25 ноябр сессияи ғайринавбатии Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд баргузор гардид. Дар он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок намуд.
Сарвари давлат дар оғози сухани худ иброз кард, ки аз мулоқот бо аҳли вилоят хушнуд аст ва ба дастоварду имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда таваққуф намуд.
– Ин сарзамини бузург, ки дар худ таъриху арзишҳои чандҳазорсоларо таҷассум кардааст ва дар заминаи анъанаҳои меъмории муосир рӯз то рӯз зеботар мегардад, мавқеи худро дар тамаддуни ҷаҳон торафт мустаҳкамтар менамояд, – гуфт Президент.
Бахусус, бунёди маҷмааи “Шаҳри абадӣ”, обод гардидани беш аз 40 зиёратгоҳи муқаддас, аз нав сохта шудани Фурудгоҳи байналмилалии “Самарқанд”, ба фаъолият шурӯъ кардани даҳҳо меҳмонхонаи бренди байналмилалӣ иқтидори сайёҳии вилоятро ба марҳилаи нав баровард.
Самарқанд дар солҳои охир ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, сайёҳӣ ва тиҷорӣ, майдони мулоқот барои чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ, форум ва ҳамоишҳо табдил ёфт.
Танҳо дар соли ҷорӣ дар ин ҷо баргузор гардидани беш аз 40 ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ, бахусус, чанде пеш доир гардидани сессияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар ҳақиқат, воқеаи таърихӣ гардид.
Умуман, ба туфайли ҷалби 1 миллиард доллар сармоя ба сайёҳӣ ва соҳаҳои ҳамонанд, раванди ташрифи сайёҳон ба вилоят нисбат ба соли 2016 ҳафт баробар афзуд, содироти хидматрасониҳои сайёҳӣ ба 600 миллион доллар расид.
Имрӯз вилоят на танҳо бо иқтидори бузурги сайёҳӣ, балки дар самтҳои саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ низ ба як минтақаи ҷолиб барои сармоягузорон ва соҳибкорон табдил ёфтааст.
Дар ҳашт соли охир ба вилоят 12 миллиард доллар сармоя ҷалб шуд, 600 ҳазор ҷойи доимии корӣ таъсис ёфт, шумораи соҳибкорон ду баробар афзуд.
Теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ 1,5 баробар, ҳаҷми саноат 1,7 баробар зиёд шуд. Шумораи корхонаҳое, ки гардиши солонаашон аз 100 миллиард сӯм зиёд аст, ба 81 адад расид. Аз 55 давлат сармоягузорони хориҷӣ фаъолиятро оғоз карданд, шумораи корхонаҳо бо иштироки сармояи хориҷӣ ба 700-то наздик шуд.
Хидматрасонӣ солона ба ҳисоби миёна 15 фоиз меафзояд, имсол ҳаҷми сервис ба 75 триллион сӯм хоҳад расид.
Инчунин, дар соли 2024 ва 10 моҳи соли ҷорӣ 15 миллион метри мураббаъ хонаву ҷой ва иншооти тиҷоратӣ бунёд шуд. Бинокорони Самарқанд дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳар сол 4,5 миллион метри мураббаъ бинову иншоот месозанд.
Маҳсулоти умумии дохилии вилоят соли 2016 ҷамъ 23 триллион сӯмро ташкил карда бошад, имсол ба 120 триллион хоҳад расид.
Мардум бар он назаранд, ки ба туфайли корҳои дар вилоят анҷомшуда, дар сатҳи ҳаёти хонаводаҳо тағйироти бузурги мусбат ба вуҷуд омадааст.
Масалан, дар даври гузашта ба маблағи 2 триллион сӯм 3 200 километр шабакаи оби нӯшокӣ ва партовоб сохта шуд.
– Бо як сухан, мо тавонистем Самарқандро ҳам барои аҳолӣ ва соҳибкорон ва ҳам барои сайёҳону сармоягузорон ба минтақаи ҷолиб табдил диҳем, – гуфт Президент.
Дар Ургут, ки дар байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ аҳолии аз ҳама зиёд дорад, зиёда аз 600 ҳазор нафар истиқомат мекунанд.
– Ноҳияи Ургут солҳо ин ҷониб дар соҳаи кишоварзии вилоят пешсаф аст. Дар заминҳои холӣ ва санглох Минтақаи озоди иқтисодии Ургутро таъсис додем, дар натиҷаи ба кор даромадани 74 лоиҳа ба маблағи 860 миллион доллар, Ургут ба минтақаи саноатӣ табдил ёфт, – гуфт роҳбари давлат.
Рушди саноат ба савдо ва хидматрасонӣ низ такони ҷиддӣ бахшид. Ҳоло Ургут дар саноати вилоят дар мақоми 3-юм ва дар соҳаи хидматрасонӣ ҷойи 4-ум қарор дорад.
Имрӯз дар Ургут боз як рӯйдоди таърихӣ ба амал омад – хати нави роҳи оҳан ба дарозии 55 километр ба истифода супорида шуд. Корҳои барқикунонии ин шабака то соли оянда пурра анҷом дода мешаванд. Ин пеш аз ҳама барои аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад ва ҳамзамон, барои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ дари имкониятҳои навро мекушояд.
Зикр гардид, ки сокинони минтақа дер боз ҳалли масъалаҳои марбут ба манзил, канализатсия, оби нӯшокӣ, мактаб, кӯдакистон, беморхона ва инфрасохтори тиҷоратиро интизор буданд. Аз ин рӯ, Президент қарори алоҳида дар бораи ворид кардани рӯҳияи “Ӯзбекистони Нав” ба маркази Ургут ва ба яке аз шаҳрҳои зебо ва замонавии кишвар табдил додани онро имзо намуд.
Эълон шуд, ки аз минтақаи ҳамшафати мавзеи “Ӯзбекистони Нав”, воқеъ дар маҳаллаи Қуйи Камангарон 90 гектар замини иловагӣ ҷудо шуда, дар асоси урбанистикаи муосир экошаҳри замонавӣ барои 100 ҳазор нафар аҳолӣ сохта мешавад.
Барои сохтмони роҳ, об, партовоб, барқ, мактаб, боғча, беморхона ва дигар иншооти инфрасохтор, инчунин лоиҳаҳои соҳибкорӣ 50 миллион доллар ҷудо карда мешавад.
Дар 3 гектар майдони шаҳри нав барои 35 ташкилоти ноҳия маркази ягонаи маъмурӣ бунёд мегардад. Биноҳои холишудаи онҳо бошад, барои тиҷорат ба бахши хусусӣ пешниҳод карда мешаванд.
Боз як навид – 17,5 ҳазор гектар замин аз ноҳияҳои Оқдарё, Пайариқ, Пастдарғам, Тайлоқ ва Самарқанд ба шаҳри Самарқанд ҳамроҳ карда мешавад. Аз ин ҳисоб, аҳолии шаҳр аз 604 ҳазор ба 882 ҳазор нафар меафзояд.
Аз ин рӯ, барои қонеъ кардани талабот ба манзили замонавӣ дар шаҳри Самарқанд, ки рӯз то рӯз аҳолӣ ва даромадаш зиёд мешавад, 3 мавзеи бузург интихоб гардид. Аз ҷумла, дар мавзеи “Ширин” барои 180 ҳазор, дар ҳудуди “Темир йўл орти” барои 100 ҳазор ва дар мавзеи “Қорасув-2” барои 30 ҳазор нафар аҳолӣ зиёда аз 700 бинои истиқоматии замонавии баландошёна сохта мешаванд.
Дар ин ҷойҳо мактаб, кӯдакистон, донишгоҳ, беморхона, марказҳои муосири тиҷорату хидматрасонӣ, меҳмонхона ва ресторан, марказҳои фароғатӣ низ бунёд мегарданд. Бо сармоягузорони испанӣ дар асоси шарикии хусусӣ низоми канализатсияи ин се мавзеъ нав карда мешавад.
Бо мақсади кам кардани ҳаракати нақлиёти боркаш дар шаҳр, дар канори шоҳроҳ, ки аз ноҳияҳои Оқдарё, Тайлоқ ва Самарқанд мегузарад, 4 маркази логистикӣ сохта мешавад.
Роҳбари давлат дар мисоли Ургут имкониятҳоро таҳлил карда, барои соли оянда дар назди вазирон ва ҳокимон вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилояти Самарқанд масъалаи ташкилӣ низ баррасӣ шуд.
– Мо барои арҷгузорӣ ба қадри инсон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ тавассути рушди устувори иқтисодиёт дар мамлакат, ҳадаф ва нақшаҳои бузург дорем. Барои ташкили ин корҳо ба вилоят роҳбари боиқтидоре лозим аст, ки ба таври замонавӣ фикр намояд, мушкилотро бонизом таҳлил карда, роҳи ҳалли инноватсионии онро дарёбад, – гуфт роҳбари давлат.
Президент ба мақоми ҳокими вилояти Самарқанд номзади Адиз Бобоевро, ки иҷрокунандаи вазифаи ҳоким буд, тавсия намуд.
Пас аз шунидани андешаҳои фаъолони вилоят дар бораи номзад, масъалаи таъини ҳокими вилоят ба овоз гузошта шуд. Тибқи натиҷаҳои овоздиҳӣ Адиз Бобоев ҳамчун ҳокими вилоят тасдиқ гардид.
Президенти кишвар ба ҳокими нав таъкид намуд, ки ӯ бояд дар масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, зиёд намудани ҳаҷми сармоягузорӣ ва содирот, паст кардани арзиши аслӣ ва афзунсозии самаранокии энергетикӣ Самарқандро ба минтақаи намунавӣ табдил диҳад.
Дар поёни ҷамъомад роҳбари давлат ҳисобот ва нақшаҳои масъулонро шунид.