Дар ноҳияи Минбулоқ «Боғи модарон» ташкил гардид

Дар ноҳияи Минбулоқи вилояти Намангон дар доираи лоиҳаи «Макони сабз» чорабинии ниҳолшинонии оммавии «Боғи модарон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилояти Намангон, роҳбари садорати оила ва занону духтарон Динара Якубова, ҷонишини аввали ҳокими ноҳияи Минбулоқ Азизбек Абдусаломов, роҳбари садорати оила ва занону духтарони ноҳия Фарида Эгамбердиева, раиси «Бунёди нуроний» Мақсуда Саидмуродова ва аъзои «Ҷунбиши занони оқила» ва бонувони фаъол иштирок намуданд.

Дар ҷараёни ниҳолшинонӣ иштирокдорон бо рӯҳияи хуб барои боз ҳам сабзу хуррам сохтани ҳудуд ҳисса гузоштанд. Онҳо таъкид карданд, дарахте, ки имрӯз шинонда мешавад, барои дар оянда офаридани муҳити солими экологӣ хидмат менамояд.

Хидмати матбуоти ҳокимияти вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: