Зани ҳунарманд коргоҳи дӯзандагӣ кушод

Дар шаҳри Бухоро бинобар ба соҳибкорӣ ҷалб намудани бонувон ва ба шуғл фаро гирифтани онҳо даҳҳо нафар занон ҳунари худро ба манбаи даромад табдил додаанд.

Дар маҳаллаи Истиқлол дӯзандагӣ, хидматрасонӣ ва тиҷорат барин самтҳо ривоҷ ёфтааст. Истиқоматкунандаи ҳамин маҳалла Фарида Рӯзиева, ки зани ҳунарманд аст, дар ҷамъият соҳиби мавқеъ мебошад.

Ин дӯзандаи бомаҳорат бо кӯмаки маҳалла 33 миллион сӯм кредити имтиёзнок гирифта, барои ташкил намудани коргоҳи дӯзандагӣ сарф кард.

Меҳнати ӯ барои дигар занҳои маҳалла низ дари даромадҳоро кушод. Чунончи, 3 нафар занону духтарон ба шуғл таъмин шуданд. Фоидаи софи моҳонаи Фаридаи дӯзанда 6 миллион сӯмро ташкил менамояд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: