Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид

  • Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид
  • Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид
  • Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид
  • Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид
  • Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид
  • Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид
  • Хатти нави роҳи оҳан ба рушд ва фаровонии иқтисодии Ургут суръати пурзӯр хоҳад бахшид

Президент Шавкат Мирзиёев бо ҷараёни корҳое, ки дар хатти нави роҳи оҳани “Самарқанд – Ургут” идома доранд, шинос шуд.

Сохтмони ин хатти роҳи оҳан моҳи феврали соли ҷорӣ оғоз ёфта, дарозии умумии он 55 километрро ташкил медиҳад. Дар доираи лоиҳа ду вокзал, дар Минтақаи иқтисодии “Ургут” ду истгоҳи боркашонӣ ва як қатор пулҳо бунёд гардиданд. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар оянда пурра барқӣ кардани ин хат ба нақша гирифта шудааст.

Хатти нави роҳ имкони ҳаракати ду ҷуфт қатораи байнишаҳрӣ ва нӯҳ ҷуфт қатораи боркашонро фароҳам меорад. То охири сол анҷом додани лоиҳа пешбинӣ шудааст. Тавассути ба роҳ мондани ҳаракати қатораҳо имкони ҳамасола интиқол додани 359 ҳазор мусофир ва 8,2 миллион тонна бор фароҳам мегардад.

Ин самт барои аҳолии шаҳри Самарқанд, ноҳияҳои Ҷомбой, Пастдарғам, Тайлоқ ва Ургут бо он муҳим аст, ки ба онҳо хидмати нақлиёти бехатар ва замонавиро пешниҳод мекунад. Инчунин, ба рушди туризми дохилӣ низ такони бузург медиҳад.

Инфрасохтори роҳи оҳан яке аз шабакаҳои асосии иқтисодиёт буда, ин лоиҳа барои боз ҳам афзун намуани имкониятҳои Минтақаи озоди иқтисодии “Ургут” мусоидат мекунад. Дар натиҷаи мавриди амал қарор гирифтани самти нав 130 ҷои нави корӣ таъсис меёбад.

Сарвари давлат ҳамроҳ бо намояндагони ҷамъиятӣ бо қатора дар самти нав ба Ургут рафт.

Дар ҷараёни сафар Президент ба масъулон оид ба рушди инфрасохтори роҳи оҳан, боз ҳам беҳтар кардани шароит барои мусофирон, барқӣ намудани роҳҳои оҳан ва обод кардани ҳудудҳои ҳамшафати онҳо супоришҳои иловагӣ дод. Ҳамчунин ба корҳои сохтмонӣ ва ободонӣ, ки дар канори роҳ амалӣ мешаванд, эътибор дод.

Таъкид гардид, ки ноҳияи Ургут ҳамчун минтақаи дорои имкониятҳои бузург мавқеи муҳим пайдо мекунад. Мардуми ин ҷо кордон ва дорои руҳи қавии соҳибкорӣ мебошанд. Дар рушди чунин минтақаҳо, ки барои иқтисодиёти мамлакат аҳамияти стратегӣ доранд, логистика ва инфрасохтори замонавӣ омили ҳалкунанда ба шумор мераванд.

Баробари ба кор даромадани хатти нави роҳи оҳан монеаҳо ва «тромб»-ҳои логистӣ, ки рушди иқтисодии Ургутро маҳдуд мекарданд, аз байн мераванд. Боркашонӣ суръат мегирад, маҳсулот ба бозорҳо арзонтар ва сари вақт расонида мешавад, барои сармоягузорон имкониятҳои бештар фароҳам гардида, иқтидори рақобатпазирии минтақа меафзояд.

Муҳимтар аз ҳама, имкониятҳои наве, ки дар минтақа эҷод мешаванд, ба сатҳи зиндагии аҳолӣ низ таъсири мустақими мусбат мерасонад. Дар ҷойҳое, ки инфрасохтор рушд кардааст, ҷойҳои корӣ зиёд мешавад, хизматрасониҳо беҳтар мегарданд, фаъолияти соҳибкорӣ фаъолтар мешавад.

Зикр гардид, ки ин лоиҳа қисми муҳими корҳо бобати таҷдид ва густариши шабакаи роҳи оҳан мебошад. Дар ин раванд зарурати саривақтӣ ва босифат анҷом додани корҳо, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ, инчунин оптимизатсияи хароҷот ёдовар карда шуд.

Роҳбари давлат дар ҷараёни суҳбат зимни сафар таъкид намуд, ки акси мусбати тағйироти иҷтимоию иқтисодӣ, ки дар Самарқанд рух медиҳанд, дар ҳаёти одамон ифодаи худро меёбад. Ҳамчунин дар бораи тарбияи ҷавонон дар руҳи ватандӯстӣ, ҳамчун бунёдкорони “Ӯзбекистони Нав” ҳарф зад. Зарурияти азхуд кардани заминҳои канори роҳи оҳан, ки то Ургут кашида шуд, баланд бардоштани маданияти кишоварзӣ дар онҳо, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таълим, аз ҷумла, бо кишварҳои ҳамсоя қайд гардид.

Вокзали Ургут яке аз нуқтаҳои асосии самти нав мебошад. Президент ба масъалаҳои инфрасохтори вокзал, низоми хидматрасонӣ ва ташкили ҳаракати мусофирон диққат дод. Аҳамияти беҳтарсозии шароит барои сайёҳон таъкид карда шуд.

Сарвари давлат дар ин ҷо бо фаъолони ноҳияи Ургут мулоқоти самимӣ анҷом дод. Дар суҳбат роҷеъ ба тағйироти минтақаҳо, тарзи зисти аҳолӣ ва қадри осудагӣ мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки беҳтар кардани шароити зисти мардум, афзунсозии даромад ва фаровонӣ, обод кардани маҳаллаҳо ҳамчун самти афзалиятнок дар сиёсати давлатӣ муайян мегардад. Дар натиҷаи тағйироти сохтории иқтисодӣ, дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, туризм, нақлиёт ва энергетика лоиҳаҳои бузург татбиқ мешаванд.

Пиронсолон зикр карданд, ки ин тағйирот дар ҳаёти мардум натиҷаҳои назаррас дода, халқ ба ислоҳот баҳои баланд медиҳанд.

Инчунин, Президент бо муаррифии лоиҳаҳои иловагӣ, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар атрофи вокзал ва ҷозибияти иқтисодии минтақа пешбинӣ шудаанд, шинос шуд. Дар асоси ташаббуси соҳибкорон дар минтақаҳои наздик бунёди автовокзал, чойхонаи миллӣ, экобозор, биноҳои истиқоматӣ, мактаби хусусӣ ва кӯдакистонҳо ба нақша гирифта шудааст.

Дар натиҷаи татбиқи ин чорабиниҳо барои аҳолӣ намудҳои нави хидматҳо расонида мешавад, инфрасохтори иҷтимоии минтақа беҳтар мегардад, муҳити соҳибкорӣ боз ҳам инкишоф меёбад. Муҳимтар аз ҳама, қариб 350 нафар шаҳрванд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, барои рушди иқтисодии минтақа такони иловагӣ мебахшад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: