Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд таҳти унвони «Пешгирии паҳншавии терроризм, ҷудоихоҳӣ ва экстремизм: бартараф кардани сабабҳои аслӣ» конфронси 11-уми байналмилалии худро баргузор намуд.
Иштирокчиёни он дастаҷамъона роҳҳои пешгирии ҷалби шаҳрвандон ба шабакаҳои радикалӣ, амнияти киберӣ ва меъмории нави Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ-ро баррасӣ карданд.
Дар конфронс намояндагони СММ, САҲА, Интерпол, Маркази зиддитеррористии ИДМ ва СПАД иштирок карданд.
Тавре ки Уларбек Шаршеев, директори Кумитаи иҷроияи СҲШ, қабл аз баргузории конфронс ба хабарнигорон гуфт, ин ҷо на муқовимат ба ҳамлаҳои террористие баррасӣ хоҳанд шуд, ки аллакай рух додаанд, балки чораҳо барои пешгирии ҳамлаҳои террористӣ ва пешгирии ҷалби шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, ба созмонҳои террористӣ дар меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор хоҳанд гирифт.
– Роҳи радикализмро аксар вақт одамоне интихоб мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ аз камбизоатии моддӣ ё маргинализатсияи иҷтимоӣ азият накашидаанд, – гуфт У. Шаршеев.
Ба гуфтаи Шаршеев гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон ва Сурия фаъолтар шудаанд ва дар ҷустуҷӯи таъсиси «ҳуҷайраҳои хоб» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд.
Евгений Сисоев, раҳбари Сохтори минтақавии зиддитеррори СҲШ, раиси Маркази зиддитеррористии ИДМ, иброз дошт, ки созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Ховари Миёна интиқоли ҷангиёнро ба Афғонистон барои афзоиши нуфузи худ дар минтақа афзоиш додаанд.
– Барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ онҳо таблиғоти фаъоли онлайнро бо забонҳои тоҷикӣ, қирғизӣ, узбекӣ, қазоқӣ оғоз кардаанд, – қайд кард ӯ.
Масъалаи мубориза бо терроризм дар фазои киберӣ аз мавзӯъҳои суҳбати иштирокчиёни конфронс буд. Созмонҳои террористӣ ба шароити нав мутобиқ мешаванд, аз фазои киберӣ, молиявӣ ва муҳоҷират фаъолона истифода мебаранд, ҷавононро тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолиятҳои экстремистӣ ҷалб мекунанд. Гуфта шуд, ки саҳми криптовалюта дар маблағгузории гурӯҳҳои экстремистӣ низ афзоиш меёбад.
Иштирокчиёни ҳамоиш таъсиси Маркази универсалии мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ барои кишварҳои узви СҲШ дар Тошкандро ҳамчун посухи амалӣ ба таҳдидҳои афзоянда тавсиф карданд. Маълум шуд, ки ташаббуси таъсиси он, ки аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дастгирӣ шудааст, дар нишасти моҳи сентябри СҲШ дар Сянсзин расман эълон гардидааст.
Қазоқистон пешниҳод намуд, ки Маркази амнияти иттилоотии СҲШ дар доираи Маркази универсалӣ таъсис дода шавад. Ғайр аз ин, таъсиси сохтори мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар Бишкек ҳамчун як бахши минтақавии маркази нав барномарезӣ шудааст.
Сюй Чуангун, муовини директори Департаменти мубориза бо терроризми Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин, даъват кард, ки ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва амният бояд идома дода шавад. Ин суръат бахшидан барои тағйирот ба ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ дар сохтори навшудаи СМЗТ-ро дар бар мегирад.
Конфронс доир ба масъалаҳои «Ҳамкории байналмилалии зиддитеррористӣ», «Таҷрибаи миллӣ дар мубориза бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм», «Мушкилоти дерадикализатсия ва ҳифзи насли ҷавон аз таъсири манфии идеологияҳои харобиовар» ва амсоли он табодули назар сурат гирифт. Ҳадафи асосӣ муборизаи беамон бо терроризм, сепаратизм ва экстремизм ё ифротгароӣ мебошад ва он муборизаи дастаҷамъонаро талаб мекунад.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».