Шароити табиии иқлим, таҷрибаи калони ҳаётии фидоиёни соҳа барои рушди замонавии самти чорводорӣ дар ноҳияи Ёзёвон, ки дар ҳудуди Фарғонаи марказӣ ҷойгир аст, мусоидат менамояд.
Алҳол дар ноҳия 32 хоҷагии фермерии ба чорвопарварӣ ихтисосонида фаъолият дорад. 8-тои онро хоҷагии наслгирӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои фермерӣ қариб 5 ҳазор, дар хонадони аҳолӣ 34, 6 ҳазор сар гов парвариш меёбанд. Ин буд, ки солҳои охир бо афзудани молҳои парвоӣ таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати гӯшт ва шир бештар мегардад. Рӯзҳои наздик ин ҷо корхонаи коркарди шир ба фаъолият шурӯъ менамояд ва навъи маҳсулот зиёд шуда, ба 10 нафар ҷойи кор фароҳам оварда мешавад.
Суратгир: М. Қодиров (ӮзА).