Дар рафти сафар ба Самарқанд, ки дар он ҷо ҷаласаи 43-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО баргузор гардид, вазири корҳои хориҷӣ ва савдои хориҷии Венгрия Петер Сийярто ба АИ «Дунё» мусоҳибаи махсус кард. Дар он ӯ дар бораи ҳамкории Венгрия бо Ӯзбекистон, инчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рушди устувор нишон медиҳанд, маълумоти муфассал дод.
– Мо мехоҳем суҳбатро аз таассуроти шахсии Шумо оғоз кунем: бигӯед, дар Венгрия симои сиёсӣ ва фарҳангии Ӯзбекистон чӣ гуна қабул мешавад ва Шумо дар ин бобат чӣ назар доред?
– Дар Венгрия Ӯзбекистон ҳамеша ҳамчун кишвари бародар шинохта мешуд ва мардуми ӯзбек бо ҳамин эҳсоси бародарӣ истиқбол мешуданд. Манбаъҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки дар замонҳои қадим венгерҳо аз Шарқ ба Ғарб кӯч баста, муддате дар минтақаи шумо иқомат кардаанд. Аз ин рӯ, робитаҳои фарҳангӣ ва таърихӣ миёни халқҳои мо қавӣ ҳастанд.
Ин наздикӣ инчунин дар иштироки мунтазами Венгрия дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён ва дар баҳогузории баланди мероси умумии фарҳангии мо инъикос меёбад. Мо ин муносибатҳоро хеле қадр мекунем, зеро онҳо ҳамеша бар асоси эҳтироми мутақобил ва ҳамкории судманд бунёд шудаанд. Шахсан худам, ҳукумат ва Сарвазири мо пайрави ҳамкории зич бо Ӯзбекистон ба мақсади таҳким ва рушди шарикии стратегӣ мебошем.
– Шумо ба рушди ҳамкории Ӯзбекистон ва Венгрия таваҷҷуҳи зиёд доред. Дар ҳақиқат, солҳои охир муносибатҳои ду кишвар босуръат рушд доранд: барқарор шудани шарикии стратегӣ, кушода шудани Сафорати Ӯзбекистон дар Будапешт ва имзои санадҳои муҳим ҳаминро тасдиқ мекунанд. Ба назари Шумо, кадом омилҳо ба чунин динамикаи мусбат замина мегузоранд? Ҳамзамон, дар доираи мулоқотҳои Шумо дар Самарқанд кадом масъалаҳо афзалиятнок ҳастанд?
– Пеш аз ҳама, яке аз омилҳои муҳими рушди пайгирона ва ҳамкории зич байни Ӯзбекистон ва Венгрия дӯстии самимӣ ва робитаҳои эътимодноки роҳбарони ду кишвар мебошад. Муколамаи наздик ва эҳтироми мутақобил байни Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Венгрия барои муносибатҳои ду кишвар заминаи мустаҳками сиёсӣ ва гуманитарӣ фароҳам овардааст.
Ғайр аз ин, ҳар ду кишвар хуб дарк мекунанд, ки ҳамкории самаранок метавонад манфиатҳои мутақобиларо таъмин кунад. Аз ин рӯ, тавсеаи минбаъдаи ин муносибатҳо ва густориши онҳо ба самтҳои нав барои ҳар ду ҷониб аҳамияти калон дорад.
Бешубҳа, яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин самт ворид шудани муассисаи пешсафи молиявии Венгрия – «OTP Bank» – ба бозори Ӯзбекистон мебошад. Ин на танҳо оғози марҳалаи нави шарикии иқтисодиро нишон дод, балки дар амал исбот кард, ки фазои сармоягузорӣ дар Ӯзбекистон барои ширкатҳои венгерӣ устувор ва боэътимод аст. Ҳамзамон, дигар ширкатҳои венгерӣ низ ба иқтисоди Ӯзбекистон таваҷҷуҳи афзоянда зоҳир мекунанд.
Айни ҳол гуфтушунидҳои фаъол оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ, инчунин таҳкими робитаҳо дар соҳаи таҳсилоти олӣ идома доранд. Аз ҷумла, ҳукумати Венгрия ҳамасола барои таҳсил дар донишгоҳҳои худ ба донишҷӯёни ӯзбек 200 гранти давлатӣ ҷудо мекунад.
Инчунин музокирот оид ба ҷалби технологияҳои венгерӣ ба лоиҳаҳои соҳаи энергетикаи атомии Ӯзбекистон идома дорад. Имкониятҳои тавсеаи иштироки ширкатҳои венгерӣ дар соҳаҳои кимиё ва фармасевтика низ омӯхта мешаванд.
Ба ибораи дигар, равобити ду кишвар имрӯз дар як самти хеле фаъол ва дорои дурнамои бузург рушд доранд. Мо итминон дорем, ки дар оянда ин ҳамкорӣ боз ҳам қавитар ва самарабахштар мегардад.
– Мо медонем, ки ҳамкории иқтисодӣ яке аз самтҳои муҳими муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ӯзбекистон ва Венгрия бобати ба сатҳи нав баровардани ҳамкорӣ дар ин соҳа пайгирона кор мебаранд ва дипломатияи иқтисодӣ имрӯз ба яке аз самтҳои авлавиятдори ҳамкории ду кишвар табдил ёфтааст. Шумо низ дар ҷараёни гуфтушунидҳо потенсиали бузурги ин самтро таъкид карда будед, ҳамин тавр нест?
– Дар ҳақиқат, шумо нуқтаи муҳимеро қайд кардед. Имрӯз робитаҳои Ӯзбекистон ва Венгрия бо суръате таҳаввул меёбанд, ки дар таърихи онҳо бесобиқа аст. Айни замон ҳаҷми савдо ба сатҳи рекордӣ расидааст, ки ин аз баромадани ҳамкорӣ ба марҳилаи нави мазмунӣ шаҳодат медиҳад.
Соли гузашта Венгрия стратегияи амалӣ ва прагматии сиёсати хориҷии худро қабул кард. Дар маркази ин стратегия, пеш аз ҳама, манфиатҳои иқтисодӣ ва принсипи ҳамкории мутақобилан судманд қарор доранд. Мо таҳкими муносибатҳои дӯстонаро тавассути робитаҳои устувори иқтисодӣ афзалиятнок мешуморем.
Яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт расидан ба созиш оид ба таъсиси минтақаи махсуси сармоягузорӣ барои ширкатҳои венгерӣ дар наздикии Тошканд мебошад. Ин ташаббус барои сармоягузорони венгерӣ дар Ӯзбекистон имкониятҳои навро мекушояд ва ҳамзамон нақши пулеро мебозад, ки иқтисодиёти ду кишварро ба ҳам мепайвандад. Илова бар ин, ҳамкорӣ дар соҳаҳои муҳими энергетика, саноати хӯрокворӣ ва кишоварзӣ босуръат рушд мекунад. Шарикӣ дар ин самтҳо на танҳо манфиатҳои иқтисодӣ, балки мубодилаи технология ва таҷрибаро низ дар бар мегирад.
Дар Венгрия мо ҳамеша Осиёи Марказиро яке аз минтақаҳои тез рушдёбандаи ҷаҳон бо иқтидори бузург медонистем. Кӯшишҳои мо барои барқарор кардани ин робитаҳо имрӯз оғоз нашудаанд – ин раванд даҳсолаҳо қабл оғоз ёфта буд.
– Он замон бархе аз сиёсатмадорони аврупоӣ ба стратегияи Венгрия оид ба ҳамкории зичтар бо Осиёи Марказӣ бо шубҳа менигаристанд ва ба самаранокии он бовар намекарданд. Онҳо аксаран чунин мегуфтанд: «Чаро Венгрия кӯшиш мекунад, ки бо кишварҳое ҳамкорӣ кунад, ки ҳанӯз дар ҳоли рушд ҳастанд ва дар шароити душвори сиёсиву иқтисодӣ қарор доранд?»
Аммо вақт нишон дод — имрӯз ҳамин кишварҳо фаъолона мекӯшанд бо Осиёи Марказӣ муколама роҳандозӣ кунанд ва ҳамкориро бо роҳбарони минтақа таҳким бахшанд.
Ин вазъият на танҳо дурустии қарори стратегиро тасдиқ мекунад, балки дурнамо ва арзиши баланди муносибати Венгрияро дар муносибат бо Осиёи Марказӣ нишон дод. Имрӯз ин самти сиёсӣ на танҳо барои Венгрия, балки барои тамоми Аврупо аҳамияти калон дорад.
– Айни замон Ӯзбекистон ва Венгрия ба рушди на танҳо ҳамкориҳои дуҷониба, балки таҳкими робитаҳои байниминтақавӣ дар доираи Осиёи Марказӣ ва Аврупо таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Аз ин нуқтаи назар, ба нақши стратегӣ ва ҷойгоҳи Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ, инчунин мавқеи Венгрия дар фазои ҷамъиятӣ-сиёсии Аврупо чӣ гуна баҳо медиҳед?
– Ман бар он ақидаам, ки ин ҳамкорӣ байни Аврупо ва Осиёи Марказӣ пули устувореро месозад. Қисми назарраси иқтисоди Аврупо ба ҳиссаи кишварҳои Аврупои Марказӣ рост меояд.
Иқтисодиёти Аврупо низ босуръат рақобатпазирии худро боло мебаранд, ки ин ба тамоюлҳои рушди иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ мувофиқ аст. Аз ин рӯ, чуқур ва мустаҳкам шудани робитаҳо байни ин ду минтақа на танҳо аҳамияти стратегӣ дорад, балки барои амалӣ намудани манфиатҳои иқтисодии тарафҳо низ муҳим аст. Наздик шудани ин муносибатҳо барои татбиқи лоиҳаҳои мутақобилан судманд ва эҷоди имкониятҳои нав дар оянда заминаи муҳим фароҳам меорад.
– Саволи дигар: ба назари Шумо, чӣ боиси таҳкими эътимоди минтақавӣ ва байналмилалӣ бо Ӯзбекистон мегардад? Ин эътимод бар чӣ асос дорад?
– Дар замони глобалии имрӯз сулҳ, субот ва ҳалли дипломатии масъалаҳо арзишҳои муҳимтаринанд. Ҷангҳо, таҳдиди терроризм ва низоъҳои минтақавӣ хавфҳоро дар ҷаҳон афзоиш медиҳанд. Аз ин рӯ, кишварҳое, ки мекӯшанд мушкилотро тавассути гуфтушунид ва муколама ҳал кунанд, аз ҷумла Ӯзбекистон, дар таъмини субот нақши муҳим доранд.
Мавқеи осоиштаи Ӯзбекистон ба мавқеи Венгрия ҳамоҳанг буда, нишон медиҳад, ки ҳар ду кишвар ҷонибдори субот ва дипломатия дар сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Метавон таъкид кард, ки ягона роҳи ҳалли ҷангҳо ва низоъҳо – дипломатия ва муколама аст ва саҳми Ӯзбекистон дар пуштибонии сулҳ аҳамияти бузург дорад.
– Сипосгузорем, ки вақти пурқимати худро дареғ надоштед. Ба шумо сиҳатмандии комил орзумандам!
– Ман низ барои суҳбати пурмуҳтаво самимона изҳори сипос мекунам.