Ходимони соҳаи тандурустӣ масъулиятро бештар эҳсос хоҳанд кард

Сарвари давлат бамаврид таъкид намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои тиббӣ бояд як бор худро ба ҷойи бемор монанд. Зеро бемор маҷбур аст аз як дар ба дари дигар, аз як ошёна ба ошёнаи дигар, аз як бино ба бинои дигар гузарад, то рентген кунад, аз УЗИ гузарад ва муоинаҳои заруриро анҷом диҳад. Ин раванди пурмашаққатро танҳо шахсе дарк мекунад, ки онро шахсан аз сар гузаронидааст.

Ман дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сӯх фаъолият мекунам. Пас аз хатми Донишкадаи тиббии Самарқанд зиёда аз чиҳил соли умри худро барои барқарор кардани саломатии мардум бахшидаам. Дар ин мақола хостам таассуроти худро аз суханронии Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд мухтасар баён кунам. Ростӣ, ҳисси ифтихорам боло гирифт, ки дар чунин кишваре кору зиндагӣ мекунам, ки роҳбаре солору бохирад дорад.

Дарвоқеъ, роҳбари давлатамон дар баробари соҳаҳои дигар доир ба беҳбуди шароити ходимони соҳаи тандурустӣ ҳарфҳои зиёд гуфт. Чунин ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳ нисбати пизишкону ҳамшираҳои шафқат хобу хаёлеро мемонад, ки назирашро натанҳо устодон, ҳатто ману ҳамкоронам надидаву нашунидаанд. Ин ҳаргиз муҳобот нест!

Президенти мамлакат аз кормандони тиб тақозо намуд, ки пеш аз ҳама барои коҳиши шумораи беморон неру, дониш ва маҳорати худро равона созанд, ба ноҳияҳои дурдаст рафта, аз вазъи саломатии мардум огоҳ шаванд ва ба онҳо кумаки тиббии саривақтӣ расонанд. Ҳатто пешниҳод карданд, ки пизишкон то як моҳ дар чунин минтақаҳо фаъолият кунанд, сабабҳои бемориҳоро биомӯзанд, роҳҳои ҳалли онҳоро пайдо намоянд ва табибони беморхонаҳои ноҳияиву клиникаҳои оилавиро барои кӯмак ҷалб созанд.

То имрӯз дар шаҳру ноҳияҳо аксаран ҳокимон, прокуророн, сардорони идораҳои дохилӣ ва намояндагони вазоратҳо қабули сайёр мегузарониданд. Вале хеле кам иттифоқ афтодааст, ки дар чунин қабули шаҳрвандон кормандони соҳаи тиб низ иштирок карда, ба саволҳои мардум посух гӯянд.

«Аз ин ба баъд қабули ҳаррӯзаи мудирони шифохонаҳои минтақавӣ ва ноҳиявӣ дар маҳаллаҳо баргузор мешаванд. Сипас бо мардум муколама сурат мегирад, мардуми мо аз ин кор розӣ мешаванд, худашон ба низоми тиббӣ баҳои объективӣ медиҳанд», гуфтани роҳбари давлат шаҳодат бар он аст, ки акнун навбати қабул ба дӯши кормандони соҳаи тандурустӣ низ хоҳад гузашт. Интизор меравад, ки минбаъд беморон аз рустоҳои дурдаст вақти зиёди худро сарф карда ба маркази ноҳия ва вилоят рафта намеоянд ва дар маҳали худ аз хидмати пизишкон баҳраманд мешаванд.

Сарвари давлат бамаврид таъкид намуданд, ки роҳбарони муассисаҳои тиббӣ бояд як бор худро ба ҷойи бемор монанд. Зеро бемор маҷбур аст аз як дар ба дари дигар, аз як ошёна ба ошёнаи дигар, аз як бино ба бинои дигар гузарад, то рентген кунад, аз УЗИ гузарад ва муоинаҳои заруриро анҷом диҳад. Ин раванди пурмашаққатро танҳо шахсе дарк мекунад, ки онро шахсан аз сар гузаронидааст.

Аз ин рӯ, Президент таъкид карданд, ки ҳар як мудир ва сартабиби муассисаҳои тиббӣ бояд ба бемор диққати ҷиддӣ диҳад, барои анҷоми фаврии муоинаву табобат шароити мусоид фароҳам орад. Чунки пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар ва камхарҷтар аст.

Дар ноҳияи мо низ, мисли дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, сартабиб бисёр вақт ба корҳои маъмурӣ ва хоҷагӣ машғул мешавад. Дар ҳоле ки вазифаи асосии ӯ бояд роҳнамоӣ ба пизишкони ҷавон, мувофиқсозии табобат ва нигоҳубини беморон бошад. Бисёр вақт сартабиб барои ҳаллу фасли мушкилоти кормандон ба маркази вилоят меравад ва аз иҷрои вазифаҳои асосии худ мемонад.

Бар асоси тартиботи нав, ки бо супориши Президенти мамлакат ҷорӣ мегардад, вазифаҳои роҳбар ва сартабиб дар тамоми муассисаҳои тиббӣ ҷудо карда мешаванд. Гуфта мешавад, ки роҳбарони муассисаҳои тиббӣ аз ҳисоби соҳибкорони дорои таҷрибаи хуби менеҷмент таъин мегарданд. Ин иқдом метавонад роҳи ҳалли бисёр масъалаҳои солҳои зиёд ҷамъшударо осон гардонад.

Президенти мамлакат изҳор доштанд, ки роҳбарони беҳтарини шуъбаҳои тандурустии минтақавӣ, клиникаҳои оилавӣ ва муассисаҳои тиббӣ, ки усулҳои нави табобатро ҷорӣ намуда, таъмини дорувориро самаранок танзим кардаанд, кормандони босалоҳиятро ҷалб кардаанд, муҳити солим ва хидматрасонии босифатро фароҳам овардаанд ва рақамикунонии пурраро ба роҳ мондаанд, бо унвони «Корманди шоистаи тибби Ӯзбекистон», ордену медалҳо ва мукофоти пулӣ ба маблағи  30 миллион сӯм қадр карда мешаванд.

Ғайр аз ин, роҳбарони шуъбаҳои тандурустии ноҳияҳо ва клиникаҳои оилавии ду ноҳияи беҳтарин барои омӯзиши менеҷмент ба кишварҳои пешрафта — ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Корея ва Туркия фиристода мешаванд.

Ҳамчунин директорони марказҳо ва мудирони он филиалҳое, ки протоколҳои клиникиро мутобиқ ба таҷрибаи пешрафта нав кардаанд, усулҳои табобати навро ҷорӣ намудаанд, ширкатҳои боэътимодро аз хориҷа ҷалб кардаанд, марказҳоро бо таҷҳизоти муосир ва лабораторияҳои замoнавӣ муҷаҳҳаз кардаанд ва содироти хидматрасониҳои тиббиро афзоиш додаанд, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз мегарданд.

Ба таъкиди Президент, ҷорӣ шудани чунин низоми кор дар поликлиникаҳо, беморхонаҳои ноҳиявӣ ва марказҳои ҷумҳуриявӣ фазои рақобатро афзоиш дода, самаранокиро баланд мебардорад. Ин раванд таҷрибаҳои мусбатро ба вуҷуд оварда, мутахассисони арзанда ба таври одилона қадрдонӣ мешаванд.

Ногуфта намонад, ки таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба масъалаи таҳсилоти олӣ  фаро гирифтани ҳамшираҳои шафқат низ басо муҳим аст. Ин иқдом дар Ӯзбекистони Нав як падидаи воқеан нек мебошад.

Ҳасанхон ҲАЛИМОВ,

духтури тоифаи олии беморхонаи марказии ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: