Вақт – ганҷи бебаҳо

Вақт аз азизтарин неъматҳои ҳаёти инсон аст, он мисли оби равон чун гузашт, дигар барнамегардад.

Аз ин ҷост, ки вақтро ганҷи бебаҳо мегӯянд. Оре, ҳар як лаҳзаи умри инсон арзиш дорад, нафаре, ки вақти худро беҳуда намегузаронад, яъне онро барои омӯзиш, меҳнат ва корҳои нек истифода мебарад, дар зиндагӣ доимо муваффақ мегардад.

Вақтро на бо сухан, балки бо кор бояд қадр кард.

Донишмандон, олимон ва адибон ба қадри вақт мерасанд, зеро медонанд, ки ҳар як сонияи он метавонад роҳ ба сӯйи комёбӣ бошад, бинобар ин вақти худро беҳуда намегузаронанд. Мо, ҷавонони толиби илму дониш низ бояд ба қадри вақт бирасем, аз он дуруст истифода бубарем, фурсати худро асосан барои таҳсил, омӯзиш, кумак ба дигарон ва фароғати солим сарф кунем. Агар ҳар як инсон ба қадри вақти худ бирасад, зиндагии на фақат худаш, балки ҷомеаро низ беҳтар месозад.

Биёед қадри ҳар рӯзи умри худро бидонем, онро беҳуда нагузаронем ва аз ҳар сонияи вай баҳра бубарем.

Зулола Некмуродова,

донишҷӯи соли чаҳоруми шуъбаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: