ҳосилхезии хок барқарор гардида, манзараи табиӣ беҳтар мешавад.

Лоиҳа дорои аҳамияти иқтисодӣ низ мебошад. Майдонҳои галофит метавонанд барои чорводорӣ ҳамчун пойгоҳи иловагии хӯрока хидмат кунанд ва заминҳои корношоям истифода шаванд. Ба ин васила, дар ноҳия имкониятҳои нави рушди устувор фароҳам мегардад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: