Мулоқоти ошкоро ва боэътимоди роҳбарони давлатҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон барои амиқтар ва мустаҳкам гардидани шарикии стратегӣ, инчунин бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардондани муносибатҳои дуҷониба хидмат мекунад.
Дар ин бора зимни мулоқоти Раиси Сенати Ӯзбекистон Танзила Норбоева бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдужаббор Раҳмонзода таъкид гардид.
Дар рафти мулоқот вазъи кунунии ҳамкориҳо миёни ду мамлакат баррасӣ гардид. Динамикаи мусбати ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо-иқтисодӣ, нақлиёт, энергетика, таълим ва фарҳангию гуманитарӣ қайд карда шуд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Фаъол гардидани робитаҳо дар доираи муколамаи бонувони пешсафи Осиёи Марказӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар ин самт муҳокима гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ба сафир, ки фаъолияти дипломатии худро дар Ӯзбекистон анҷом медиҳад, барои ҳамкориҳои созанда изҳори сипос намуд.
Норгул АБДУРАИМОВА,
мухбири ӮзА.