Моҳи ноябри соли 1965 дар оилаи сокини деҳаи Навободи ноҳияи Деҳқонобод – Элмуроди омӯзгор писари сеюм ба дунё омад. Садои гиряи ӯ дар деҳа танин меандохту дар лабони аҳли деҳа гули табассум мешукуфт.
Мардуми мо, ҳангоми ба фарзандон ном гузоштан, номеро интихоб менамоянд, ки зебову пурмаънӣ бошад. Пири деҳа ба писари сеюми амаки Элмурод номи Неъматро, ки вожаи арабӣ буда, дар фарҳангҳо ба се маънӣ: 1. ризқу рӯзӣ. 2. бахшоиш, каромат, лутф, эҳсон. 3. осоиш, фароғат, осудаҳолӣ... омадааст, сазовор донист. Гуфт: «Бигузор, ин се маънӣ дар номи навзод таҷассум ёфта бошад».
Бояд ёдрас намоем, ки солҳои охир сатҳи худшиносии тоҷикон дар мавриди номгузорӣ ба фарзандон як андак боло рафтааст. Ба фарзандон номҳоеро интихоб менамоянд, ки зебову хушоҳанг ва сирф тоҷикианд. Инро мо вақте ба сари номҳое, ки Неъмат ба фарзандони худ гузоштааст, меоем, рӯшан дарк мекунем...
Вақте Неъмат ҳафтсола шуд, шодии падару модар интиҳо надошт. Охир, ӯ низ мисли бародаронаш Шомаҳмад ва Менглинор по ба остонаи мактаб хоҳад гузошт.
Амаки Элмурод ба таълиму тарбияи писари сеюм низ рӯйи эътибор гардонд. Саъй бинмуд, ки асосҳои фанро аз худ намояд, фазилатҳои инсонӣ дар ӯ таҷассум ёфта бошанд.
Неъмат ҳанӯз овони мактабхонӣ орзу мекард, ки мисли падараш омӯзгор бошад. Ахлоқи ҳамида, дониши фарох ва шиму костюми утузадаи падар барояш ҳавасангез буд. Ин орзу, ӯро баъди хатми мактаби таълими ҳамагонӣ, ба даргоҳи факултаи забон ва адабиёти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Ба қавле, бахт ба рӯяш хандиду донишҷӯ гардид...
– Дар тӯли таҳсил дар донишгоҳ аз омӯзгорони зиёде таълим гирифтам, – мегӯяд Неъмат китоби хотираҳояшро варақ зада. – Сабақҳои устодон Воҳид Аҳрорӣ, Иброҳим Усмонов, Асадулло Саъдулоев, Пайванди Гулмурод ва дигаронро ҳеч фаромӯш намекунам. Онҳо ба мо асрори рӯзноманигорӣ омӯхтанд. Овони донишҷӯйӣ хабару мақолаҳои мо зери таҳрири устодони зиндаёд дар рӯзномаву маҷаллаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Машъал», «Коммунист Таджикистана», «Комсомолец Таджикистана» рӯйи чопро медиданд. Ду соли хидмат дар сафи артиш бароям дарси зиндагӣ буд, ҷаҳон дидам, забон омӯхтам...
Неъмат, баъди хатми донишгоҳ, бино ба даъвати роҳбарияти ноҳияи Деҳқонобод дар рӯзномаи «Деҳқонобод овози» ба кор шурӯъ кард. Бо саъю талошҳои ӯ саҳифаҳои тоҷикии рӯзнома пуробурангтар гардиданд, теъдоди муштариён ва мухбирони ҷамъиятӣ зиёд шуд. Дар ин фосила Неъмат Эшқувватов бо рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») низ ҳамкориро ба роҳ монд. Хабару мақолаҳояш дар саҳифаҳои ин рӯзнома акси садо пайдо карданд. Ӯ дар тӯли солҳои масъули саҳифаи тоҷикии рӯзномаи «Деҳқонобод овози» будан, бисёр ҷавонони эҷодкорро кашф намуд.
Дертар, Неъматро (1990) бо назардошти фаъолияти эҷодиаш маъмурияти рӯзномаи ҷумҳуриявии «Ҳақиқати Ӯзбекистон» мухбири махсуси худ дар вилоятҳои Қашқадарёю Сурхондарё таъин намуд.
– Он солҳо, – гуфт мусоҳибам, – дар вилоятҳо таъсири рӯзномаҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ эҳсосшаванда буд. Матолиби танқидии дар матбуот чопшуда мавриди муҳокима қарор мегирифт, нуқсонҳо сари вақт бартараф карда мешуданд...
Соли 1990 доир ба хоҷагии навташкили «Тоҷикистон» дар саҳрои Қаршӣ мақолаи танқидии камина дар рӯзнома чоп шуд. Одамон дар хандақу шипангҳо ба сар мебурданд. Шароит сангин...
Мақола дар маҷлиси ҳукумат филфавр мавриди муҳокима қарор гирифту шаҳраки нав дар оғӯши саҳро қомат рост кард...
Роҳи тайкардаи ходимони рӯзномаи «Овози тоҷик», устодони зиндаёд Шавкат Ниёзов, Муҳсин Умарзода, Авнер Исҳоқбоев, Тоҳир Олимбоев, Ҷонибек Қувноқ, Юсуфалӣ Мирзоев, Эҳсон Турдиқулов ва дар қайди ҳаёт будагон: Муайяна Хоҷаева, Маъруф Отахонзода, Каримҷон Муҳиддинов, Истад Қосимзода, Бекназар Тӯйназаров, Паймон, Матлуба Шоалиева, Тоҷибой Икромов, Шерпӯлод Вакилов бароям дарси ибрат буду ҳаст.
Дертар бо тақозои шароити зиндагӣ Неъмат дар рӯзномаи ноҳиявии «Деқонобод овози» ба сифати мудири бахши тоҷикӣ ба кор пардохт. Вале ҳамкориро бо рӯзномаи «Овози тоҷик» идома дод. Хабару мақола, гузориш ва лавҳаю очеркҳояш аз ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии вилояти Қашқадарё муттасил чоп мешуданд.
Соли 1999 ӯ роҳбари бахши назорат ва андозаҳои таълими давлатии шуъбаи таълими халқи ноҳияи Баҳористони вилояти Қашқадарё таъин гардид. Солҳои 2003-2006 мутахассиси пешбари бахши стандартҳои таълими давлатии ноҳияи Миришкор буд. Бо назардошти донишу малака ва қобилият соли 2006 шуъбаи таълими ноҳияи мазкур ӯро директори мактаби рақами 18-ум таъин намуд. Дар як вақт аз забон ва адабиёти тоҷик ба насли ҷавон дарс гуфт.
Дар тӯли солҳои роҳбарии ӯ мактаб бо таҷҳизоти замонавии таълим ҷиҳозонида шуд, хонандагон дар зинаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявии озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.
Ба сифати омӯзгори забон ва адабиёт ӯ амиқ дарк намуд, ки забон калиди дари ҳамаи фанҳост.
– Шоире барҳақ фармудааст:
То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,
Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед...
– гуфт ӯ ба идомаи суханаш. – Овони мактабхонии мо дар мактабҳо ҳамаи шиору деворовезаҳо ба забонҳои миллӣ буданд. Пештоқи толору роҳрави мактабҳои таълими ҳамагониро байтҳои панду ҳикматомези шоирони классики форс-тоҷик оро медоданд. Оре, барои аз худ намудани асоси фанҳо дунёи насли наврасро бояд тоҷикӣ бунёд кард...
Неъмат дар тӯли фаъолият дар мактаб ба сифати таълим ва забони шиору овезаҳо эътибори ҷиддӣ дод. Дар маҷлисҳо аз омӯзгорони фанҳо талаб мекард, ки дар доираи забони адабӣ дарс гӯянд. Зеро, бино ба фикри ӯ, ба забони адабӣ дарс додани онҳо сатҳи забондонии насли ҷавонро боло мебардошт. Сатҳи забондонии насли ҷавон ҳар қадар боло равад, асоси фанҳоро ба он андоза амиқ дарк менамояд. Охир матлаб дар ҳамаи фанҳо тавассути забон баён карда мешавад...
Даргузашти падар барои Неъмат ва пайвандонаш дарднок буд. Имрӯзҳо модари 90-солааш – холаи Зумрад дуогӯйи фарзандону пайвандонанд.
Дар боло ёдрас намудем, ки Неъмат ва ҳамсари вафодори ӯ Холбибӣ ба ду писар ва духтари худ номҳои зебо ва пурмаънои тоҷикиро интихоб намудаанд. Писари калонӣ Ҷамшед, хурдӣ Самандар ва духтарашон Нигина ном дорад. Баҳ-баҳ, чӣ номҳои зебо, хушоҳанг ва пурмаъно!
Номҳои арабию туркӣ ба мисли Абдуллоҳ, Муҳаммад, Қутбиддин, Муҳриддин, Камолиддин, Ҳоҷӣ, Эшқувват, Ортиқ, Болтабой, Ойсулу, Қирғизбойу Қазоқбой номҳоеанд, ки дар тӯли қарнҳо ҳисори номгузории тоҷикиро «рахна» кардаанд. Онҳо метавонистанд яке аз ин номҳоро интихоб намоянд. Вале ин корро накарданд. Шояд бо ба фарзандон додани номи Рустаму Хиромон онҳоро ҷаҳонпаҳлавону хиромон насозад. Вале ҳоло замони ба асолати худ баргаштан ва рӯйи эътибор гардондан ба номгузории миллӣ фаро расидааст... Инҷониб бар онам, ки ақвоми дунё, аз ҷумла тоҷикон, сарфи назар аз он, ки дар кадом гӯшаи замин умр ба сар мебаранд, бояд дар байни қавмҳои дигар гум нашаванд, асолат ва ҳуввияти худро нигоҳ доранд.
Фарзандони бобои Неъмату холаи Холбибӣ дар ҷабҳаҳои гуногун кор мекунанд. Рӯзҳои истироҳат хонаашон аз садои набераҳо пур мешавад. Садои онҳо ба дили ҳар ду як ҷаҳон сурур мебахшад, ки муҷиби шукргузориҳост.
Ногуфта намонад, Неъмат имрӯзҳо дар ҳалқаи пайвандон 60-умин солгарди зодрӯзи худро ҷашн мегирад. Ба ин муносибат кормандони рӯзномаи «Овози тоҷик» низ ходими собиқи худро самимона табрик мегӯянд:
Муборак, рӯзи милодат муборак,
Ба дасти доя фарёдат муборак.
На ҳар кас зода шуд аз модари хеш,
Ки ин бахти худододат муборак.
А. СУБҲОНОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».