Меҳнат оварад ҳам баракат, ҳам осоиш

Бо мақсади ривоҷу равнақи шаҳрҳо ва вилоятҳо, таҳкими самаранокии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин беҳбудии сатҳи зиндагии мардум, Сарвари давлат фармону қарорҳои созанда қабул менамояд. Яке аз чунин иқдомҳои муҳим қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 7 августи соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Самарқанд то соли 2030» мебошад.

Боиси хушнудист, ки ҷамъбасти 9 моҳи соли равон ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудӣ ба 87,5 триллион сӯм расида, суръати афзоиш 107,7 фоизро ташкил дод. Қисми асосии маблағҳои буҷавӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ равона гардидааст.

Бар асоси Фармони Президент дар вилояти Самарқанд ҷиҳати густариши соҳаҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ корҳои сохтмонӣ ва лоиҳаҳои инвеститсионӣ босуръат ҷараён доранд. Имсол бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар ҳаҷми 8,5 миллиард доллар як қатор лоиҳаҳои бузург амалӣ мешаванд.

Бо ин мақсад, дар мавзеи Чимбойободи ноҳияи Пастдарғом дар тасарруфи минтақаи озоди иқтисодии Ургут  Минтақаи махсуси саноатии «Пастдарғом» ташкил гардид.

Сайёҳӣ яке аз самтҳои калидии рушди иқтисодӣ ба шумор меравад. Барои истироҳат ва фароғати меҳмонони хориҷӣ ва дохилӣ дар соҳили рӯди Дарғам, ки ҳудудҳои ноҳияҳои Ургут, Тайлоқ, Самарқанд ва Пастдарғомро мепайвандад, дар масофаи 35,7 километр инфрасохтори сайёҳӣ бунёд мешавад. Дар ин минтақа биноҳои савдо, фароғатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бо шароити мусоид сохта мешаванд. Барои ин лоиҳа 500 миллиард сӯм сармоя равона шудааст.

Тибқи нақл, мардум мегӯянд: «Нисфи умратро фурӯш, гови ҷӯшоӣ бихар; боз нисфи дигарро фурӯш, рӯшноӣ бигир». Мувофиқи ҳамин зарбулмасал, дар вилояти Самарқанд бо маблағҳои Бонки тараққиёти Абу Дабӣ сохтмони нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ оғоз ёфт.

Дар шаҳру ноҳияҳо трансформаторҳои кӯҳна таъмиру иваз ва таҷҳизоти иловагӣ насб карда шуданд. Ин ҳама бо назардошти он аст, ки дар фасли зимистон талаботи мардум ба нерӯи барқ афзоиш меёбад.

— Иҷрокунандаи вазифаи ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев одати хубе доранд, мегӯяд сардори шӯъбаи таъминоти барқи ноҳияи Самарқанд Асқар Тоҳиров,  — ногаҳонӣ ба идораҳо меоянд ва аз омодагии онҳо ба зимистонгузаронӣ шинос мешаванд. Вақте ба корхонаи мо ташриф оварданд, чанд мушкили ҷиддӣ арзи вуҷуд дошт, ки бо дахолати эшон ҳал карда шуд.

Дар тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Самарқанд  632 ҳазор тонна картошка, 1,4 миллион тонна сабзавот, 112,9 ҳазор тонна маҳсулоти полизӣ,  567,2 ҳазор тонна ангур,  245 ҳазор тонна гӯшт,  1,1 миллион тонна шир,  1,2 миллиард дона тухм истеҳсол шудааст. Ҳамаи ин дар муқоиса бо соли гузашта 10–12 фоиз зиёд мебошад.

Соли ҷорӣ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят корҳои муҳим анҷом дода шуданд. То имрӯз дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёт 204 лоиҳа амалӣ гардида, беш аз 1 миллиард доллар сармоягузории хориҷӣ аз худ карда шудааст.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: