Аз андоза бартар манеҳ пойи хеш...

Одати зараровари дигар, ки ҳанӯз дар тӯйҳои миллӣ ҷой доранд, либоспӯшонӣ аст. Ҳам ҷониби домод ва ҳам тарафи арӯс бо қонуни нонавишта вазифадоранд ба қудо ва хешу табори онҳо либос пӯшонанд.

 

 

Хонаи обод хоҳӣ, сарфа кун,

Рӯзгори шод хоҳӣ, сарфа кун.

(Гурез Сафар)

Табиист, ки ташкили оилаи навро бе тӯю хурсандӣ, бе суруду мусиқӣ, бе иштироки хешу ақрабо ва  меҳмонии ёру дӯстон тасаввур карда намешавад. Аммо баъзан тӯй на фақат ба базми хурсандӣ, балки ба маъракаи пурташвиш табдил меёбад. Исрофкориҳои нодаркору беҷо, ки аз ин хусус дар мамлакат бисёр мегӯянд, вале барои пешгирии он иқдоми ҷидди нест, гоҳо соҳибтӯёнро ба баҳри қарз ғӯтавар месозанд ва солҳо сарф мешаванд то аз ин варта халос шаванд.

Пас аз мутолиаи мақолаи Муаттар Абдуева «Тӯйи якрӯза боиси ғавғои садрӯза нашавад!» («Овози тоҷик», 5 ноябри соли 2025) хостам чанд андешаи худро баён намоям.

Барои баъзе оилаҳо, ки даромади муфт доранд, тӯй ба як навъ воситаи худнамоию намоиши сарватмандиву дороӣ табдил ёфтааст.

Одатан волидайни домод ба фарзандашон анҷоми рӯзгор харида, хонаи ӯро ба қабули арӯс омода месозанд. Баъзан мешавад, ки ба анҷоми арӯс дар ҳуҷра ҷой намемонад.

Чизи дигаре, ки ҷониби домодро ба ташвиш меорад, фармоиши (бори) тӯёна мебошад. Ин бор гову гӯсфанд, орду биринҷ, равғану қандалот, меваю нӯшокӣ ва либосвории арӯсро дар бар мегирад. Барои арӯс ба миқдоре либос фармуда мешавад, ки гумон мекунӣ то охири умр маҳз онҳоро мепӯшида бошад. Аз ин сабаб оилаҳое, ки фарзанди зиёд доранд, маҷбуранд солҳои дароз аз ризқи фарзандони худ зада, барои тӯй пул захира кунанд. Хуб мешуд, ки волидайни арӯс пеш аз фармудани бори тӯй дар бораи ҳаёти ояндаи фарзанди худ андешанд.

Одати зараровари дигар, ки ҳанӯз дар тӯйҳои миллӣ ҷой доранд,  либоспӯшонӣ аст. Ҳам ҷониби домод ва ҳам тарафи арӯс бо қонуни нонавишта вазифадоранд ба қудо  ва хешу табори онҳо либос пӯшонанд. Ғайр аз ин ба меҳмонҳое, ки бо туҳфае ба тӯй меоянд, бояд либос пӯшонда шавад. Хуб мешуд бо сарварии ҷамоати шаҳрвандони маҳалла бо маслиҳати аҳолӣ аз ин одат даст кашанд.

Маросими пурхарҷи дигаре, ки солҳои охир авҷ гарифтааст, ин баъди аз қайди никоҳ гузаштани навхонадорон ҳатман ташкил кардани зиёфат дар тарабхона мебошад. Дар он ҷавонписарону духтароне иштирок менамоянд, ки дар маросими қайди никоҳ ҳузур доштанд. Шумораи онҳо вақтҳои охир ба 30-40 нафар расида, маблағи зиёде харҷ мегардад.

Ғайр аз ин, дар арӯсӣ домод ҳамроҳи рафиқонаш мошинҳоро омода мекунад. Гоҳе кирояи чандин мошини сабукрав боиси зарари бузурги молиявии соҳибтӯйҳо мегардад ва бар илова хавфи садама зимни ҳаракат ба вуҷуд меояд.

Афсӯс, ки дигарон ба онҳо тақлид мекунанд, ки аз хирад нест. Тавре Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:

Аз андоза бартар манеҳ пойи хеш,

Хирадро нигаҳ дор дар ҷойи хеш.

Оре, ҳар кор, аз ҷумла тӯй андоза дорад, сарфу хароҷоти беҳударо дар ягон замон тавсиф накардаанд.

Собир Эргашев,

омӯзгори собиқадор аз ноҳияи Фориш.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: